Шӯрои Амнияти СММ хостори оташбаси фаврӣ дар Ғаза шуд

  • 28 Июл, 2014
СММImage copyrightBBC World Service

Ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии вазъияти Ғаза ташкил шуд.

Шӯрои Амният, ки нимашаб ба вақти маҳаллӣ дар Ню Йурк ташкил шуд, хостори оташбаси фаврӣ ва бидуни қайди шарт дар Ғаза шудааст.

15 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар баёнияи кӯтоҳе, ки дар ҷаласаи фаврӣ хонда шуд, аз Исроил ва Ҳамос хостаанд ҳарчи зудтар бо оташбаси фаврӣ барои расондани кумакҳои башардӯстона мувофиқат кунанд.

Имрӯз, душанбеи 28 июл, дар Ғаза ва соири кишварҳои арабӣ Иди Фитр эълом шудааст. Шӯрои Амният ба иттифоқи оро таъкид кард, ки дар ин рӯз ҳамалот мутаваққиф шавад.

Рӯзи гузашта Ҳамос ва гурӯҳҳои фаластинӣ эълом карданд, оташбасро 24 соъат тамдид хоҳанд кард, аммо дар нимаҳои рӯз ду тарафи исроилӣ ва фаластинӣ якдигарро ба шикастани оташбас муттаҳам карданд ва ҳамалот аз сар гирифта шуд.

Матолиби муртабит