Ҳамлаи Исроил ба мадрасаи Созмони Милал чандин кушта бар ҷой гузошт

  • 24 Июл, 2014
Image copyrightAP
Image caption Шумори болои кӯдакон дар миёни қурбониёни ҳамла ба навори Ғазза интиқодоти зиёдеро ба дунбол доштааст

Манобеъи фаластинӣ ба Би-би-сӣ мегӯянд, ки дар гулӯлаборони як мадрасаи Созмони Милал дар Байт Ҳонун, ки паноҳгоҳи мардуми фирорӣ буда, ҳаддиақал 15 нафар кушта шуда ва 200 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

Ин аввалин ҳамлаи Исроил ба як мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид нест, аммо нахустин боре аст ки чунин ҳамлае қурбонӣ гирифтааст.

Хабаргузории Фаронса мегӯяд дасти кам як кӯдак миёни қурбониён аст.

Маъмулан фарз бар ин аст ки Исроил ба мадориси Созмони Милал ҳамла намекунад ва ба ҳамин хотир даҳҳо ҳазор фаластинӣ, ки аз хонаҳои худ гурехтаанд ба ин мадорис паноҳ бурдаанд.

Бано ба охирин омор шумори куштаҳои фаластинӣ дар навори ғазза аз 750 нафар гузаштааст. Мутобиқи тозатарин бароварди Созмони Милал се чаҳоруми қурбониёни фаластинӣ ғайринизомӣ ҳастанд.

Дар муқобил 29 сарбоз ва 3 шаҳрванди ғайринизомии исроилӣ низ дар даргирӣ бо нерӯҳои Ҳамос ва ё бо шиллики рокет кушта шудаанд.

Оташбас

Дар 17 рӯзе, ки аз оғози ҳамалоти Исроил ба навори Ғазза мегузарад илова бар куштаҳо ва захмиҳо 140 ҳазор фаластинӣ низ аз хонаҳои худ овора шудаанд.

Талош барои миёнҷигарӣ ва барқарории оташбас то кунун бенатиҷа будааст. Ин дар ҳоле аст ки Созмони Милал нисбат ба вазъият дар навори Ғазза ҳушдор дода ва гуфтааст ин минтақа ниёзи шадиде ба кумакҳои инсондӯстона дорад.

Дирӯз Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос эълом кард, ки Ҳамос оташбаси кӯтоҳмуддати башардӯстонаро мепазирад ва ҳамчунин аз тарҳи оташбасе истиқбол мекунад, ки поён додан ба муҳосираи Ғазза бахше аз он бошад.

Ӯ имкони халъи силоҳи Ҳамосро рад кард.

Матолиби муртабит