Эҳдоси нақбҳо дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа

  • 9 Июн, 2014

Нахуствазири Тоҷикистон дастур додааст, ки барои эҳдоси се нақб дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо ширкатҳои чинӣ қарордод имзо карда шавад.

Тибқи иттилоъи масъулони дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ахиран чунин дастурро Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон зимни дидор аз маҳалли сохтмони ин роҳ матраҳ кардааст.

Вай гуфтааст, ки тӯли ин се нақб 3755 метр хоҳад буд. Ба гуфтаи ин манбаъ,ҳамзамон вай барои сохтмони панҷ адад пул дар ин ҷодда бо дарозии 712 метр дастур додааст.

Кашидани ин роҳи оҳан аз ду самт – аз сӯйи ноҳияи Ваҳдат ва дар ҳудуди ноҳияи Ёвон идома дорад. Дар сурати анҷоми ин тарҳ миёни Душанбе ва маркази бузургтарин вилояти Тоҷикистон иртиботи роҳи оҳан фароҳам хоҳад шуд.

Феълан низ миёни Душанбе ва Қӯрғонтеппа роҳи оҳани кӯчак вуҷуд дорад, вале ин роҳ наметавонад куллия ниёзи Тоҷикистонро бароварда созад. Ба ин далел бештаре аз анвоъи колоҳо тавасутти комюнҳо мунтақил мешаванд.