Тасмими шурои шаҳри Глосгу барои барафроштани парчами Фаластин
Image copyrightBBC World ServiceТасмими шурои шаҳри Глосгу, бузургтарин шаҳри Искотланд барои барафроштани парчами Фаластин ҷанҷолбарангез шудааст.
Раиси Шурои шаҳри Глосгу эълом кардааст, ки парчами Фаластин дар ҳамбастагӣ бо мардуме, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, бар сохтмони шурои шаҳр афрошта мешавад.
Бо ин ҳол раиси анҷумани яҳудиёни ин шаҳр гуфтааст, ин тасмим ононро "хашмгин ва озурда” кардааст.
Ӯ гуфт ба эҳтизоз даровардани парчами Фаластин на аз ранҷи ҳеҷ як аз ду тараф кам мекунад ва на кумаке ба сулҳ мекунад.
Раиси шурои шаҳри Глосгу дар номае ба шаҳрдори Байтулмуқаддас навишта, ки дар посух ба баёнияи онон ва дар ҳамдардӣ бо мардуми Ғазза парчами Фаластин рӯзи ҷумъа (8 август) бар шурои шаҳри Глосгу барафрошта мешавад.
Тазоҳуроти пирӯзӣ дар Ғазза
Имрӯз дар шаҳри Ғазза садҳо нафар дар тазоҳуроте, ки Ҳамос бо унвони "Роҳпаймоии пирӯзӣ" баргузор кард, ширкат карданд.
Дар ин маросим баландгӯҳо сурудҳои пирӯзии Ҳамосро пахш мекарданд ва ширкаткунандагон парчамҳои Фаластин ва Ҳамосро ҳамл мекарданд. Онҳо шиъор медоданд: "Муқовимат! Муқовимат!"
Яке аз намояндагони маҷлиси фаластинӣ ва узви Ҳамос дар ин маросим гуфт: "Мо набарди низомиро бурдем ва иншооллоҳ дар набарди сиёсӣ ҳам пирӯз хоҳем шуд."
Аз рӯзи душанбе (4 август) оташбасе серӯза дар Ғазза барқарор шуда ва Исроил эълом карда, ки бо тамдиди ин оташбас мувофиқ аст.
Дар ҷараёни як моҳи амалиёти Исроил дар навори Ғазза дастикам 1875 фаластинӣ кушта шудаанд, ки мутобиқи тахмини Созмони Милал 85 дарсади онон ғайринизомӣ ҳастанд. Садҳо кӯдак ва чандин рӯзноманигор дар миёни қурбониён ҳастанд.
Дар муқобил 64 сарбоз ва ду ғайринизомии исроилӣ ва як коргари тойландӣ низ дар даргирӣ ва ё дар натиҷаи ҳамалоти рокетии гурӯҳҳои фаластинӣ кушта шуданд.
