Ҳамос партоби рокет ба Исроилро аз сар гирифт

  • 27 Июл, 2014
Image copyrightREUTERS
Image caption Ҳамалоти ҳавоии Исроил ба шарқи Ғазза дар бистумин рӯзи даргириҳо, якшанбе, 27 июл

Бо шиллики панҷ рокет аз шимоли Ғазза ба Исроил оташбаси 24 соъатае, ки Ҳамос ва нерӯҳои фаластинӣ эълом карда буданд, шикаста шудааст.

Комбиз Фаттоҳӣ, хабарнигори мо дар Ғазза ба нақл аз артиши Исроил мегӯяд дар дақоиқи гузашта дастикам 5 рокет ба Исроил шиллик шуда, ки ба як хона дар шаҳри Сдерут дар шимоли навори Ғазза исобат кардааст.

Гурдони Изуддин Қисом, шохаи низомии Ҳамос эълом карда, ки тонкҳои исроилиро дар шарқи Ғазза ҳадафи шаш хумпора қарор додааст.

Мақомоти Ҳамос ҳамчунин шиллики панҷ рокет ба суи Исроилро таъйид кардаанд.

Ҳамос мегӯяд дар посух ба ҳамалоти ҳавоии парокандаи Исроил маҷбур ба посухгӯӣ шудааст.

Пештар гузориш шуда буд, ки Ҳамос ва нерӯҳои фаластинӣ дар Ғазза хостори барқарории оташбаси 24 соъата аз соъати 2 баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ шудаанд.

Хабарнигорон авзоъи Ғаззаро барои муддате ором гузориш карда буданд. Аммо Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар мусоҳиба бо Сиэнэн гуфта буд, Ҳамос оташбасеро, ки худ эълом карда, шикастааст.

Оташбасе, ки борҳо шикаста шуд

Ҳамос ва Исроил шаби гузашта бар сари оташбас тавофуқ карда буданд. Бо ин ҳол дар тули ин оташбас Исроил ҳамчунон ба амалиёти тахриби тунелҳо идома дод ва гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам чанд рокет ба суи Исроил шиллик карданд.

Оташбаси муваққати 12 соъата, ки рӯзи шанбеи 26 июл барои 24 соъат тамдид шуд, ба фаластиниён фурсат дод, барои ҷамъоварии аҷсод ва таҳияи озуқа ва тадорукот иқдом кунанд.

Бо ёфтани аҷсоди бештар шумори кушташудагони фаластинӣ дар Ғазза, ки аксаран низомӣ ҳастанд, дирӯз аз марзи 1000 нафар гузашт.

Дар муқобил 43 нерӯи низомӣ ба ҳамроҳи ду ғайринизомии исроилӣ (аз ҷумла як араби исроилӣ) ва як коргари тойландӣ кушта шудаанд.

Дар ҳамин муддат ҳудуди шаш ҳазор нафар аз сокинони Ғазза маҷруҳ шуда ва даҳҳо ҳазор нафар аз онҳо ҳам ночор ба тарки маҳали сукунати худ шудаанд.

Ҳамос мегӯяд, ки шикастани муҳосираи Ғазза бояд бахше аз ҳар тарҳи оташбаси баландмуддат бошад.

Матолиби муртабит