Даҳҳо кушта дар ҳамалоти имрӯз ба Ғазза; "Ҳимояти комили" Омрико аз Исроил
Image copyrightAFPҶон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико бо "ҳимояти комил аз ҳақи дифоъи Исроил аз худ" гуфтааст, ки Исроил "дар муҳосираи терруристҳо қарор гирифтааст".
Оқои Керрӣ гуфт, ки барои кумак ба барқарории оташбас ба Ховари Миёна сафар хоҳад кард.
Ҳамзамон Иттиҳодияи Араб ҳамалоти Исроил ба Шуҷоъия дар шарқи Ғаззаро "ҷинояти ҷангӣ" хонда ва хоҳони таваққуфи фаврии он шудааст.
Бо кушта шудани беш аз шаст нафар дар гулӯлаборони минтақаи Шуҷоъия шумори куштаҳои фаластинӣ аз оғози ҳамлаи Исроил ба Ғазза ба 425 нафар расид.
Ба гуфтаи масъулон дар Ғазза беш аз се ҳазор нафар ҳам дар ин ҳамалот захмӣ шудаанд.
Шумори қурбониёни ҳамалоти Исроил дар рӯзи шанбе 78 нафар гузориш шудааст.
Маҳаллаи Шуҷоъия дар тамоми тӯли шанбешаб ва субҳи якшанбе, 20 июл ҳадафи сангинтарин ҳамалоти тонкҳои исроилӣ будааст.
Хабарнигорон ин ҳамалотро шадидтарин гулӯлаборони артиши Исроил дар сездаҳ рӯзи гузашта аз замони оғози даргириҳо тавсиф кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъи бемористонӣ дастикам 50 нафар дар ин ҳамалот кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.
Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии Исроил ба навори Ғазза шумори талафоти фаластиниҳо аз 400 нафар гузаштааст. Ба гуфтаи масъулон дар Ғазза беш аз се ҳазор нафар ҳам захмӣ шудаанд.
Баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе артиши Исроил бо пешниҳоди Кумитаи байналмилалии салиби сурх барои барқарории оташбасе дусоъата дар минтақаи Шуҷоъия дар шарқи Ғазза мувофиқат кард, аммо ин оташбас камтар аз як соъат давом дошт ва артиши Исроил эълом карда, ки дар посух ба шиллики рокет аз суи Ҳамос, гулӯлаборони Шуҷоъияро аз сар гирифтааст.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфта артиш аҳдофи низомиро ҳадаф қарор медиҳад, ки гоҳе талафоти ғайринизомӣ ҳам ба ҳамроҳ дорад.
Ӯ дар гуфтугӯ бо Сиэнэн Ҳамосро муттаҳам кард, ки аз ғайринизомиён ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунад.
Аҷсод дар хиёбон
Хабарнигорон вазъияти Шуҷоъияро бисёр муташанниҷ гузориш кардаанд ва мегӯянд ин минтақа ба гунае ҳадафи ҳамалоти бевақфа қарор гирифта, ки мардум ба сахтӣ метавонанд аз хона ва маҳалла фирор кунанд.
Тасовире, ки аз минтақаи Шуҷоъия мунташир шуда, аҷсодеро нишон медиҳад, ки ба далели маҳдудияти дастрасии имдодгарон ва омбулонсҳо дар хиёбон ва зери овор раҳо шудаанд.
Аҷсоди занон ва кӯдакон ҳам дар ин тасовир дида мешавад.
Пеш аз ин Ҳамос дархости оташбаси дусоъата барои хориҷ кардани аҷсоди қурбониён аз ин минтақаро дода буд.
Юлонд Нел, хабарнигори эъзомии Би-би-сӣ ба Ғазза мегӯяд ҳазорон нафар аз сокинони Шуҷоъия аз шанбешаб ва бо ташдиди ҳамалоти Исроил ваҳшатзада ва ҳаросон дар ҳоли фирор аз хона ва маҳалла ҳастанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза мегӯяд Шуҷоъия минтақае пуртарокум аст, ки атрофи онро заминҳои кишоварзӣ фаро гирифтааст.
Ба гуфтаи Юлонд Нел Исроил пештар гуфта буд ба дунболи тунелҳое аст, ки тасаввур мекунад дар Шуҷоъия ҳафр шудааст.
Вазъияти Шуҷоъия бисёр муташанниҷ гузориш шуда ва гуфта мешавад ин минтақа тавре муҳосира шуда, ки оворагон наметавонанд фирор кунанд.
Хабаргузории Фаронса аз кушта шудани як филмбардор ва имдодгари фаластинӣ дар ҳамла ба Шуҷоъия хабар додааст.
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд беш аз 63 ҳазор фаластинӣ ба паноҳгоҳҳои ин созмон дар Ғазза паноҳ бурдаанд.
Ҳафт исроилӣ аз ҷумла ду ғайринизомӣ ҳам дар ҳамалоти рокетӣ аз манотиқи фаластинӣ кушта шудаанд.
Гурдони Иззуддини Қисом субҳи якшанбе эълом карданд, ки 14 сарбози исроилиро дар як камин дар маҳаллаи Аттуфа дар шарқи шаҳри Ғазза куштаанд. Артиши Исроил ин хабарро таъйид накардааст.
Нокомии диплумосӣ
Талошҳои диплумотик аз суи Миср, Қатар, Фаронса ва Созмони Милали Муттаҳид барои барқарории оташбаси миёни Исроил ва Ҳамос то кунун бенатиҷа будааст.
Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса рӯзи шанбе, 19 июл баъд аз дидор бо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки талоши ӯ барои тавофуқ бар сари оташбас ноком будааст.
Оқои Фобиюс гуфт: "Мутаассифона бояд бигӯям, ки дархостҳо барои оташбас шунида намешавад ва баръакс хатари боло рафтани талафоти ғайринизомӣ вуҷуд дорад, ки ин моро нигарон мекунад."
Қатар имрӯз, якшанбе мизбони дидоре миёни Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардон ва Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали мутаҳид аст.
Оқои Аббос ҳамчунин қарор аст бо Холид Машъал, яке аз раҳбарони Ҳамос дар Қатар дидор кунад. Интизор меравад оқои Аббос талош кунад Ҳамосро барои пазириши тарҳи оташбаси пешниҳодии Миср мутақоъид кунад.
