Артиши Исроил 16 ҳазор нерӯи захираро эҳзор кард
Image copyrightAFPБо идомаи ҷанг дар Ғазза, артиши Исроил теъдоди дигаре аз афроди захираро ба хидмат эҳзор карда ва аз омодагии худ барои "пӯзишхоҳӣ" аз исобати гулӯла ба маҳали искони оворагони ҷанги Ғазза сухан гуфтааст.
Рӯзи панҷшанбе, 9 тир (31 июл) сухангӯи артиши Исроил эълом кард, ки бо таваҷҷуҳ ба идомаи амалиёти низомӣ дар навори Ғазза, дастури эҳзори шонздаҳ ҳазор тани дигар аз афроди захираи артишро содир кардааст. То кунун ҳаштоду шаш ҳазор тан аз афроди захираи артиши Исроил ба хидмат эҳзор шудаанд.
Амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза рӯзи 8 июл бо ҳамалоти ҳавоӣ оғоз шуд ва дар рӯзи 17 июл, бо убури воҳидҳои заминӣ аз марз бо Ғазза густариш ёфт. Исроил ҳадаф аз амалиёти Ғаззаро нобудии тавони мушакии Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ ва инҳидоми тунелҳо эълом дошта, ки ба гуфтаи мақомоти низомии исроилӣ пайкорҷӯёни фаластинӣ аз онҳо барои рахна ба хоки Исроил истифода мекунанд.
Рӯзи гузашта навори Ғазза шоҳиди амалиёти сангини ҳавоӣ ва заминии Исроил буд ва ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ ва исроилӣ дар ин рӯз беш аз яксаду даҳ фаластинӣ ва се сарбози исроилӣ кушта шуданд. Ба ин тартиб шумори талафоти ҷанги Ғазза ба беш аз як ҳазору сесаду шаст фаластинӣ мерасад, ки аксари онон ғайринизомиён будаанд. Шумори кушташудагони Исроил дар ин муддат панҷоҳу шаш низомӣ ва се ғайринизомӣ гузориш шуда, ки ғайринизомиён дар асари исобати мушакҳои партобшуда аз Ғазза ҷони худро аз даст додаанд.
Тасмими артиши Исроил ба эҳзори нафароти бештар метавонад ба маънии он бошад, ки давлати Исроил дар назар надорад ба зудӣ ба амалиёти Ғазза поён диҳад. Дар ҳоле ки дар мароҳили аввалияи ин ҷанг давлати Исроил эҳтимолан ба далели афзоиши талафоти ғайринизомӣ ва нигаронӣ аз фишори афкори умумӣ дар дохил ва хориҷ ба барқарории оташбас гароиш нишон медод, бо идомаи ҷанг ва алоими ҳокӣ аз ҳимояти мардуми Исроил аз ин ҷанг мақомоти давлатӣ бар дастёбӣ ба "аҳдофи" худ дар Ғазза, шомили нобудӣ ё дастикам тазъифи тавони мушакии фаластиниён ва инҳидоми тунелҳои марзӣ таъкид ниҳодаанд.
Бо афзоиши талафоти артиши Исроил ба назар мерасад, ки давлати ин кишвар дар назар надорад бидуни таҳаққуқи бахши қобили таваҷҷуҳе аз ин аҳдоф ба ҷанги кунунӣ хотима диҳад. Рӯзи гузашта манобеъи низомии Исроил гуфтанд, ки то кунун сиву ду тунели марзиро кашф ва аксари онҳоро мунҳадим кардаанд ва интизор меравад тайи чанд рӯзи оянда сойири тунелҳоро низ шиносоӣ ва нобуд кунанд.
Артиши Исроил дар иҷрои амалиёти нобудии тунелҳои марзӣ як навори секилуметрӣ дар марзи шимолии Ғаззаро ба минтақаи ҷангӣ табдил карда ва ҳадафи ҳамалоти сангин қарор додааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ин навори амалиётӣ бахши бузурге аз сарзамини Ғаззаро шомил мешавад ва бо таваҷҷуҳ ба тарокуми ҷамъият дар ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ ҳамалоти заминии Исроил ҳам талафоти густардаи ғайринизомиро дар пай доштааст.
Рӯзи гузашта инфиҷор дар як мадрасаи таҳти назари Созмони Милал, ки яке аз марокизи амни маҳали искони гурӯҳе аз беҷошудагони ҷанги Ғазза буд, талафоте бар ҷой гузошт. Ин нахустин бор набуд, ки як маркази искони оворагон ҳадаф қарор мегирифт ва Исроил масъули ин ҳамла дониста мешуд. Дар бархе мавориди қаблӣ Исроил гуфта буд, ки инҳирофи мушаки фаластиниён аз масири он боъиси чунин ҳаводисе шуда, ҳарчанд дар ин маворид шавоҳиди мушаххасе ироа надодааст.
Ҳамлаи дирӯз бо вокуниши тунди Созмони Милал ва шуморе аз давлатҳо аз ҷумла мақомоти омрикоӣ, мувоҷеҳ шуд. Созмони Милал гуфтааст, ки дар ҳамлаи рӯзи гузашта дастикам понздаҳ нафар аз ҷумла теъдоде кӯдак кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд ва мушаххасан таъкид карда, ки нерӯи заминии Исроил масъули ин ҳамла будааст. Рӯзи гузашта дабири кули Созмони Милал бо маҳкум кардани ин ҳамла онро густохона ва ғайриқобили тавҷеҳ хонд ва сухангӯи вай низ гуфт, ки қаблан ба воҳидҳои артиши Исроил итилоъ дода шуда буд, ки ин маҳал таҳти назари Созмони Милал қарор дорад ва ба искони оворагон ихтисос ёфтааст.
Рӯзи панҷшанбе, сухангӯи артиши Исроил гуфт, ки мавзуъи ҳадаф қарор гирифтани ин мадраса дар дасти баррасӣ аст. Вай афзуд дар сурате ки нерӯҳои исроилӣ ин мадрасаро ба иштибоҳ ҳадаф қарор дода бошанд, артиши Исроил расман аз ин воқеа пӯзиш хоҳад хост. Мақомоти исроилӣ мегӯянд қабл аз анҷоми амалиёти ҳавоӣ ва заминӣ ба ҳар нуқта дар Ғазза пешопеш ба ғайринизомиёни ҳозир дар маҳал ҳушдор медиҳад, аммо манобеи фаластинӣ ин ҳушдорро кофӣ ва ба мавқеъ надониста.
