Нетонёҳу Ҳамосро ба "нақзи оташбаси 24 соъата" муттаҳам кард

  • 27 Июл, 2014
Image copyrightAP

Нахуствазири Исроил мегӯяд Ҳамос оташбасеро, ки худ эълом карда буд, нақз кардааст. Пештар гузориш шуда буд Ҳамос ва гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ бо як оташбаси 24 соъата аз соъати 2 баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ мувофиқат кардаанд.

Ба гузориши хабарнигори мо аз минтақа дастикам се мушак аз шимоли Ғазза ба Исроил шиллик шудааст.

Биёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизиюнии Сиэнэн гуфта давлаташ ҳар иқдомеро, ки лозим бидонад, барои ҳифозат аз мардуми Исроил анҷом хоҳад дод.

Комбиз Фаттоҳӣ, хабарнигори эъзомии Бибисии форсӣ ба Ғазза мегӯяд, ки Сомеҳ Абузуҳрӣ, яке аз сухангӯёни Ҳамос дар як паёмаки телефунӣ ба хабарнигорон эълом кард, ки Ҳамос ба ҳамроҳи гурӯҳҳои дигари фаластинӣ ба манзури омода шудан барои Иди фитр ва дар посух ба дархости миёнҷигарии Созмони Милал бо оташбас мувофиқат мекунанд.

Соъате пештар артиши Исроил эълом карда буд, ки ҳамалоти заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худ ба навори Ғаззаро дар посух ба идомаи ҳамалоти рокетии гурӯҳҳои фаластинӣ аз сар гирифтааст.

Ҳамос ва Исроил шаби гузашта бар сари оташбас тавофуқ карда буданд. Бо ин ҳол дар тӯли муддати замони ин оташбас Исроил ҳамчунон ба амалиёти тахриби тунелҳо идома дод ва гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам чандин рокет ба суи Исроил партоб карданд.

Исроил ба мардуми Ғазза ҳушдор додааст, ки ба манотиқи тахлияшуда бознагарданд.

Оташбас ибтидо ба муддати 12 соъат дар рӯзи шанбеи 26 июл (дирӯз) эълом шуд ва Ҳамос аз ин 12 соъат барои талош дар ҷамъоварии аҷсод ва таҳияи озуқа ва тадорукот барои оворагони фаластинӣ истифода кард.

Сипас Созмони Милали Муттаҳид хостори тамдиди замони оташбас барои 24 соъат шуд.

Шумори кушташудагони фаластинӣ дар Ғазза, ки аксаран ғайринизомӣ ҳастанд, дирӯз аз марзи 1000 нафар гузашт. Дар муқобил 42 нерӯи низомӣ ва ду ғайринизомии исроилӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин муддат ҳудуди шаш ҳазор нафар аз сокинони Ғазза маҷруҳ шуда ва даҳҳо ҳазор нафар аз онҳо ҳам ночор ба тарки маҳали сукунати худ шудаанд.

Ҳамос мегӯяд, ки шикастани муҳосираи Ғазза бояд бахше аз ҳар тарҳи оташбаси баландмуддат бошад.

Матолиби муртабит