Азсаргирии ҷанг дар Ғазза ва идомаи талош барои оташбас

  • 8 Август, 2014
Image copyrightAP
Image caption Навори Ғазза бори дигар ҳадафи бумборони ҳавоии Исроил қарор гирифтааст

Бо поён гирифтани оташбаси серӯза дар ҷанги Ғазза партоби мушак ба сӯи Исроил аз сар гирифта шуда, аммо талоши диплумотик барои тамдиди оташбас идома дорад.

Субҳи ҷумъаи 8 август муҳлати оташбаси серӯза байни артиши Исроил ва гурӯҳҳои фаластинӣ мустақар дар Ғазза ба сар омад, дар ҳоле ки пештар артиши Исроил аз партоби чанд фарванд мушак аз дохили Ғазза ба сӯйи хоки ин кишвар хабар дода буд. Соъоте баъд мақомоти исроилӣ гуфтанд, ки теъдоди бештаре мушак аз Ғазза ба сӯйи ин кишвар партоб шудааст.

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза артиши Исроил гуфтааст, ки дар соъоти пас аз хотимаи оташбас, ҳаждаҳ фарванд мушак аз дохили Ғазза ба сӯйи Исроил паритоб шуд, ки ду фарванд аз фарози шаҳри Асқалон убур кард, чаҳордаҳ фарванд дар арозии ғайримаскунии Исроил фуруд омад ва ду мушак низ ба нуқоте дар дохили Навори Ғазза исобат кард. Ҳамзамон, бархе расонаҳои исроилӣ аз захмӣ шудани теъдоде афроди ғайринизомӣ дар асари мушакпарониҳои рӯзи ҷумъа хабар додаанд.

Манобеъи фаластинӣ дар Ғазза низ партоби мушак ба дохили Исроилро таъхйид кардаанд.

Дар вокуниш ба амалиёти гурӯҳҳои фаластинии мустақар дар Ғазза, Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ба артиши ин кишвар дастур дод, то худро барои иқдомоти талофиҷӯёна омода кунад.

Image copyrightAFP
Image caption Бо поёни оташбаси серӯза сокинони манотиқи пурхатари Ғазза роҳии нуқоти дигар шудаанд

Ба гузориши хабарнигори Би-би-сии форсӣ, сухангӯйи артиши Исроил бо таъйиди бумборони нуқоте дар навори Ғазза гуфтааст, ки азсаргирии партоби мушак тавассути "терруристҳо" ғайриқобили қабул аст ва артиши Исроил тасмими Ҳамос ба нақзи оташбасро пайгирӣ хоҳад кард. Вай гуфтааст, ки "Исроил ба зарба задан ба Ҳамос ва зерсохтҳо ва нерӯи амалиётии он идома хоҳад дод ва амниятро дар кишвар барқарор хоҳад сохт." Хабарнигори бахши форсӣ гуфтааст садои чанд инфиҷор ношӣ аз бумборони ҳавоӣ дар Ғазза ба гӯш расидаааст. Манобеъи фаластинӣ аз кушта шудани дастикам як нафар дар асари бумборони Ғазза хабар додаанд.

Тайи се рӯзи оташбаси муваққат музокироти ғайримустақим байни намояндагони Исроил бо намояндагони Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ дар Қоҳира идома доштааст. Шомгоҳи гузашта, мақомоти Исроилӣ тамоюли худ ба тамдиди оташбасро эълом карданд, аммо гурӯҳҳои фаластинӣ гуфтанд, ки бидуни бароварда шудани хостаҳояшон бо тамдиди оташбас мувофиқат нахоҳанд кард.

Дар айни ҳол бо вуҷуди шикаста шудани оташбаси серӯза гузориш шудааст, ки мақомоти мисрӣ ҳамчунон мекӯшанд ду тарафро ба қабули оташбаси доим тарғиб кунанд.

Image copyrightepa
Image caption Талафоти сангини инсонӣ дар ҷанги Ғазза боъиси интиқоди ҷаҳонӣ аз Исроил шудааст.

Талафоти сангини инсонӣ дар ҷанги Ғазза боъиси интиқоди ҷаҳонӣ аз Исроил шудааст.

Дар соли 2012 низ ҷанги байни Ҳамос ва Исроил саранҷом бо миёнҷигарии давлати вақти Миср таҳти раҳбарии Муҳаммад Мурсӣ , раиси ҷумҳури вобаста ба гурӯҳи исломгарои Ихвонулмуслимин, ба оташбас мунҷар шуд, то моҳи июли соли ҷорӣ барқарор буд.

Ҷанги кунунии Ғазза рӯзи 8 июл бо ҳамалоти сангини ҳавоии Исроил ба навори Ғазза ва мушакпарронӣ аз дохили Ғазза ба сӯйи Исроил оғоз шуд ва рӯзи 17 июл нерӯи заминии Исроил низ аз марзи Ғазза убур крад. Давлати Исроил ҳадаф аз амалиёти Ғаззаро нобудии тавони мушакии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ва ҳамчунин инҳидоми тунелҳои марзӣ эълом кард, ки ба гуфтаи мақомоти исроилӣ, пайкорҷӯёни фаластинӣ аз онҳо ҷиҳати вуруд ба хоки Исроил ва амалиёти мусаллаҳона алайҳи ин кишвар истифода мекарданд.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд Ҷиҳоди Исломӣ ва гардонҳои муҷоҳидин масъулияти партоби мушакро бар уҳда гирифтаанд, аммо Ҳамос мавзеъе нагирифтааст.

Матолиби муртабит