Шумори куштаҳо дар Ғазза ба беш аз 310 нафар расид

  • 19 Июл, 2014
Image copyrightAP

Дар остонаи сафари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба Исроил ва манотиқи фаластинӣ гузориш шуда, ки амалиёти заминии артиши Исроил бар шумори куштаҳо дар Ғазза афзудааст.

Комбизи Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар марзи Исроил ва Ғазза, ба нақл аз манобеъи фаластинӣ мегӯяд аз замони оғози ҳамалоти заминӣ ба Ғазза беш аз 60 фаластинӣ, аз ҷумла нуҳ кӯдак, кушта шудаанд.

Ба ин тартиб, шумори куштаҳо дар Ғазза дар 12 рӯзи гузашта ба беш аз 310 нафар расидааст. Беш аз ду ҳазору 260 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Дар Исроил ҳам як сарбоз ва як ғайринизомӣ кушта шудаанд.

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, қарор аст рӯзи шанбе барои музокира дар бораи буҳрони Ғазза ва поёни даргирии Ҳамос ва Исроил ба минтақа сафар кунад.

Ҷефрӣ Фелтман, муъовини сиёсии дабири кулли СММ, бо эъломи хабари сафари оқои Бон ба минтақа гуфт, оташбас "комилан зарурӣ" аст, аммо ба гуфтаи оқои Фелтман, ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба дунболи роҳи буландмуддате бошад, ки ба даҳаҳо даргирӣ ва ишғол поён диҳад.

Созмони Милали Муттаҳид эълом накарда, ки оқои Бон аз кадом минтақа боздид мекунад, ҳарчанд ба далели масоили амниятӣ баъид аст ӯ ба Ғазза биравад.

Сафари дабири кулли СММ ба минтақа дар ҳоле эълом мешавад, ки талошҳои раиси ҷумҳурии Миср барои эҷоди оташбас миёни Ҳамос ва Исроил номуваффақ будааст.

Марги ҳашт узви хонавода дар шимоли Ғазза

Баъд аз бенатиҷа мондани талошҳо барои эҷоди оташбас, Исроил эълом кард, ки аз авохири рӯзи панҷшанбеи гузашта ҳамалоти худ алайҳи Ҳамосро ба амалиёти заминӣ густариш медиҳад.

Юлонд Нел, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза, рӯзи ҷумъа, аввалин рӯзи амалиёти заминиро, рӯзе хунин тавсиф кардааст.

Рӯзи шанбе ҳам ҳамлаи ҳавоӣ дар беруни як масҷид дар минтақаи пурҷамъияти Хонюнус, дар ҷануби Навори Ғазза, боъиси марги ҳафт фаластинӣ шудааст.

Дар шимоли Ғазза ҳам ҳамалоти сангини тонкҳои артиши Исроил боъиси марги ҳашт нафар аз аъзои як хонавода, аз ҷумла чаҳор кӯдак, шудааст.

Созмони Милал рӯзи шанбе эълом кард, ки шумори оворагони фаластинӣ аз замони шурӯъи ҳамалоти заминӣ беш аз ду баробар шуда ва ба 50 ҳазор нафар расидааст.

Ин мизон тақрибан баробар бо теъдоди афродест, ки солҳои 2008 ва 2009 овора шуданд.

Image copyrightAP
Image caption Панҷоҳ ҳазор паноҳҷӯи фаластинӣ дар мадрасаҳои зери назари СММ паноҳ гирифтаанд

Дафтари СММ дар умури фаластиниён мегӯяд 25 ҳазор нафар аз ин афрод фақат дар як рӯз ва замони оғози ҳамлаи заминии артиши Исроил ба мадрасаҳо паноҳ бурдаанд.

Оворагон дар 44 мадрасае паноҳ гирифтаанд, ки тавассути СММ дар Ғазза идора мешавад. Созмони Милал барои кумак ба оворагони фаластинӣ дархости 60 милюн дулор кумаки изтирорӣ кардааст.

Гузар аз тунел 'барои ҳамла' ба Исроил

Артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст, ки яке аз нерӯҳои Ҳамосро, ки қасд дошт аз тариқи тунелҳои Ғазза ба хоки ин кишвар нуфуз кунад, куштааст.

Ба гуфтаи артиш, ин сарбоз ва чанд нерӯи дигари ҳамроҳи ӯ қасд доштанд ба хоки Исроил ҳамла кунанд.

Дар рӯёрӯии нерӯҳои Ҳамос ва Исроил ду сарбози исроилӣ захмӣ шудаанд.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит