Исроил дақоиқе баъд аз оташбас ба Ғазза ҳамла кард

Дақоиқе баъд аз шуруъи оташбасе, ки Исроил эълом карда буд, артиши ин кишвар ба дастикам ду хона дар Ғазза ҳамла кард. Ҳамзамон пулиси Исроил мегӯяд дар Байтулмуқаддас ронандаи як худрави сангин қасд дошта ба як утубус ҳамла кунад.
Пулиси Исроил ин ҳамларо "терруристӣ" тавсиф карда ва гуфта баъд аз бархурди бели меконикӣ бо утубус ва як худрави дигар, яке аз маъмурони пулис бо шиллик монеъи идомаи ҳаракати бели меконикӣ шуд.
Гузориш шуда як исроилӣ кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Пулиси Исроил машғули таҳқиқ дар бораи ҳуввияти ронандаи бели меконикӣ аст.
Пулиси Исроил фаластиниёнро барои ин ҳодиса муттаҳам кардааст.
Имрӯз дар Ғазза баъд аз шуруъи оташбаси Исроил ду хона ҳадаф гирифта шуд, ки аввалин ҳадаф хонае чаҳортабақа дар ноҳияи ғарбии Ғазза ва наздики хонаи Исмоил Ҳания аз раҳбарони аршади Ҳамос буд.
Комбиз Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ, ки дар маҳали инфиҷор ҳузур дошта, мегӯяд: “Вақте расидам талош барои берун овардани захмиҳо ва куштаҳои эҳтимолӣ идома дошт. Хонаи чаҳортабақаии мутаъаллиқ ба хонаводаи Албакрӣ вайрон шуда. Манобеъи фаластинӣ мегӯянд як нафар кушта ва 13нафари захмӣ шудаанд.
Илова бар хонаи хонаводаи Албакрӣ як хонаи дигар ҳам дар маркази шаҳри Ғазза дар урдугоҳи паноҳандагони Насиро ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил қарор гирифта, ки дастикам чаҳор нафар дар он захмӣ шудаанд.
Бомдоди имрӯз душанбе, 4 август дар ҳоле ки интиқодоти байналмилалӣ аз ҳамлаи Исроил дар наздикии як мадраса шиддат гирифта буд, Исроил эълом кард оташбаси инсондӯстонаи ҳафтсоъатаро аз соъати 10 субҳ ба вақти маҳаллӣ иҷро мекунад, ки шаҳри Рафаҳ дар ҷануби навори Ғаззаро дарбар нахоҳад гирифт. Чиро ки ба гуфтаи Исроил нерӯҳои низомии ин кишвар ҳануз дар Рафаҳ ҳузур доранд ва артиш ба ҳамалоти эҳтимолӣ дар ин минтақа посух хоҳад дод.
Ба гуфтаи артиши Исроил ҳадаф аз эъломи оташбаси яксуя расондани кумакҳои инсондӯстона ба Ғазза ва додани фурсат ба оворагони Фаластин барои ҷобаҷоӣ ва таҳияи озуқа аст. Аммо Ҳамос бо тардид дар бораи ин оташбас изҳори назар кардааст.
Ҳамос: Оташбасро қабул надорем
Сомӣ Абӯзаҳрӣ, сухангӯйи Ҳамос, гуфта "артиши Исроил саъй дорад нигоҳҳоро аз кушторе, ки анҷом дода, мунҳариф кунад."
Оқои Абузаҳрӣ аз мардуми Ғазза хоста буд ба ҳарфи артиши Исроил гӯш накунанд ва ба манотиқи шимоли навори Ғазза бознагарданд, чиро ки ба гуфтаи сухангӯи Ҳамос Исроил дубора ҳамла хоҳад кард.
Хабарнигори мо дар Ғазза гузориш медиҳад ҳамалоти мушакии Ҳамос ба Исроил аз субҳи имрӯз, душанбеи 4 август идома доштааст.
Комбизи Фаттоҳӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ғазза мегӯяд оташбасҳое аз ин даст ба Исроил кумак мекунад каме аз фишори интиқодҳои байналмилалӣ, ки дирӯз афзоиш ёфта, бикоҳад.
Соъоте пеш аз эъломи оташбаси муваққат, Созмони Милали Муттаҳид ва Омрико ҳар ду башиддат аз Исроил ба хотири ҳамла ба наздикии мадрасае дар Рафаҳ интиқод карданд.
Мақомҳои фаластинӣ мегӯянд дар ин ҳамла дастикам даҳ нафар кушта шуданд.
Дабири кулли СММ ҳам дар баёнияе ин ҳамларо башиддат маҳкум карда ва онро иқдоме "муҷримона ва аз назари ахлоқӣ шаниҷ" хондааст.
Баёнияи Бон Ки-мун ҳамлаи рӯзи якшанбе, севуми августро "мавриде дигар аз нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ" тавсиф карда ва хоҳони анҷоми таҳқиқоти фаврӣ ва шиносоии омилони он шудааст.
Вазорати хориҷаи Омрико ҳам дар баёнияе ҳамла ба муҳавватаи хориҷ аз як мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид дар Рафаҳ, воқеъ дар ҷануби Ғаззаро "шармовар" хонда ва намояндаи Омрико дар Созмони Милал хостори таҳқиқоти "комили фаврии" Исроил дар мавриди ин навъи ҳамалот шудааст.
Дар вокунише дигар Сомонто Повер, намояндаи Омрико дар Созмони Милал, ҳамлаи мушакӣ ба наздикии мадрасаи Созмони Милал дар Рафаҳро "ҳавлнок" хонд ва хостори таҳқиқоти комил ва фаврӣ дар бораи ин ҳодиса шуд.
Артиши Исроил мегӯяд, ки дар наздикии мадрасаи Созмони Милал дар Рафаҳ "се узви гурӯҳи ҷиҳоди исломиро, ки савор бар мутур будаанд", ҳадаф қарор додааст.
Ин севумин мадрасаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ғазза аст, ки дар 10 рӯзи ахир ҳадаф қарор гирифтааст.
Дар тӯли 28 рӯзи даргирӣ беш аз 1800 фаластинӣ, ки бештарашон ғайринизомӣ будаанд, кушта шудаанд. Дар Исроил ҳам 67 нафар шомили 64 сарбоз, ду шаҳрванди Исроил ва як тойландӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Созмони Милал мегӯяд шумори оворагони фаластинӣ ба беш аз 480 ҳазор нафар расидааст; шуморе, ки тақрибан беш аз як чаҳоруми ҷамъияти Ғазза аст.
"Кашфи мутурсиклет дар тунелҳои Ҳамос"
Имрӯз артиши Исроил эълом кард се мутурсиклет ва миқдоре таҷҳизоти низомӣ шомили моску маводди мунфаҷира дар яке аз тунелҳои тахрибшудаи Ҳамос пайдо кардааст.
Артиши Исроил мегӯяд ин бузургтарин таҷҳизоте аст, ки то кунун дар тунелҳои Ҳамос муваффақ ба касби он шудааст.
Ба гуфтаи артиш, мутурсиклетҳо ва таҷҳизоти ҷонибии он ба манзури нуфуз ва анҷоми амалиёт дар хоки Исроил тарроҳӣ шудааст.
Исроил мегӯяд ҳадафаш аз ҳамла ба Ғазза тахриби тунелҳо ва таҷҳизоти низомии мушакии Ҳамос аст.
То кунун гузориш шуда беш аз 30 тунели зерзаминии Ҳамос дар марзҳои Ғазза ва Исроил тахриб шудааст.
