Кумаки молии Омрико ба Тоҷикистон

  • 29 Сентябр, 2014

Давлати Омрико дар садад аст, барои "таъмини амнияти марзҳо, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон" ба ин кишвар ба миқдори 3,2 милюн дулор кумаки билоиваз тахсис диҳад.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти сафорати Омрико дар Тоҷикистон, дар ин замина Сюзан Элллиот, сафири Омрико ва Озода Эмомалӣ Раҳмон, муъовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон санади ҳуқуқиеро имзо кардаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, кумаки молии Омрико барои таъмини назму тартибот, мубориза алайҳи қочоқи маводди мухаддиру тиҷорати инсон ва тавсеъаи системи қазоии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.

Аз соли 1992 то ба ҳол давлати Омрико барои рушди ниҳодҳои демукросӣ, бахшҳои беҳдошту маорифи Тоҷикистон беш аз 1 милёрд дулор кумак кардааст.