Се кӯдаки фаластинӣ дар ҳамлаи тонкҳои Исроил кушта шуданд

  • 18 Июл, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Ҳамалоти заминӣ шумори куштаҳои ғайринизомиро афзоиш хоҳад дод

Бо шиддат гирифтани ҳамалоти заминии артиши Исроил ба Ғазза беш аз 25 фаластниӣ, аз ҷумла се кӯдак кушта ва 200 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ, ин се кӯдак дар ҳамлаи тонкҳои Исроил дар шимоли Навори Ғазза кушта шудаанд. Ба ин тартиб, шумори куштаҳои фаластинӣ дар тӯли 11 рӯзи даргирӣ ба беш аз 260 нафар расидааст.

Аз дишаб, ки Исроил шурӯъи амалиёти заминиро эълом кард, воҳидҳои зиреҳӣ, пиёда ва тӯпхонаи артиши Исроил ҳамалот алайҳи Ғаззаро ташдид кардаанд.

Хабаргузории Оссушиэйтед Пресс гузориш дода, ки низомиёни Исроил бо ҳадафи аз байн бурдани мушакандозҳои Ҳамос ва тунелҳои зерзаминӣ дар умқи Ғазза афзоиш додаанд.

Тӯпхонаи артиши Исроил аз дарё Навори Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва чархболҳо ҳам аз ҳаво ба манотиқи марзии Ғазза бо Исроил ҳамла кардаанд.

Image copyrightOther

Ҳамзамон, Ҳамос ҳам ба мушакпаронӣ ба сӯйи шаҳрҳои Ашдуд ва Ашкалун дар ҷануби Исроил мубодират кардааст.

Манобеъи фаластинӣ мегӯянд 23 нафар аз замони шурӯъи амалиёти заминӣ дар Ғазза кушта шудаанд. Як сарбози исроилӣ ҳам ба гуфтаи артиши ин кишвар дар шимоли Навори Ғазза кушта шудааст.

Ҳамос мегӯяд ин сарбози исроилӣ дар натиҷаи ҳамалоти нафароти он ба низомиён и исроилӣ кушта шуда, аммо артиши Исроил кушта шудани ӯро ношӣ аз оташи худӣ эълом кардааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Ғазза мегӯяд умдаи амалиёти низомӣ дур аз навоҳии марказии Ғазза ҷараён дорад. Навоҳии марзии шимолӣ ва ҷанубии Ғазза шаби гузашта башиддат бумборон шуд, аммо доманаи амалиёти заминӣ банисбат маҳдудтар аст.

Ӯ мегӯяд Исроил машғули арзёбӣ аст, ки бубинад оё пешравӣ дар хоки Ғаззаро афзоиш диҳад ё на. Марги як сарбози исроилӣ дар аввалин рӯз ҳушдоре дар бораи хатароте аст, ки артиши Исроил дар ҳамлаи заминӣ пеши рӯ дорад. Бо ин ҳол, Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, мусаммам аст ба Ҳамос заработи сангинтаре бизанад ва ин бад-он маъност, ки мумкин аст нерӯҳои исроилӣ вориди манотиқи пурҷамъияттари Ғазза шаванд.

Ба гузориши "Руйтерз" артиши Исроил видиюе мунташир карда, ки нишон медиҳад нафароти артиш ҳисорҳои марзиро боз кардаанд, то шаш тонку сарбозон вориди хоки Ғазза шаванд.

Исроил ба дунболи даҳ рӯз ҳамалоти мутақобили ҳавоӣ эълом кард, ки вориди марҳилаи амалиёти заминӣ алайҳи Ҳамос мешавад.

Дар ин муддат беш аз 2000 ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи Ғазза анҷом шуда, аммо артиши Исроил натавониста монеъи партоби мушак аз Ғазза ба ин кишвар шавад.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит