Шӯрои Амнияти СММ хоҳони оташбаси фаврӣ дар Ғаза шуд

  • 21 Июл, 2014
ҒазаImage copyrightReuters
Image caption Рӯзи якшанбе пурталафоттарин дар навори Ғаза будааст

Шӯрои Амнияти Созмони Милал пушти дарҳои баста авзоъ дар навори Ғаза ва имкони барқарории оташбасро баррасӣ кардааст.

Ин шӯро дар баёнияе, ки пас аз ҷаласаи изтирории якшанбешаб мунташир кард, аз афзоиши теъдоди талафот дар навори Ғаза ибрози нигаронии амиқ кард ва бори дигар хоҳони барқарории фаврии оташбас шуд.

Бон Ки Мун, дабири кулли СММ, ки ба Ховари Миёна сафар карда, хушунатҳои рӯзи якшанбе дар минтақаи Шуҷоъияи Ғазаро "бераҳмона" унвон карда ва хоҳони таваққуфи амалиёти Исроил шудааст.

Беш аз 100 фаластинӣ дар хушунатҳои рӯзи якшанбе ҷонҳои худро аз даст доданд, ки бахши умдае аз онҳо занону кӯдакон буданд.

Ҳудуди 70 нафар аз кушташудагон дар ҳамлаи Исроил ба минтақаи Шуҷоъия ҷони худро аз даст доданд.

Ин дар ҳолест, ки мақомҳои фаластинӣ аз кушта шудани 34 фаластинии дигар дар бумборони навори Ғаза дар якшанбешаб ва афзоиши рақами кушташудагони фаластинӣ ба беш аз 470 нафар хабар додаанд.

Артиши Исроил ҳам кушта шудани 13 нафар аз сарбозонашро дар даргириҳои навори Ғаза таъйид кардааст. Рақами талафоти низомиёни Исроил ба 18 нафар расида ва ду ғайринизомии исроилӣ ҳам дар хушунатҳои ду ҳафтаи гузашта кушта шудаанд.

Вазорати хориҷаи Омрико таъйид кардааст, ки 2 тан аз низомиёни кушташудаи исроилӣ шаҳрванди Омрико ҳастанд.

Борок Убамо, раиси ҷумҳурии Омрико дар тамоси телефонӣ бо Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил хоҳони оташбаси фаврӣ байни Исроил ва Ҳамос шудааст.

Оқои Убомо дар ин тамос нигаронии худро аз кушта шудани фаластиниҳо ва исроилиҳо унвон кард ва хоҳони оташбаси фаврӣ шуд.

Бар асоси баёнияи Кохи Сафед, оқои Убомо, ҳамчунин, ба ҳақи Исроил барои дифоъ аз худ таъкид кардааст.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико низ озими Ховари Миёна шудааст, то рӯзи душанбе дар шаҳри Қоҳира бо мақомҳои аршади мисрӣ ва дигар кишварҳои минтақа дар бораи барқарории оташбас дар навори Ғаза гуфтугӯ кунад.

Девид Комерун, нахуствазири Бритониё ҳам дар тамоси телефонӣ бо оқои Натанёҳу кушта шудани шаҳрвандони исроилиро тасаллият гуфт ва "аз афзоиши талафоти ғайринизомӣ" дар Ғаза ибрози нигаронӣ кард.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин,рӯзи душанбеи 21 июл дар Қатар бо Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар бораи оташбас гуфтугӯ мекунад.

Матолиби муртабит