Расонаҳо ва ЭЙДЗ: Давраи омӯзишӣ барои парҳез аз табъиз
Image copyrightBBC World ServiceРӯзноманигорони тоҷик дар як давраи омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе шеваи нивиштани гузоришҳои бидуни табъиз нисбат ба афроди ҳомили вируси нақси эминии инсонӣ ё Эйч-ой-виро меомӯзанд.
Ин давраи дурӯза аз 18 то 19 август ба ибтикори созмони ғайридавлатии мавсум ба “Аперон” ва бо ҳимояти молии намояндагии Сандуқи Нуфуси СММ (UNFPA) дар Тоҷикистон доир мешавад.
Дар тӯли ду рӯз мутахассисони бемории ЭЙДЗ ва вируси нақси эминии инсонӣ ба беш аз 20 хабарнигор аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар бораи бозтоби шоистаи масоили марбут ба ЭЙДЗ сабақ медиҳанд.
Таҳмина Ҳайдарова, ҳамоҳангсози барномаҳои созмони “Аперон”, мегӯяд, ки яке аз аҳдофи аслии ин давраи омӯзишӣ коҳиши бархӯрдҳои табъизомез нисбат ба афроди мубтало ба вируси Эч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ ё ангуштнамо кардани онон аз тариқи расонаҳо аст.
Хонум Ҳайдарова мегӯяд: "Бисёре аз сокинони Тоҷикистон ба иттилоъоти дақиқ ва бидуни табъиз дар бораи афроди мубтало ба ин вирус ниёз доранд, зеро ахиран дар кишварамон шумори мубталоён ба ин вирус афзоиш ёфтааст."
Хонуми Ҳайдарова мегӯяд дар бархе маворид дар расонаҳо ва нашрияҳо матолибе бо нишонаҳои табъиз ё доғи нанг задан бар чеҳраи афроди мубтало ба вируси Эйч-ой-вӣ ва бемории ЭЙДЗ ба мушоҳида мерасанд.
Аз ин рӯ, ӯ мегӯяд: "Мутаассифона, дониши аксари мардум дар бораи ин вирус ва афроди мубтало ба бемории ЭЙДЗ дар сатҳи пойин қарор дорад. Ва аз ин рӯ, агар бархеҳо дар бораи мубтало будани як фард ба ин вирус иттилоъ дошта бошанд, ӯ дар миёни мардум ангуштнамо мешавад."
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тҷоикистон беш аз 5500 нафар аз ҳомилони вируси Эч-ой-вӣ ё нақси эминии инсонӣ ва бемории ЭЙДЗ ё сандруми нақси эминии инсонӣ ба сар мебаранд.
Аз ин шумор беш аз 1500 нафар занон ҳастанд, ки ин вирус ба бештари онон аз шавҳаронашон, ки муътод ба маводди мухаддир ва ё муҳоҷири корӣ ҳастанд, сироят шудааст. Ҳарчанд гуфта мешавад, ки дар миёни занони руспӣ низ шуморе аз ҳомилони вируси нақси эминии инсонӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи Парвина Ғиёсова, яке дигар аз масъулони ин ҳамоиш, сарнивишти ин афрод ва мушкилоти онҳо дар расонаҳо бояд тавре бозтоб ёбад, ки мардум нисбат ба онҳо таҳаммулпазир шаванд.
Собирҷон Саидов, як рӯзноманигори ҷавон аз шаҳри Турсунзода, ки дар ин давраи омӯзишӣ ширкат дорад, мегӯяд, ки ҳарчанд дар бораи вируси нақси эминии инсонӣ иттилоъ дорад, вале ҳангоми инъикоси ин мавзӯъ дар телевизиюн бо мушкилоте рӯбарӯ мешавад.
Ӯ меафзояд: "Дар макони фаъъолияти ман дарвоқеъ дар бораи бемории ЭЙДЗ ва афроди ҳомили вируси Эч-ой-вӣ камтар иттилоъ пахш мешавад. Хабарнигорон наҳваи инъикоси ин мавзӯъро низ бояд дақиқтар биёмӯзанд. Вагарна матолибе, ки мунташир месозанд, метавонад бар зиёни чунин афрод тамом шавад."
Оқои Саидов мегӯяд, ки дар ин замина ӯ ва хабарнигорони ҷавон ба омӯзиши вижа дар семинорҳо ва нишастҳое аз ин даст ниёз доранд. Ӯ нишасти омӯзишии кунуниро барои рӯзноманигорон муфид хонд.
Иддае аз коршиносони арсаи беҳдошт мегӯянд, ки иттилоърасонии нокофӣ дар бораи афроди мубтало ба вируси нақси эминии инсонӣ ба бархӯрдҳои табъизомез ва ангуштнамо шудани онҳо мунҷар шуда ва дар натиҷа ин афрод аз ҷомеъа ба ҳошия ронда мешаванд.
Коршиносон нақши расонаҳоро дар бедории мардум ва тарвиҷи таҳаммулпазирӣ нисбат ба чунин афрод ва ҷалби онҳо ба умури ҷомеъа созанда медонанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз афроди мубтало ба вируси Эч-ой-вӣ, онҳо дар ҷомеъа худро ангуштамои хоссу ом медонанд ва ҳатто бархе аз пизишкон ҳам нисбат ба чунин афрод рафтори табъизомез мекунанд.
