Як табаъаи афғон дар амалиёте дар марзи Шӯрообод кушта шуд

  • 18 Сентябр, 2014

Маъмурони Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон дар амалиёте вижа Салом валади Мукофот, як сокини устони Бадахшони Афғонистонро, ба қатл расондаанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, Салом валади Мукофот, ки қочоқчии маводди мухаддир хонда шуда, ба қатли як марзбони тоҷик дар соли 2010 муттаҳам будааст.

Гузашта аз ин, вай муттаҳам ба ҳамдастӣ дар гаравгонгирии сокинони ҷамъоти Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлони Тоҷикистон будааст.

Ба иттилоъи дафтари матбӯъотии Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни боздошт ду тан аз шарикони Салом валади Мукофот захмӣ шуда ва ба қаламрави Афғонистон фирор кардаанд.

Марзбонони тоҷик мегӯянд, ки дар маҳалли даргирӣ бо ин афрод ҳашт килуграм ҳашиш, 2,5 килуграм ҳеруин ва аслиҳа кашф кардаанд.