Новӣ Пилой: Иқдомоти Исроил дар Ғаззаро метавон ҷинояти ҷангӣ донист
Image copyrightAPНовӣ Пилой, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар айни маҳкум кардани ҳамалоти рокетии Ҳамос гуфтааст, ки ҳамалоти Исроил ба навори Ғаззаро метавон "ҷинояти ҷангӣ" таъбир кард.
Хонуми Пилой дар нишасти изтирории Шурои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар Женев гуфтааст тахриби хонаҳо ва куштани фаластиниён ин нигаронии ҷиддиро ба вуҷуд меоварад, ки Исроил аз зӯри беш аз ҳадде алайҳи фаластиниён истифода мекунад.
Ӯ гуфта аст: "Бетаваҷҷуҳӣ ба қоъидаҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ва ҳақи ҳаёт ба шакли буҳтоваре возеҳ аст. Ин эҳтимол қаввиян вуҷуд дорад, ки қавонини байналмилалӣ ба тартибе нақз шуда бошад, ки битавон онро ҷинояти ҷангӣ донист."
Мақомоти исроилӣ ба таъкид иттиҳомоти инчуниниро рад мекунанд. Аз ҷумла сафири Исроил дар Вошингтун, дирӯз гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бояд ба хотири хештандории ғайриқобилитасаввурашон ҷоизаи сулҳи Нубел бигиранд.
Мутобиқи омори расмӣ ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза дар ҳудуди ду ҳафтаи ахир 649 кушта бар ҷой гузоштааст, ки аксари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд. Беш аз 100 кӯдаки фаластинӣ низ дар миёни қурбониён аст.
Дар муқобил шибҳнизомиёни Ҳамос 29 сарбози исроилиро пас аз оғози амалиёти низомии Исроил куштаанд. Ҳамчунин ду шаҳрванди исроилии ғайринизомӣ дар ҳамалоти рокетӣ кушта шудаанд.
Новӣ Пилой, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид гуфт ин ҳақи кӯдакон ва дигар шаҳрвандони исроилӣ аст, ки бидуни тарси мудом аз ҳамалоти рокетӣ зиндагӣ кунанд.
Бон Ки-мун, дабири кули Созмони Милал барои миёнҷигарӣ ва барқарории оташбас ба Ховари Миёна сафар кардааст.
Оқои Бон дар нишасти матбуъотии муштарак бо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил аз ин кишвар хост "ҳадди аксари хештандорӣ"-ро нишон диҳад ва афзуд, ки "иқдоми низомӣ амнияти Исроилро дар дарозмуддат афзоиш нахоҳад дод."
Ӯ ҳамчунин аз тарафи фаластинӣ хост сиёсати "адами хушунат, шиносоии Исроил ва эҳтиром ба мувофиқатномаҳои пешин"-ро дунбол кунад.
Исроил мегӯяд ҳамалоташро барои аз миён бурдани тавони ҳамлалоти рокетии Ҳамос ва нобуд кардани шабакаи тунелҳои мавриди истифодаи он идома хоҳад дод. Дар муқобил Ҳамос мегӯяд лағви муҳосираи Ғазза аз шароити пазириши оташбас аст.
Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардон ҳам аз ин мавзеъи Ҳамос ҳимоят кардааст.
Лағви парвозҳо
Дирӯз, сешанбе парвозҳои чанд ширкати ҳавопаймоии байналмилалӣ ба мақсади Тел-Овив , пойтахти Исроил пас аз исобати як мушак дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии Бен Гуриун лағв шуд.
Нахуст Итиҳодияи ҳавопаймоии федероли Омрико аз хутути ҳавопаймойии Омрико хост парвозҳои худро лағв кунанд ва пас аз он чанд кумпонии урупоӣ низ ба иқдоми мешобеҳе даст заданд.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил аз Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико , дархост кард ки ба аз саргирии парвозҳо ба Тел-Овив кумак кунад, аммо яке аз сухангӯёни давлати Омрико гуфт Кохи Сафед дар фаъолиятҳои Иттиҳодияи ҳавопаймоии федерол дахолат нахоҳад кард.
