Пешниҳоди Миср барои барқарории оташбаси миёни Исроил ва Ҳамос

  • 15 Июл, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Мунуврҳои исроилӣ бар фарози Навори Ғазза

Миср барои поёни як ҳафта даргирӣ байни Исроил ва Ҳамос дар Навори Ғазза як пешниҳоди оташбас ироа кардааст.

Ин ибтикори амал, ки аз сӯйи вазири хориҷаи Миср эълом шуд, ду тарафро тарғиб ба оташбас аз субҳи сешанбе ва дар пайи он анҷоми як ришта мулоқотҳо дар Қоҳира миёни намояндагони Ҳамос ва Исроил мекунад.

Ин ибтикори амал қабл аз нишасти изтиррории вузарои хориҷии Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира матраҳ мешавад.

Ҳамос,, ки кунтрули Ғаззаро дар даст дорад, таъйид кард, ки талош барои оташбас дар ҷараён аст, аммо гуфт ҳанӯз тавофуқе ҳосил нашудааст.

Мақомҳои исроилӣ гуфтанд, ки кобинаи амниятии Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазир, рӯзи сешанбе барои баҳс дар бораи ин пешниҳод ташкили ҷаласа хоҳад дод.

Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико, душанбешаб дар баёнияи кӯтоҳе навишт: "Мо аз даъвати Миср барои оташбас истиқбол мекунем ва умедворем ба бозгашти оромиш дар асраъи вақт мунҷар шавад. Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар ин давраи душвор дар гуфтугӯҳои наздик бо нахуствазир Бинёмин Нетонёҳу мақомҳои давлати Миср ва президент Маҳмуди Аббос ширкат дошта ва Иёлати Муттаҳидда ҳамчунон ба кор бо онҳо ва шуракои минтақаӣ барои ёфтани роҳи ҳалле барои ин вазъияти хатарнок ва қобили инфиҷор мутаъаҳҳид аст."

Мақомҳои фаластинӣ мегӯянд, ки аз замони шурӯъи амалиёт дар рӯзи сешанбеи гузашта ҳадди ақал 175 нафар дар асари ҳамалоти ҳавоии Исроил дар Ғазза кушта шудаанд.

Исроил мегӯяд дар ин муддат тақрибан ҳазор рокет аз Ғазза ба сӯйи хоки ин кишвар партоб шудааст.

Дар пайи ихторҳои Исроил ҳазорон нафар аз мардум аз хонаҳояшон аз шимоли Ғазза гурехтаанд. Исроил ҳамчунин ҳазорон нерӯро дар марз саффороӣ карда ва гуфта, ки амалиёти заминиро алайҳи Ғазза мардуд намедонад.

Исмоъил Ҳания , раҳбари Ҳамос дар Ғазза дар суханоне, ки аз шабакаи Алҷазира пахш шуд, гуфт, ки Ҳамос нафақат ба дунболи поёни набрд аст, балки хоҳони тахфифи ҳасри Ғазза аст, ки зиндагиро барои ин ноҳия сахт карда.

Ӯ гуфт: "Мушкили мо воқеъияти зиндагӣ дар Ғазза аст, ҳаср, гуруснагӣ ва беморон. Муҳосира бояд поён ёбад ва мардуми Ғазза бояд зиндагии обрӯмандонае дошта бошанд."

Исроил аз соли 2007, ки Ҳамос кунтрули Ғаззаро ба даст гирифт, гурӯҳе, ки Исроил, Омрико ва шуморе аз дигар кишварҳо теруристӣ медонанд, иритиботи ин ноҳияро маҳдуд кард.

Як мақоми омрикоӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки гузориши расонаҳои давлатии Миср доир ба барномаи сафари Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, дар рӯзи сешанбе ба Қоҳира барои миёнҷигарии оташбас дуруст нест. Ӯ қарор аст аз музокироти Виен бо Эрон ба Вошингтун баргардад, то баъд дубора ба сафари эҳтимолӣ ба Ховари Миёна тасмим бигирад.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки Миср ба хотири нокомӣ дар ифои нақши маъмули худ ба унвони миёнҷигар миёни Исроил ва Ҳамос мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ӯ меафзояд, ки ин кишвар ҳоло пас аз як ҳафта хунрезӣ дар ноҳияитарҳи оташбасро ироа кардааст.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури вақти Миср, дар соли 2012 бо истифода аз нуфузи Ихвонулмуслимин дар Ҳамос оташбасеро миёни ду тараф миёнҷигарӣ кард.

Шурӯъи хушунатҳои ҷорӣ ба қатли се ҷавони исроилӣ дар моҳи июн ва пас аз он қатли зоҳиран интиқомҷӯёнаи як навҷавони фаластинӣ дар Байтулмуқаддас бармегардад.

Мақосмҳои исроилӣ рӯзи душанбе гуфтанд, ки се яҳудии дастгиршуда ба қатли навҷавони фаластинӣ эътироф кардаанд.

Матолиби муртабит