"Ҳамлаи маргбор ба мадрасаи Созмони Милал дар Ғазза"

  • 3 Август, 2014
Image copyrightAFP

Масъулони бемористоне дар Ғазза мегӯянд, ки дастикам 10 нафар дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба як мадрасаи таҳти пӯшиши Созмони Милали Муттаҳид дар Рафаҳ кушта шуданд.

Банобар гузоришҳо ҳазорон нафар аз аҳолии Рафаҳ дар ҷануби Ғазза барои фирор аз ҳамалоти Исроил ба ин мадраса паноҳ бурдаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ як мушак ба вурудии мадраса исобат кардааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки беш аз 250 ҳазор нафар дар ҷараёни ҳамалоти Исроил ба Ғазза овора шудаанд, ки теъдоди зиёде аз онҳо ба мадориси Созмони Милали Муттаҳид дар ин минтақа паноҳ бурдаанд.

Ҳамалоти ҳавоии Исроил дар тӯли шаби гузашта ва бомдоди имрӯз идома дошта ва ба гуфтаи масъулон дар Ғазза дастикам 30 нафар дар ин ҳамалот кушта шудаанд.

Банобар гузоришҳо ду рокет ҳам аз Ғазза ба суи Исроил партоб шудааст.

Як сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки нерӯҳои Исроил аз бахше аз Ғазза хориҷ шудаанд, аммо амалиёти низомӣ ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Ҳамзамон намояндагоне аз Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ барои ширкат дар музокироти оташбас ба Қоҳира, пойтахти Миср рафтаанд.

Исроил гуфтааст, ки намояндае ба Миср нахоҳад фиристод.

"Фоҷиъаи дармонӣ"

Рӯзи якшанбе сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза дар бораи вуқуъи сареъи "фоҷиъаи беҳдоштӣ ва дармонӣ дар абъоди васеъ" дар ин минтақа ҳушдор дод ва гуфт, ки хадамоти пизишкӣ дар Ғазза "дар остонаи фурӯпошӣ" аст.

Крис Гонс, сухангӯи Ожонси имдоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза гуфт, ки аз ибтидои даргириҳо миёни Исроил ва Ҳамос то кунун 1700 нафар дар Ғазза кушта ва беш аз 250 ҳазор нафар овора шудаанд.

Дар тарафи исроилӣ то кунун 67 нафар кушта шудаанд, ки се нафар аз онҳо ғайринизомӣ буданд.

Ба гуфтаи оқои Гонс як сеюм аз бемористонҳои Ғазза, 14 дармонгоҳ ва даҳҳо омбулонс дар ҷараёни ҳамалот осеб дидаанд.

Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза гуфт, ки дастикам панҷ нафар аз хадамаи дармонӣ кушта ва даҳҳо нафар аз онҳо захмӣ шудаанд. 40 дарсад аз коркунон наметавонанд дар маҳали корашон ҳозир шаванд.

Он чӣ ки оқои Гонс аз он ба унвони "воқеъияти инсонии ваҳшатнок ва рӯ ба густариш" ёд кард, вазъияти захмиҳо дар Ғазза буд, ки ба гуфтаи ӯ теъдоди онҳо аз 20 рӯзи пеш то кунун ба ҳашт ҳазор нафар расида, ки баъзе аз онҳо дар шароити буҳронӣ ҳастанд.

Матолиби муртабит