Артиши Исроил оташбаси ҳафтсоъата эълом кард

  • 4 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Артиши Исроил мегӯяд беш аз 30 тунели Ҳамосро тахриб кардааст

Исроил оташбаси ҳафтсоъатаеро дар бештари нуқоти Ғазза эълом карда ва гуфта оташбас аз соъати 10-и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад.

Ин оташбас, ки Исроил онро "инсондӯстона" хонда, шаҳри Рафаҳ, дар ҷануби навори Ғаззаро дар бар нахоҳад гирифт, чаро ки ба гуфтаи Исроил, нерӯҳои низомии ин кишвар ҳанӯз дар Рафаҳ ҳузур доранд ва артиш ба ҳамалоти эҳтимолӣ дар ин минтақа посух хоҳад дод.

Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳадаф аз эъломи оташбаси яксӯя расондани кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза ва додани фурсат ба оворагони Фаластин барои ҷобаҷоӣ ва таҳияи озуқа аст. Аммо Ҳамос бо тардид ба ин оташбас нигоҳ мекунад.

Сомӣ Абӯзаҳрӣ, сухангӯйи Ҳамос, гуфта "артиши Исроил саъй дорад нигоҳҳоро аз кушторе, ки анҷом дода, мунҳариф кунад."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза мегӯяд ҳамалоти мушакии Ҳамос ба Исроил аз субҳи имрӯз, душанбеи 4 август, идома доштааст.

Комбизи Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ғазза мегӯяд оташбасҳое аз ин даст ба Исроил кумак мекунад каме аз фишори интиқодҳои байналмилалӣ, ки дирӯз афзоиш ёфта, бикоҳад.

Соъоте пеш аз эъломи оташбаси муваққат, Созмони Милали Муттаҳид ва Омрико ҳар ду башиддат аз Исроил ба хотири ҳамла ба наздикии мадрасае дар Рафаҳ интиқод карданд.

Мақомҳои фаластинӣ мегӯянд дар ин ҳамла дастикам даҳ нафар кушта шуданд.

Дабири кулли СММ ҳам дар баёнияе ин ҳамларо башиддат маҳкум карда ва онро иқдоме "муҷримона ва аз назари ахлоқӣ шаниҷ" хондааст

Баёнияи Бон Ки-мун ҳамлаи рӯзи якшанбе, севуми августро "мавриде дигар аз нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ" тавсиф карда ва хоҳони анҷоми таҳқиқоти фаврӣ ва шиносоии омилони он шудааст.

Вазорати хориҷаи Омрико ҳам дар баёнияе ҳамла ба муҳавватаи хориҷ аз як мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид дар Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Ғаззаро "шармовар" хонда ва намояндаи Омрико дар Созмони Милал хостори таҳқиқоти "комили фаврии" Исроил дар мавриди ин навъи ҳамалот шудааст.

Дар вокунише дигар Сомонто Повер, намояндаи Омрико дар Созмони Милал, ҳамлаи мушакӣ ба наздикии мадрасаи Созмони Милал дар Рафаҳро "ҳавлнок" хонд ва хостори таҳқиқоти комил ва фаврӣ дар бораи ин ҳодиса шуд.

Артиши Исроил мегӯяд, ки дар наздикии мадрасаи Созмони Милал дар Рафаҳ "се узви гурӯҳи ҷиҳоди исломиро, ки савор бар мутур будаанд", ҳадаф қарор додааст.

Ин севумин мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза аст, ки дар 10 рӯзи ахир ҳадаф қарор гирифтааст.

Дар тӯли 28 рӯзи даргирӣ беш аз 1800 фаластинӣ, ки бештарашон ғайринизомӣ будаанд, кушта шудаанд. Дар Исроил ҳам 67 нафар шомили 64 сарбоз, ду шаҳрванди Исроил ва як тойландӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Созмони Милал мегӯяд шумори оворагони фаластинӣ ба беш аз 480 ҳазор нафар расидааст; шуморе, ки тақрибан беш аз як чаҳоруми ҷамъияти Ғазза аст.

"Кашфи мутурсиклет дар тунелҳои Ҳамос"

Имрӯз артиши Исроил эълом кард се мутурсиклет ва миқдоре таҷҳизоти низомӣ шомили моску маводди мунфаҷира дар яке аз тунелҳои тахрибшудаи Ҳамос пайдо кардааст.

Артиши Исроил мегӯяд ин бузургтарин таҷҳизоте аст, ки то кунун дар тунелҳои Ҳамос муваффақ ба касби он шудааст.

Ба гуфтаи артиш, мутурсиклетҳо ва таҷҳизоти ҷонибии он ба манзури нуфуз ва анҷоми амалиёт дар хоки Исроил тарроҳӣ шудааст.

Исроил мегӯяд ҳадафаш аз ҳамла ба Ғазза тахриби тунелҳо ва таҷҳизоти низомии мушакии Ҳамос аст

То кунун гузориш шуда беш аз 30 тунели зерзаминии Ҳамос дар марзҳои Ғазза ва Исроил тахриб шудааст.

Матолиби муртабит