Гузоришҳои зидду нақиз аз инфиҷор дар бемористони аслӣ ва як порк дар Ғазза
Image copyrightAPДар ҳоле ки манобеъи фаластинӣ дар Ғазза мегӯянд, ки бемористони аслии ин шаҳр ва як порк дар ғарби Ғазза мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифта, артиши Исроил ин савонеҳро ношӣ аз бад амал кардани мушакҳое эълом кардааст, ки пайкорҷӯёни фаластинӣ қасди партоби онҳоро ба Исроил доштанд.
Ҳамзамон манобеъи хабарии Исроил гузориш додаанд, ки ҳашт исроилӣ дар наздикии марзи Ғазза дар асари исобати рокетҳои фаластинӣ маҷруҳ шудаанд. Баъзе гузоришҳо аз кушта шудани чаҳор тан аз онҳо ҳикоят дорад.
Манобеъи фаластинӣ аз кушта шудани 10 нафар, аз ҷумла чанд кӯдак дар асари инфиҷор дар порки ғарби Ғазза хабар додаанд.
Банобар гузоришҳо дар бемористони Шифо ҳам чанд нафар захмӣ шудаанд.
Ин инфиҷорҳо дақоиқе баъд аз суханони Бон Ки мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рух дод, ки дар он бори дигар хоҳони таваққуфи даргириҳои Исроил ва Ҳамос шуда буд.
Ӯ аз ду тараф хост ки "ба номи инсоният" хушунатҳоро мутаваққиф кунанд.
