Баррасии амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон
Image copyrightBBC World ServiceДар меҳвари мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Николай Бордюжа, Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) амнияти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон қарор гирифт.
Николай Бордюжа, Дабири кулли СПАД, рӯзи душанбе 15 декабр бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва амнияти минтақа, ба вижа амнияти марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Тибқи иттилоъи ин дафтар дар ин мулоқот масоили вобаста ба иҷлоси навбатии Шӯрои ин созмон, ки қарор аст 23-юми декабр дар шаҳри Маскави Русия баргузор шавад, низ баррасӣ шуд.
Дар иттилоъияи дафтари матбуъотии мазкур мехонем: "Дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла амнияти иттилоъотӣ, баррасӣ мешаванд."
Ин иттилоъия меафзояд: "Яке аз мавзӯъҳои асосӣ барои Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои манфиатдор иҷрои қарор дар бораи расондани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мебошад."
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон пештар хабар дода буд, ки дар ҳамоиши қарибулвуқуъи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Маскав роҳҳои пешгирии таҳдидҳои ҷадид, ки кишварҳои узв бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд коркард хоҳанд шуд.
Дидори Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо Эмомалӣ Раҳмон дуруст пас аз сафари оқои Бордужа ба Қазоқистон, кишвари дигари узви ин паймон ва мулоқоти ӯ бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии ин кишвар анҷом шуд.
Дар дидори оқои Назарбоев ва оқои Бордюжа низ масоили омодагӣ ба ҳамоиши Маскав баррасӣ шуда буд. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Қазоқистон оқои Назарбоев дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки кишварҳои узви Паймон бояд дар баробари хатароти ҷадид дар минтақа, ки ба густариши фаъъолиятҳои гурӯҳи Давлати исломӣ рабт дорад, омодагӣ бигиранд.
Оқои Назарбоев, аз ҷумла таъкид кардааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тағйири сареъи вазъият дар минтақа Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ метавонанд бо масоили ҷадид рӯбарӯ шавад.
Ӯ гуфт: "Зеро қарор аст нерӯҳои эътилофӣ Афғонистонро тарк кунанд ва мо бо таҳдидҳои нави марбут ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯбарӯ хоҳем шуд."
Оқои Назарбоев пешниҳод кард, ки дар чунин шароит созмони мазкур бояд ба як маркази таҳлилии дорои иттилоъи кофӣ барои пешгӯии вазъият ва таҳияи пешниҳодҳо барои тахсиси иқдомоти муштарак дар сурати зарурӣ, табдил шавад.
Дабири кулли СПАД дар авоили соли ҷорӣ гуфта буд, ки ба манзури мусоъидат ба таҳкими марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳамзамон марзҳои ҷанубии Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд маҳсуб мешавад, аз ҷумлаи намояндагони кишварҳои узви СПАД гурӯҳи корӣ таъсис шудааст.
Оқои Бордюжа гуфта буд, ки бар асоси мувофиқатномае, ки дар соли гузашта сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ имзо карда буданд, давлатҳои узви ин ниҳод барои таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон талош мекунанд.
Аз ҷумла, қарор аст Белорус ба марзбонони тоҷик ба миқдори зиёд таҷҳизоти фаннӣ ва техникаи низомӣ ва Арманистон худравҳои гаштии низомӣ фиристанд. Русия ва Қазоқистон низ феҳристи кумакҳои фаннӣ ва низомиро барои марзбонони тоҷик таҳия карда буд, ки мебоист пас аз мувофиқати сарони ин кишварҳо ин кумакҳо ба марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ирсол шаванд.
