Исроил ҳамлаи заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ба Ғаззаро аз сар гирифт
Image copyrightAPАртиши Исроил ҳамалоти заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии худ ба навори Ғаззаро аз сар гирифтааст. Идомаи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза бар хилофи оташбаси 24 соъата мавриди дархости Созмони Милали Муттаҳид будааст.
Исроил гуфтааст оғози ҳамлаи муҷаддад дар вокуниш ба шиллики рокет тавассути Ҳамос сурат мегирад.
Эъломи амалиёти низомӣ дар Ғазза бар хилофи оташбаси 24 соъата мавриди дархости Созмони Милал хоҳад буд, вале Исроил Ҳамосро барои нақзи оташбас муқассир қаламдод кардааст.
Ҳамос ва Исроил шаби гузашта бар сари оташбас тавофуқ карда буданд. Бо ин ҳол дар тӯли муддати замони ин оташбас Исроил ҳамчунон ба амалиёти тахриби тунелҳо идома дод ва гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам чандин рокет ба суи Исроил партоб карданд.
Исроил ба мардуми Ғазза ҳушдор додааст, ки ба манотиқи тахлияшуда бознагарданд.
Яке аз сухангӯёни ҷунбиши Ҳамос гуфтааст ҳар оташбасе, ки шомили ақиб кашидани нерӯҳои низомии Исроил аз дохили Ғазза, эъломи бозгашти тамомии сокинони Ғазза ба хонаҳо ва расидагии пизишкӣ ба маҷруҳон ва осебдидагони фаластинӣ набошад, мавриди қабули Ҳамос нахоҳад буд.
Оташбас ибтидо ба муддати 12 соъат дар рӯзи шанбеи 26 июл (дирӯз) эълом шуд ва Ҳамос аз ин 12 соъат барои талош дар ҷамъоварии аҷсод ва таҳияи озуқа ва тадорукот барои оворагони фаластинӣ истифода кард.
Сипас Созмони Милали Муттаҳид хостори тамдиди замони оташбас барои 24 соъат шуд.
Шумори кушташудагони фаластинӣ дар Ғазза, ки аксаран ғайринизомӣ ҳастанд, дирӯз аз марзи 1000 нафар гузашт. Дар муқобил 42 нерӯи низомӣ ва ду ғайринизомии исроилӣ кушта шудаанд.
Дар ҳамин муддат ҳудуди шаш ҳазор нафар аз сокинони Ғазза маҷруҳ шуда ва даҳҳо ҳазор нафар аз онҳо ҳам ночор ба тарки маҳали сукунати худ шудаанд.
Ҳамос мегӯяд, ки шикастани муҳосираи Ғазза бояд бахше аз ҳар тарҳи оташбаси баландмуддат бошад.
