Як бемористон дар Ғазза ҳадафи ҳамлаи низомиёни Исроил қарор гирифт

  • 21 Июл, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Даҳҳо ҳазор фаластинӣ дар навори Ғазза хонаҳояшонро тарк кардаанд

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз масъулони ироаи кумакҳои оҷил дар Ғазза аз марги чаҳор нафар ва захмӣ шудани ҳудуди 60 нафар дар гулӯлаборони як бемористон дар маркази Ғазза хабар медиҳад. Бано бар ин гузориш ниме аз маҷруҳон аз коркунони бемористон ҳастанд. Хабаргузории Фаронса дар тозатарин хабари худ теъдоди куштаҳои ин ҳамларо панҷ нафар эълом кардааст.

Ба гуфтаи Ашраф Алқудра, аз масъулони ироаи кумакҳои оҷил дар Ғазза 12 гулӯлаи тонк ба бемористони Шуҳадои Алақсо дар минтақаи Дайрулбалаҳ дар маркази Ғазза исобат кардааст. Ӯ мегӯяд сохтмони идории бемористон, бахши муроқибатҳои вижа ва ҳамин тавр бахши ҷарроҳӣ дар ин гулӯлаборон осеб дидаанд.

Дар чаҳордаҳумин рӯзи ҳамлаи Исроил ба Ғазза мақомҳои давлатӣ дар Ғазза мегӯянд 508 фаластинӣ кушта ва 3150 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ин дар ҳоле аст ки Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостори вазъи оташбас миёни Исроил ва Ҳамос дар Ғазза шудааст.

Дар айни ҳол Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико роҳии Қоҳира барои музокирот бар сари буҳрони Ғазза шудааст.

Бон Ки-мун дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид пештар зимни суханронӣ дар бораи вазъи Ғазза ҳамлаи Исроил ба минтақаи пурҷамъияти Шуҷоъия дар Ғаззаро "иқдоми бераҳмона" тавсиф кард.

Беш аз 60 нафар фаластинӣ дар ҳамлаи шадид ба Шуҷоъия кушта шуданд, ки Маҳмуд Аббос раиси Ташкилоти худгардони фаластинӣ онро "куштор" номид.

Ӯ хостори оғози сареъи музокирот шуд ва вазъият дар Ғаззаро "ғайриқобили таҳаммул" хонд ва ҳамалоти Исроилро "ҷиноят алайҳи башарият" тавсиф кард.

Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст амалиётро "ба андозае ки ниёз барои он вуҷуд дорад" идома хоҳад дод, сарфи назар аз ин ки шумори сарбозони кушташудаи исроилӣ дар охири ҳафтаи гузашта ба 18 нафар расид.

Ҷен Псокӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Омрико гуфтааст ду тан аз сарбозони кушташудаи Исроил табаъаи Омрико будаанд.

Гуфта мешавад талафоти рӯзи якшанбе барои низомиёни Исроил нисбат ба талафоти ҳамлаи серҳафтаинаи Исроил ба Ғазза дар соли 2008 ва 2009 бештар аст.

Крис Муррис, хабарнигори Би-би-сӣ дар ҷануби Исроил мегӯяд марги чунин шумори зиёди сарбозон барои ҷомеъаи Исроил такондиҳанда хоҳад буд.

Ҳамос шоми рӯзи якшанбе гуфт як сарбози исроилиро боздошт кардааст, ки нашри ин хабар муҷиби ҷашн дар хиёбонҳои Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ шуд.

Аммо Рун Прузур, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид ин хабарро такзиб кард ва гуфт "ин шоеъот рост нест".

Исроил пас аз он ки ҳамалоти ҳавоӣ ва дарёии он ба навори Ғазза ба манзури таваққуфи партоби рокет аз Ғазза натиҷа надод, даст ба ҳамлаи заминӣ ба Ғазза зад.

Исроил мегӯяд ба манзури ҳадаф қарор додани шабакаи тунелҳои Ҳамос анҷоми ҳамлаи заминӣ амре зарурӣ аст. Ба гуфтаи Исроил ин тунелҳо барои нуфузи пайкорҷӯён ба хоки Исроил ва анҷоми ҳамалот дар он ҷо истифода мешавад.

Матолиби муртабит