Харидории таҷҳизоти пизишкӣ барои бемористони вилояти Хатлон
Вазорати тандурустӣ ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон барои бемористони вилоятии Бурӣ Воҳидови устони Хатлон ба маблағи 630 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти ҷадидии пизишкӣ харидорӣ ва насб кардааст.
Алихон Нуралиев, сардори беморхонаи вилоятии Хатлон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз будҷеи ҳукумати маҳаллӣ барои ин иқдом ҳамчунин 530 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Оқои Нуралиев гуфт, ки бо тахсиси 160 ҳазор сомонӣ шуъбаи амали ҷароҳии кӯдакон бозсозӣ шуда ва шароити нигаҳдории беморон дар он низ беҳтар шудааст.
Харидорӣ ва насби таҷҳизоти мудерн барои бемористони вилояти Хатлон дар ҳолест, ки дар ин вилоят то ҳол дастгоҳҳои ҷадиди пизишкӣ барои муъоянаи беморон вуҷуд надошт ва беморон барои муъояна ба шаҳри Душанбе мерафтанд.
Ба гуфтаи пизишкон, шароити бемористонҳо дар шаҳру навоҳӣ дар ҳолати нигаронкунада қарор дошта ва онҳо ҳанӯз ҳам аз дастгоҳҳои пизишкии сохти Шӯравӣ истифода мекунанд.
Ин мушкил мӯҷиб мешавад, ки дар баъзе аз ин навоҳӣ амали ҷароҳии бемориҳои сангин анҷом намешавад ва онҳо ба марказ мераванд. Бештари беморон аз навоҳии кӯҳистонӣ дар бемористони вилоятӣ бистарӣ мешаванд.
