Исроил: Паҳподи Ҳамосро сарнагун кардем
Image copyrightAFPҲамалоти Исроил ба навори Ғазза вориди ҳафтумин рӯзи худ шудааст. Ҳамзамон Исроил мегӯяд, ки аз сешанбеи ҳафтаи гузашта ҳазор ракет ба суйаш шиллик шудааст. Ба гуфтаи мақомҳои фаластинӣ шумори кушташудагони ин ҳамалот ба 172 нафар расидааст.
Имрӯз ҳамчунин як ҷавони фаластинӣ дар шаҳри Алхалил, дар Каронаи Бохтарӣ ба дасти нерӯҳои исроилӣ кушта шудааст. Манобеъи низомии Исроил мегӯянд ҳангоме ба сӯи ин фаластинӣ оташ гушуданд, ки ӯ ба ҳамроҳи иддае дигар ба корвони низомиёни исроилӣ санг ва куктейл мулутуф партоб кард.
Ҳамзамон Исроил мегӯяд як паҳподи мутаъаллиқ ба Ҳамосро бар фарози шаҳри Ашдуд, дар шимоли Ғазза сарнагун кардааст.
Ҳамчунин партоби рокетҳо аз ҷануби Лубнон бо оташи тӯпхонаи Исроил посух дода шудааст.
Бисёре аз рокетҳои шилликшуда аз навори Ғазза тавассути системи дифоъии "Гунбади оҳанин"-и Исроил хунсо мешаванд. Артиши Исроил мегӯяд яке аз рокетҳои шилликшуда аз навори Ғазза ба таъсисоти барқӣ исобат карда, ки барқи 70 ҳазор нафар аз мардуми Ғаззаро таъмин мекардааст.
Дар даври ахири даргирӣ рокетҳои шилликшуда аз навори Ғазза хисорот дар Исроил эҷод карда ва бархеро захмӣ кардаанд, аммо ҳеҷ исроилӣ кушта нашудааст.
Дар муқобил вазорати беҳдошти Фаластин мегӯяд аз замоне ки охирин даври ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза оғоз шуда, 172 фаластинӣ ҷон бохта ва беш аз ҳазору дувист нафар захмӣ шудаанд.
Аммо сарҳанг Питер Лурз, сухангӯи артиши Исроил ин оморро зери савол бурд ва онро ғайривоқеъӣ хонд. Ӯ ҳамчунини Ҳамосро муттаҳам кард ғайринизомиёнро амдан дар маърази хатар қарор медиҳад.
Оқои Лурз ба Би-би-сӣ гуфт Исроил бо тамаркузи амалиёти худ алайҳи "терруристи аршад" , саъйи худро барои костан аз шумори қурбониён кардааст. Мутобиқи охирин бароварди Созмони Милали Муттаҳид бештар аз се чаҳоруми кушташудагони ҳамалоти ахири Исроил ғайринизомӣ ҳастанд.
Садҳо нафар аз фаластиниёни сокини шимоли навори Ғазза аз бими ҳамалоти Исроил аз хонаҳо гурехтаанд. Созмои Милал мегӯяд, ки 17 ҳазор нафар фирор карда ва дар паноҳгоҳҳои муваққат искон ёфтаанд.
Пеш аз ин Исроил бо рехтани эъломияҳо ба сокинони ин манотиқ ҳушдор дода буд, ки барои амнияти худашон хонаҳоро тахлия кунанд.
Исроил дар ҳоле ба ҳамалоти худ идома медиҳад, ки раҳбарони қудратҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Омрико ва Бритониё тарафайнро ба барқарории оташбас даъват кардаанд.
Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳам хоҳони оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза шудааст, аммо ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза идома доштааст.
Ҳамчунин дар рӯзҳои гузашта дар шаҳрҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Ню-йурк, Туррунту, Ландан, Сидней ва Деҳлии нав тазоҳурот ва таҷаммуъҳо дар ҳимоят аз фаластиниён ва маҳкумияти ҳамалот алайҳи навори Ғазза баргузор шудааст.
