Муноқишаи Ғаза: Дабири кулли СММ хостори поёни набардҳо шуд

  • 23 Июл, 2014
ҒазаImage copyrightna
Image caption Кӯдакони фаластинӣ дар як масҷиди тахрибшуда

Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал Исроил ва фаластиниҳоро тарғиб кардааст, ки "набардҳоро мутаваққиф" ва "гуфтугӯ"-ро барои поён додан ба муноқишаи Ғаза шурӯъ кунанд.

Ӯ, ҳамчунин, бо ташдиди талошҳои диплумотик дар Исроил ибрози назар мекунад. Бар асоси оморҳои расмӣ, дар 14 рӯзи набардҳо беш аз 600 фаластинӣ ва 30 исроилӣ кушта шудаанд.

Пештар Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико гуфт, ки тарҳи пешниҳодии ахири оташбас аз сӯйи Миср бояд мабнои ҳар оташбас дар ояндаро ташкил диҳад.

Ӯ, ки дар Миср ба сар мебарад, гуфт, Омрико нигарони куштаҳои фаластинӣ аст, аммо аз амалиёти низомии "мутаносиб ва машрӯъ"-и Исроил ҳимоят мекунад.

Ӯ ҳамчунон гуфт, ки Омрико 48 милюн дулор кумак барои "тахфифи бӯҳрони ҷории инсонӣ"-ро ба Ғаза мефиристад.

Оқои Керрӣ барои гуфтугӯ бо мақомҳои мисрӣ ва набил-арабӣ, раиси Иттиҳодияи Араб эҳтимолан ҳаддиақал то рӯзи чоршанбе дар Қоҳира хоҳад монд.

Ҳаддиаксари хештандорӣ

Оқои Бон дар як кунфаронси хабарии муштарак бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, аз ин кишвар хост "ҳадиаксари хештандорӣ"-ро нишон диҳад ва афзуд, ки "иқдоми низомӣ амнияти Исроилро дар дарозмуддат афзоиш нахоҳад дод."

Image copyrightAFP
Image caption Амалиёти заминии Исроил дар Ғаза ҳамчунон идома дорад

Ӯ ҳамчунин аз фаластиниҳо хост, сиёсати "адами хушунат, шиносоии Исроил ва эҳтиром ба мувофиқатномаҳои пешин"-ро дунбол кунанд.

Оқои Натанёҳу дар вокуниш ба изҳороти оқои Бон гуфт: "Мо чи тур метавонем доди низомхоҳии Ҳамосро посух бидиҳем? Доди онҳо ин аст, ки чаро мо вуҷуд дорем?"

Тозатарин омор доир бар марги беш аз 600 нафар дар Ғазаро вазорати беҳдошти ин ноҳияи таҳти кунтрули Ҳамос эълом карда, ки ҳамчунон шомили 3640 маҷрӯҳ буд.

Ниҳоди имдодрасони СММ дар Ғаза гуфт, дар яке аз мадрасаҳояш, ки дар он ҳудуди 300 нафар паноҳ бурда буданд, рӯзи сешанбе ҳадафи бумборони Исроил қарор гирифтааст.

Ин ниҳод гуфта, ки беш аз 118 ҳазор фаластинӣ акнун дар паноҳгоҳҳояш ба сар мебаранд. Ба гуфтаи ин ниҳод, 43 дарсади Ғаза дастхуши ихторҳои тахлия қарор гирифтаст.Исроил пеш аз ҳамлаи ҳавоӣ ба сокинони сохтмонҳо телефунӣ ихтор медиҳад.

Ба гуфтаи Созмони Милал ағлаби фаластиниҳои кушташуда ғайринизомӣ будаанд, ки аз ҷумла, шомили даҳҳо кӯдак мешаванд.

Вазорати дифоъи Исроил мегӯяд, ки ҳаддиақал 180 пайкорҷӯро куштааст. Исроил мегӯяд, дар ду ҳафтаи ахир 28 сарбоз ва ду ғайринизомии ин кишвар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит