Як сарбози исроилӣ ба асорати фаластиниён даромад

  • 1 Август, 2014
Image copyrightReuters

Артиши Исроил бо интишори баёнияе гуфтааст, ки шавоҳиди аввалия ҳокӣ аз он аст, ки як узви артиш тавассути гурӯҳҳои фаластинӣ "рабуда шудааст."

Ҳамзамон, бархе манобеъи исроилӣ ба нақл аз гурӯҳи Ҳамос гузориш кардаанд, ки афроди ин гурӯҳ як низомии исроилиро ба гаравгон гирифтаанд.

Дар баёнияи артиши Исроил омадааст, ки сарбози исроилӣ ҳудуди соъати 9:30 дақиқаи бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҷараёни амалиёти аз кор андохтани як тунели марзӣ мафқуд шуд ва таҳқиқот дар ин замина идома дорад.

Ин баёния меафзояд, ки амалиёти густардае барои ёфтани фарди мафқуд дар ҷараён аст ва ин воқеъа ба иттилоъи хонаводаи ӯ расидааст.

Номи афсари исроилӣ, ки эҳтимолан тавассути Ҳамос ба асорат гирифта шуда, аз тарафи Ҳамос "Ҳадор Гулдин" эълом шудааст.

Дар соли 2006 фаластиниён як сарбози исроилиро ба номи Гилъод Шалит асир гирифтанд ва панҷ сол ӯро дар асорат нигаҳ доштанд. Дар моҳи ноябри соли 2011 фаластиниён ин сарбози исроилиро ба ивази озодии як ҳазор зиндонии фаластинӣ озод карданд.

Image copyrightEPA.OLIVER WEIKEN

Вазири хориҷаи Миср ба Би-би-сӣ гуфт, ки Миср омодаи мизбонӣ аз музокиракунандагони Исроил ва фаластиниён аст. Сухангӯйи Вазорати хориҷаи Исроил ҳам ба Би-би-сӣ гуфта, ки музокироти Қоҳира ҳамчунон анҷом хоҳад шуд.

Артиши Исроил бо судури иттилоъияе ба сокинони Ғазза ҳушдор додааст, ки амалиёти низомии худро аз сар мегирад ва аз онон хоста ба хонаҳояшон бозгарданд. Бо таваҷҷуҳ ба изҳороти сухангӯи нахуствазир шароит мубҳам ба назар мерасад.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алақсо, мутаъаллиқ ба гурӯҳи Ҳамос, Сомӣ Абузуҳрӣ, сухангӯи ин гурӯҳ, гуфтааст, ки ин иддиъои Исроил, ки як сарбози он кишвар дар Ғазза асир шуда, "талоше барои инҳирофи афкори умумӣ барои пардапӯшии кушторҳои ҳавлнок, бахусус дар Рафаҳ аст."

Image copyrightAFP

Як манбаъи артиши Исроил гуфтааст, ки дар пайи асорати як низомии исроилӣ, оташбаси серӯза тамом шудааст. Вай афзуда, ки ин низомии исроилӣ ҳангоме асир шуд, ки дар амалиёти инҳидоми як тунели зерзаминӣ ширкат дошт ва гурӯҳи ӯ ҳадафи ҳамлаи пайкорҷӯён, аз ҷумла як муҳоҷими интиҳорӣ, қарор гирифт.

Исроил мегӯяд мехоҳад ҳамалоти рокетии Ҳамос аз Ғаззаро мутаваққиф кунад ва ба таҳдиде, ки аз ноҳияи тунелҳои минтақа мутаваҷҷеҳи Исроил аст, поён диҳад. Ҳамос хоҳони поён додани муҳосираи Ғазза аз ҷониби Исроил ва Миср аст.

Мақомҳои беҳдоштии фаластинӣ мегӯянд ҳудуди 1460 фаластинӣ, ки бештари онҳо ғайринизомӣ будаанд, дар даргириҳои ҷорӣ кушта шудаанд. Аз тарафи Исроил низ 63 нафар, ки умдатан сарбоз буданд, кушта шудаанд.

Исроил дар айни ҳол гуфтааст, ки агар Ҳамос нақзи тавофуқи оташбасро мутаваққиф кунад, муҷаддадан оташбасро аз сар хоҳад гирифт. Оташбаси серӯза дар Ғазза танҳо чанд соъат давом оварда ва Исроил гуфтааст, ки амалиёти низомии худро дар минтақа аз сар хоҳад гирифт.

Image copyrightAP

Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, амалкарди Исроил дар буҳрони ахири Ғаззаро "ҷинояти ҷангӣ" номида ва аз ҷомеъаи байналмилал ба хотири "инфиъол" дар муқобили ин буҳрон интиқод кардааст.

Шабакаи телевиюнии Алақсо аз даргирии фаластиниён ва низомиёни Исроил дар шаҳрҳои Бейтлаҳм ва Алхалил хабар додааст. Мортин Пейшенс, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ғазза, мегӯяд, ки даргириҳо танҳо чаҳор соъат пас аз оғози оташбаси 82-соъата шурӯъ шуд.

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, бо оғози дубораи бумборонҳои Исроил анбӯҳе аз мардуми Ғазза дар ҳоли фироранд ва боз ҳамон саҳнаҳои яъсу ошуфтагӣ дар Ғазза ҳоким шудааст.

Image copyrightAFP

Матолиби муртабит