Зарфи 24 соъат беш аз сад фаластинӣ аз ҳамалоти Исроил кушта шуданд
Image copyrightReutersМақомоти бемористонӣ дар Ғазза мегӯянд аз замони нақси оташбаси рӯзи ҷумъа беш аз яксад фаластинӣ дар асари ҳамалоти мушакии Исроил кушта шудаанд.
Бисёре аз ин афрод дар дохил ё атрофи шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғазза кушта шудаанд.
Ду сарбози исроилӣ низ дар ин минтақа кушта шудаанд ва Исроил мегӯяд севумин сарбоз низ тавассути Ҳамос рабуда шудааст.
Аммо Ҳамос мегӯяд итилоъе аз сарнивишти Ҳадор Гулдин, сарбози 23-солаи исроилӣ, надорад.
Гурдонҳои Иззуддини Қисом, шохаи низомии Ҳамос, таъкид карда, ки сарбози исроилӣ дар ихтиёри ин гурӯҳ нест ва ӯ низ мумкин аст дар як ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуда бошад.
Ҳамос дар баёнияе эълом карда, ки тамос бо як гурӯҳи амалиётиро, ки дар минтақаи мавриди иддиъои Исроил ҳузур дошта, аз даст дода ва ба ин тартиб, эҳтимол медиҳад, ки тамомии аъзои ин гурӯҳ бар асари бумборон ва ҳамалоти Исроил мумкин аст кушта шуда бошанд.
Ба гуфтаи Ҳамос, агар сарбози исроилӣ ҳам тавассути ин гурӯҳи амалиётӣ ба асорат даромада бошад, эҳтимолан ӯ ҳам ҳамроҳ бо нерӯҳои Ҳамос кушта шудааст.
Мафқуд шудани Ҳадор Гулдин ва хушунатҳои пас аз он рӯзи ҷумъа ба як оташбаси 82-соъата поён дод. Ин оташбас танҳо чанд соъат давом овард.
Ҳамос Исроилро ба нақзи ин оташбас муттаҳам карда, аммо Вазорати дифоъи Исроил гуфтааст, ки маҷбур шудааст ба оташи рокетии Ҳамос посух диҳад.
Ҷанги ҷории Исроил ва фаластиниҳо аз 26 рӯз пеш оғоз шуд. Ба гуфтаи манобеъи беҳдоштӣ дар Ғазза, дар ин муддат дастикам 1600 фаластинӣ кушта шудаанд, ки бештари онҳо ғайринизомӣ буданд ва 8400 фаластинӣ низ маҷрӯҳ шудаанд.
Аз тарафи Исроил низ 61 сарбоз ва се ғайринизомӣ кушта шудаанд.
