ҲНИТ ҳамалоти Исроил ба Ғаззаро маҳкум кард
Image copyrightReutersҲизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), танҳо ҳизби мазҳабӣ ва аз ташаккулҳои умдаи мухолифи давлат, бо судури баёнияе ҳамалоти чанд рӯзи ахири Исроил ба Навори Ғаззаро маҳкум кардааст.
Шӯрои сиёсии ин ҳизб дар баёнияе, ки рӯзи шанбеи 12 июл интишор дод, аз ҳамалоти Исроил ба Навори Ғазза ба унвони "ҷинояти зиддибашарии режими ишғолгари Исроил" ном бурдааст.
Он гуна ки дар ин баёния омадааст, Исроил тайи чанд рӯзи ахир "бо зери по гузоштани тамоми қонунҳои байналмилалӣ" мардуми "бедифоъи" Фаластинро аз замину осмон "оташборон мекунад", ки ҲНИТ ин амалиётро қотеъона маҳкум ва ҳимояти худро аз мардуми Фаластин эълом мекунад.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфузи ҷаҳон хостааст, ки ҳамалоти Исроил ба Ғаззаро маҳкум кунанд ва ҳуқуқи мардуми Фаластинро ба зиндагӣ дар сарзамин ва кишвари худашон таъмин намоянд.
Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо ташаккули сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳамалоти рӯзҳои ахири Исроил ба мавозеъи фаластиниён дар Ғазза вокуниш карда ва ҳимояти худро аз фаластиниён эълом кардааст.
Ин ҳизб танҳо ҳизби расмии муттакӣ бар арзишҳои исломӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад ва ба таҳаввулоте, ки дар кишварҳои мусалмонӣ ё дар иртибот бо мусалмонон дар гӯшаву канори ҷаҳон рух медиҳад, маъмулан вокуниш мекунад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Тоҷикистон маъмулан дар бораи рӯйдодҳо ва қазоёи баҳсбарангези байналмилалӣ дар иртибот бо ислом ва мусалмонон аз ҳар гуна ибрози назар худдорӣ мекунанд, ҳарчанд раисҷумҳури ин кишвар дар ҳамоишҳои мухталиф аз ислом ва арзишҳои исломӣ ҳамвора дифоъ кардааст.
Ҳамалоти Исроил ба Ғазза аз 7 июл ба ин сӯ, дар пайи партоби рокетҳое ба Исроил аз сӯйи Ҳамос оғоз шудааст.Таниш миёни ду тараф пас аз рабуда ва кушта шудани се ҷавони исроилӣ аз як тараф, ва кушта шудани навҷавоне фаластинӣ, аз тарафи дигар, афзоиш ёфтааст.
Исроил Ҳамосро ба қатли се навҷавони исроилӣ муттаҳам карда, вале Ҳамос ин иддиъоро рад кардааст. Дар пайи ин ҳодиса тундравони исроилӣ низ ҷавоне фаластиниро дар Байтулмуқаддаси шарқӣ куштанд.
Додситони кулли Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ пас аз колбадшикофии ин навҷавони кушташуда, эълом кард, ки ӯ зинда сӯзонда шудааст. Исроил шаш нафарро ба занни даст доштан дар ин ҷурм боздошт кард.
Аммо ин иқдом ба коҳиши таниш кумаке накард ва ҳарду тараф ба мавозеъи ҳамдигар ҳамалоте ҳавоӣ анҷом доданд. Дар ҳамалоти ҳавоии Исроил ба Ғазза то кунун беш аз 120 нафар кушта шудаанд.
