Холид Машъал: Омодаи оташбаси инсондӯстона ҳастем

  • 24 Июл, 2014
Холид МашъалImage copyrightAFP
Image caption Раиси дафтари сиёсии Ҳамос аз иқдомоти шохаи низомии ин гурӯҳ ҳимоят кардааст

Холид Машъал, аз раҳбарони Ҳамос, гуфтааст ин гурӯҳ аз ҳар "оташбаси инсондӯстона" истиқбол мекунад, вале оташбаси пойдорро замоне мепазирад, ки шароиташ бароварда шуда бошад, аз ҷумла рафъи муҳосираи шадиди Ғазза тавассути Исроил.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ, пештар аз ин мавзеъи Ҳамос дар бораи лузуми шикастани муҳосираи Ғазза ҳимоят кардааст.

Раиси дафтари сиёсии Ҳамос гуфтааст ин гурӯҳ барои имдодрасонӣ ба захмиҳо ба оташбаси инсондӯстона монанди ончи панҷшанбе барои панҷ соъат иҷро шуд, ниёз дорад ва аз он истиқбол мекунад.

Оқои Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар Дуҳаи Қатар барои нахустин бор пас аз даври ахири ҳамлаи Исроил ба борикаи Ғазза бо хабарнигорон сухан мегуфт.

Аз 16 рӯз пеш Исроил ҳамлаҳои ҳавоияш ба Ғаззаро оғоз кард ва дар рӯзҳои гузашта аз замин ҳам ба ин минтақа юриш бурдааст.

Ҳамалоти Исроил то кунун беш аз 700 кушта барҷой гузоштааст, ки аксари онон ғайринизомӣ будаанд, аз ҷумла 100 кӯдак ва навҷавони фаластинӣ.

Дар сӯи дигар ҳам 32 сарбози исроилӣ пас аз оғози амалиёти низомии Исроил ва се шаҳрванди исроилии ғайринизомӣ дар ҳамалоти рокетӣ кушта шудаанд.

Дар ин муддат аз Ғазза ҳам садҳо рокет ба сӯи Исроил шиллик шуда, ки мардумро дар ваҳшат нигаҳ дошта ва як кушта барҷо гузоштааст.

Исроил бо сипари зиддимушакии "Гунбади оҳанин" рокетҳои партобшуда аз Ғаззаро дар ҳаво мезанад.

'Ҷиноёти ҷангӣ'

Image copyrightAFP
Image caption Созмони Милал ва манобеъи фаластинӣ мегӯянд аксари қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ғайринизомӣ ҳастанд

Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ва Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки ба Ховари Миёна сафар кардаанд, дар талошанд бо дидор бо раҳбарони исроилӣ ва фаластинӣ ба як оташбас бирасанд.

Пештар Новӣ Пилой, кумисери оли ҳуқуқи башари СММ, зимни маҳкум кардани ҳамлаҳои рокетии Ҳамос гуфт, ки ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғаззаро метавон "ҷинояти ҷангӣ" таъбир кард.

Минтақаи борики Ғазза, ки аз ду сӯ байни Исроил ва Миср қарор гирифта, аз ҳашт сол пеш дар муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ аст.

Исроил рафтуомади мардум ва нақлу интиқоли коло ба ин минтақаро башиддат маҳдуд кардааст. Ҳамзамон давлати Миср ҳам марзҳои ҷанубии Навори Ғаззаро масдуд нигаҳ доштааст.

Холид Машъал мегӯяд илова бар рафъи ин муҳосираи иқтисодӣ бояд бозгушоиии марзи Рафаҳ байни Ғазза ва Миср ҳам дар оташбас гунҷонда шавад.

Ҳамос ҳамчунин хостори озодии зиндониёни фаластинӣ аст, ки дар давраҳои оташбаси қаблӣ озод шуда буданд ва сипас Исроил дубора онҳоро дастгир кардааст.

Ҳафтаи пеш Миср як тарҳи оташбас ба Исроил ва Ҳамос пешниҳод дода буд, ки Исроил ба он рӯйи хуш нишон дод, аммо Ҳамос гуфт, ки аз расонаҳо дар бораи ҷузъиёти ин тарҳ бохабар шуда ва муфодди он қобили қабул нест.

Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои шибҳинизомии фаластинӣ мегӯянд ҳар гуна тавофуқе бо Исроил бояд шомили рафъи муҳосираи Ғазза бошад, ки ин минтақаро дар фақри шадид нигаҳ дошта ва ба гуфтаи онҳо, бекориро ба ҳудуди 40 дарсад расондааст.

Чанд соъат 'танаффус'

Image caption Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ, аз шарти Ҳамос барои рафъи муҳосираи Ғазза ҳимоят кардааст

Ин раҳбари сиёсии Ҳамос дар айни ҳол гуфт, ки ин гурӯҳ дарро ба рӯйи як оташбаси инсондӯстона намебандад, монанди ончи панҷшанбеи гузашта барои панҷ соъат барқарор шуд.

Оқои Машъал гуфт: "Мо ба чанд соъат танаффус ниёз дорем, то битавонем захмиҳоро пайдо кунем ва имдодрасонӣ кунем."

Ин раҳбари фаластинӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки дору, сӯхт ва дигар ниёзҳои заруриро ба Ғазза бирасонанд.

Ӯ дар айни ҳол аз иқдомоти шохаи низомии ин гурӯҳ ҳимоят карда ва гуфтааст, ки бидуни ин иқдомот ҷаҳон садои фаластиниҳоро намешунид.

Раҳбари сиёсии Ҳамос таъкид кардааст, ки халъи силоҳи ин гурӯҳ мумкин нест.

Холид Машъал гуфтааст, ки ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ як ҳадаф доранд ва он поён додан ба ишғол аст.

Исроил аз соли 2006 ва пас аз он ки Ҳамос Гилъод Шалит, сарбози исроилиро, гирифт, Ғаззаро дар муҳосираи сахти иқтисодӣ қарор додааст.

Баъдтар, пас аз он ки Ҳамос ва Фатҳ дар Ғазза даргир шуданд, ва дар ниҳоят, гурӯҳи Ҳамос, ки як сол пеш дар интихобот пирӯз шуда буд, тавонист қудратро дар даст бигирад, Миср ва Исроил муҳосираи Ғаззаро ташдид карданд.

Гурӯҳи Фатҳ дар Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ мусаллат аст.

Дар моҳҳои гузашта Ҳамос ва Фатҳ эълом карданд, ки дар пайи эътилоф ва ташкили давлати ваҳдати миллӣ ҳастанд.

Соъоте пас аз он давлати Исроил эълом кард, ки дар эътироз ба ин эътилоф музокироти мавриди ҳимояти Омрико барои расидан ба сулҳ байни Исроил ва фаластиниёнро мутаваққиф мекунад.

Омрико, Исроил ва бархе кишварҳои дигар Ҳамосро як созмони теруристӣ медонанд.

Матолиби муртабит