Идомаи умури бозсозӣ дар тунели “Истиқлол”
Image copyrightBBC World ServiceВаъияти роҳ дар дохили тунели "Истиқлол", ки марказ ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ 50-60 дарсад беҳбуд ёфтааст.
Ин хабарро масъулони Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон таъйид карданд ва афзуданд, ки умури бозсозӣ дар ду баст дар дохили ин тунел ба сурати шабонарӯзӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Ширкати тавсеъа ва манобеъи обу нерӯи Эрон ба умури бозсозӣ дар тунели "Истиқлол" ҷалб шудааст. Як манбаъ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ин хабарро таъйид, вале аз ироъаи ҷузъиёти он худдорӣ кард.
Манобеъи наздик ба ин сафоратхона хабар доданд, ки ширкати тавсеъа ва манобеъи обу нерӯи Эрон, ки ба вазорати нерӯи Эрон вобаста аст, ба манзури назорат бар харҷи маболиғи будҷеи Эрон дар тарҳи тунели “Истиқлол” ба ин тарҳ пайвастааст.
Абдулмаҷид Шарифов, мудири идораи таъсисоти дар ҳоли эҳдоси Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон, гуфт, ки дар пайи таҷдиди сохтори ширкати “Собир”, масъули аслии иҷрои тарҳи “Истиқлол”, Ширкати тавсеъа ва манобеъи обу нерӯи Эрон аз ҳаққи назорат бар кори он бархурдор шудааст.
Шоҳидони айнӣ, ки аз тунели “Истиқлол” убур кардаанд, мегӯянд, ки вазъи ҷоддаи дохили тунел дар муқоиса бо солҳои қаблӣ беҳтар шуда, вале мушкилоте назири набуди рӯшанӣ ва системи тасфияи ҳаво ва вуҷуди об дар рӯйи ҷодда ҳамчунон ба чашм мерасад.
Сохтмони тунели “Истиқлол” дар оғози даҳаи 2000 шурӯъ шуд. Дар соли 2003 давлати Эрон барои анҷоми умури сохтмонӣ дар ин тунел 31 милюн дулор ихтисос дод ва ширкати эронии “Собир” масъули анҷоми ин тарҳ шуд.
Ҳарчанд дар соли 2005 ин тунел расман ифтитоҳ шуд, вале умури сохтмонӣ нотамом боқӣ монд. Вуҷуди оби зиёд ва набуди рӯшанӣ дар тунел аз мушкилоти аслӣ маҳсуб мешуд.
Давлати Тоҷикистон борҳо изҳор дошт, ки агар ҷониби Эрон аз анҷоми ин тарҳ канорҷӯйӣ кунад, пас ҷониби Тоҷикистон аз имкони батанҳоӣ анҷом додани он бархурдор аст.
Дар баҳори соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Эрон барои анҷоми умури бозсозӣ дар тунели “Истиқлол” дар масири Душанбе-Хуҷанд як мувофиқатнома имзо карданд.
Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати роҳу таробарии Тоҷикистон, ин санадро 10-уми апрел Хайрулло Асозода, вазири роҳу таробарии Тоҷикистон ва Аббос Охундӣ, вазири роҳҳо ва умури сохтмони шаҳрии Эрон, дар Теҳрон имзо кардаанд.
Тибқи ин созишнома ҷониби Эрон марҳилаи ниҳоии умури бозсозӣ дар ин тунелро ба маблағи 3 милюн дулор сармоягузорӣ мекунад. Чунин тавофуқ дар гузашта ба даст омада буд, вале ҷониби Эрон зоҳиран аз пардохти ин маблағ сарфи назар мекард. Ҳамакнун ин мушкил рафъ шудааст.
Бархе аз соҳибназарон изҳор медоштанд, ки ширкати “Собир” аз зарфияти анҷоми сареъи умури сохтмонӣ дар ин тарҳ бархурдор нест. Вале ҷониби Эрон мукарраран изҳор дошта, ки ширкати “Собир” аз ширкатҳои бонуфуз ва таҷрубадори Эрон дар заминаи анҷоми тарҳҳои мушобеҳ мебошад.
Зимнан, тунели “Истиқлол” дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд воқеъ аст ва имкон медиҳад, ки омаду рафти васоили нақлия ба сурати солиёна байни шимол ва ҷануби Тоҷикистон таъмин карда шавад.
Тунели “Истиқлол” нахустин тунели мошингард дар Тоҷикистон аст, ки сохтмони он ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз шуда буд, вале дар замони ҷанги дохилӣ мутаваққиф шуд.
