Исроил асорати як сарбози худро такзиб кард

  • 21 Июл, 2014
ҒазаImage copyrightAP
Image caption Ахиран ҳамлаи артиши Исроил ба навори Ғаза шадидтар шудааст

Рон Прусур,сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳошияи нишасти изтирории Шӯрои Амният, ки якшанбешаб баргузор шуд, гузоришҳои мунташиршуда ба василаи Ҳамос дар бораи ба асорат гирифтани як сарбози исроилӣ дар навори Ғазаро такзиб кардааст.

Оқои Прусур бо ғайривоқеъӣ унвон кардани "шоеъот" марбут ба асорати як сарбози исроилӣ ҳадаф аз амалиёт дар навори Ғазаро аз байн бурдани тунелҳои зеризаминии Ҳамос унвон кард.

Пештар як сухангӯйи Ҷунбиши Ҳамос аз асорати як сарбози исроилӣ ба василаи шохаи низомии ин ҷунбиш хабар дода буд.

Ба гуфтаи Абуубайда, сухангӯйи гурдонҳои Азиддин Қасом, шохаи низомии Ҷунбиши Ҳамос, ин сарбози исроилӣ дар ҷараёни набард дар навори Ғаза ба асорат гирифта шуд.

Абуубайда ин хабарро дар суханоне, ки аз шабакаи телевизиюни Алқасии муталлиқ ба Ҳамос пахш шуд, унвон кард. Интишори ин хабар бо шодмонӣ ва тирандозии ҳавоӣ дар Ғаза ҳамроҳ буд.

Комбиз Фаттоҳӣ, хабарнигори эъзомии Би-би-сии форсӣ ба минтақа мегӯяд, артиши Исроил аз кушта шудани 5 сарбози ин кишвар дар навори Ғаза дар рӯзи якшанбе хабар додааст.

Пештар мақомҳои исроилӣ кушта шудани 13 нафар аз сарбозонашонро дар даргириҳои Ғаза таъйид карда буданд. Бо ин ҳисоб талафоти низомии Исроил дар Ғаза ба 18 нафар расидааст. Ду низомии кушташудаи исроилӣ табаъи Омрико ҳастанд.

Якшанбе пурталафоттарин рӯз аз замони оғози даври тозаи ҳамалоти Исроил ба навори Ғаза буд ва бо кушта шудани бештар аз 90 нафар теъдоди кушташудагони фаластинӣ аз 320 нафар фаротар рафт.

Бар асоси гузоришҳо 112 кӯдак ва 40 зан дар миёни қурбониён ҳастанд.Ба гуфтаи масъулон дар Ғаза бештар аз 3 ҳазор нафар ҳам дар ин ҳамалот захмӣ шудаанд.

Аз шомгоҳи шанбеи 19 июл, артиши Исроил минтақаи Шуҷоъия дар шарқи Ғазаро ҳадафи гулӯлаборони шадид қарор додааст.

Хабанигорон ин ҳамалотро аз шадидтарин гулӯлаборони артиши Исроил дар 13 рӯзи гузашта аз замони оғози даргириҳо тавсиф кардаанд.

Дар ҳамла ба ин минтақа беш аз 60 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.

Баъд аз зӯҳри якшанбе артиши Исроил бо пешниҳоди Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх барои барқарории оташбаси дусоъата дар минтақаи шуҷоъия мувофиқат карда, аммо ин оташбас катар аз 1 соъат давом дошт ва атриши Исроил эълом карда, ки дар посух ба шиллики рокит аз сӯйи Ҳамос гулӯлаборони Шуҷоъияро аз сар гирифтааст.

Матолиби муртабит