Фатвои хохоми исроилӣ: Метавон тамоми Ғаззаро нобуд кард

  • 24 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Таҷаммуъи шуморе аз исроилиҳои тарафдори сулҳ дар шаҳри Ҳайфо ба хушунат кашида шуд

Ба гузориши рӯзномаи исроилии Ҳооретз Дув Лиур, як хохоми яҳудӣ дар шаҳри Алхалил, дар каронаи бохтарии рӯди Урдун, фатво додааст, ки агар лозим бошад Исроил метавонад тамоми Ғаззаро нобуд кунад.

Ӯ гуфтааст дар даврони ҷанг миллате, ки мавриди ҳамла қарор гирифтааст, ҳақ дорад душманро, ба ҳар тартибе ки лозим медонад, муҷозот кунад. Ба гуфтаи ӯ ин иқдомот метавонад шомили қатъи мояҳтоҷ ва ё барқ ва ё бумборони кулли минтақа бошад.

Ӯ изофа кардааст метавон ҳатто барои "маҳв кардани душман" низ иқдом кард.

Хохом Лиур гуфтааст, ки вазорати дифоъи Исроил метавонад фармони нобудии Ғаззаро низ бидиҳад. Рӯзномаи Ҳооретз Лиурро як ростгарои ифротӣ тавсиф карда ва Зеҳофо Гилъон, раҳбари ҳизби чапгарои Меретз гуфтааст изҳороти хохом Лиур нажодпарастона аст ва бояд ба хотири онҳо мавриди таъқиби қазоӣ қарор гирад.

Дар ҳафтаҳои ахир чеҳраҳои зиёде дар Исроил ба ибрози нафрат аз фаластиниён пардохта ва хоҳони нобудии онон шудаанд. Дар айни ҳол шуморе аз исроилиҳо низ мунтақиди сиёсатҳои сахтгиронаи давлати Бинёмин Нетонёҳу дар мавриди фаластиниён ҳастанд.

Ҳафтаи пеш таҷаммуъи иддае аз исроилиҳои зиддиҷанг дар шаҳри Ҳайфо бо мудохилаи пулис ва ҳамлаи исроилиҳои дастиростӣ ба хушунат кашида шуд.

Матолиби муртабит