Ҳушдори Натанёҳу дар мавриди "амалиёти тӯлонӣ" дар Ғаза
Image copyrightnaБенёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил нисбат ба амалиёти низомии "тӯлонӣ" дар Ғаза ҳушдор додааст. Оқои Натанёҳу гуфт, Исроил то замони расидан ба ҳадафаш, яъне, нобудии шабакаи тунелҳои зеризаминии гурӯҳи пайкорҷӯйи Ҳамос даст аз амалиёт нахоҳад кашид.
Ин дар ҳолест, ки хушунатҳо дар Ғаза ва ҷануби Исроил алорағми дархости Созмони Милал барои поёни хусуматҳо шиддат ёфтааст. Набардҳо дар соъатҳои нахустини сешанбе бо ҳамалоти ду тараф идома ёфт.
Мақомҳо мегӯянд, ки беш аз 1080 фаластинӣ, ки бештари онҳо ғайринизомӣ будаанд, аз рӯзи 8 июл то кунун кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ки 48 сарбоз ва 3 ғайринизомӣ- 2 исроилӣ ва 1 коргари тойландӣ кушта шудаанд.
"Рӯзи дарднок"
Ба гуфтаи мақомҳо дар Ғаза дар соъатҳои аввалияи сешанбе ҳавопаймоҳои исроилӣ ба хонаи Исмоил Ҳания, нахуствазири собиқи Ҳамос ҳамла карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Ройтарз", тасаввур мешавад, ки хона ба ҳангоми ҳамла холӣ буда бошад. Ҳамос гуфта, ки истгоҳи телевизиюнии "Алқасамӣ ТВ" низ ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, вазорати дифоъи Исроил гуфт, ки 3 рокит аз Ғаза шиллик шуд, ки яке аз онҳо дар осмон мунҳадим шуд ва 2 рокит дар бахши марказии Исроил дар фазои боз фуруд омад.
Исроил гуфт, ки 5 сарбози ин кишвар дар рӯзи душанбе кушта шуданд ва ҳамчунин, 5 пайкорҷӯйи Ҳамос дар дохили Исроил кушта шуданд.
Оқои Натанёҳу рӯзи душанберо "дарднок" тавсиф кард ва гуфт: "Бояд сабур бошем." Ӯ гуфт: "То замоне, ки маъмурияти мо барои ҳифозати шаҳрвандон, сарбозону кӯдакон комил нашуда, бошиддат ва масъулият ба амалиёт идома хоҳем дод."
Бон Ки Мун, дабири кулли СММ, рӯзи сешанбе аз ҳар ду тараф ба хотири шиллик ба навоҳии ғайринизомӣ интиқод кард ва хостори оташбаси фаврӣ, номашрут ва инсондӯстона дар Ғаза дар ҷараёни таътили Иди Фитр шуд.
Бино ба гузоришҳои рӯзи сешанбе инфиҷорҳое дар Ғаза боиси марги 10, аз ҷумла, 8 кӯдак шуд.
Мақомҳои фаластинӣ гуфтанд, ки ин афрод дар ҳамлаи мушакии Исроил кушта шудаанд, аммо исроил мегӯяд, ки инфиҷорҳои ношӣ аз дуруст амал накардани рокитҳои "терруристҳо" буд.
