Борунес Ворисӣ дар эътироз ба сиёсатҳои Бритониё дар Ғазза канорагирӣ кард
Image copyrightGettyБорунес Саъида Ворисӣ, яке аз муъовинони вазорати хориҷаи Бритониё, дар эътироз ба сиёсатҳои давлат дар иртибот бо буҳрони Ғазза аз мақоми худ канорагирӣ кардааст.
Хонуми Ворисӣ, ки замоне аз муттаҳидони наздики Дейвид Комерун, нахуствазири Бритониё, буд, бо эъломи ин хабар дар Твитери худ навишт, ки "бо ниҳояти таассуф" ин тасмими худро ба иттилоъи оқои Комерун расондааст.
Ӯ дар номаи истеъфои худ сиёсатҳои давлати Бритониё дар қиболи Ғаззаро "аз назари ахлоқӣ ғайриқобили дифоъ" хонда ва гуфта ин сиёсатҳо дар ростои манофеъи миллии Бритониё нест ва таъсире баландмуддат бар ваҷҳаи ин кишвар дар дохил ва хориҷ хоҳад дошт.
Ник Клаг, муъовини нахуствазири Бритониё, дар вокуниш ба истеъфои хонуми Ворисӣ гуфт, ки ихтилофи назар бар сари буҳрони Ғазза дар давлати Бритониё масъалае пинҳон нест ва афзуд хонуми Ворисӣ дар бораи ин мавзӯъ "дидгоҳе қотеъ" дошт.
Борунес Ворисӣ, ки то имрӯз муъовини ҷавомеъ ва адёни вазорати хориҷаи Бритониё буд, аввалин зани мусалмоне аст дар кобине ҳузур доштааст.
Хонуми Ворисӣ узви маҷлиси аъёни Бритониёст, ки пеш аз ин раиси идории ҳизби муҳофизакор ҳам будааст.
Ӯ, ки яке аз панҷ духтари як хонаводаи муҳоҷири покистонӣ аст, пеш аз вуруд ба сиёсат, вакили ҳуқуқӣ будааст.
Интқод аз Комерун
Хонуми Ворисӣ дар Твитери худ хоҳони иқдоми муассиртари ҷомеъаи байналмилал барои поён додан ба буҳрони Ғазза шудааст.
Ӯ ҳудуди ду ҳафта пеш дар Твитераш навишт: "Куштори ғайринизомиёни бегуноҳ бояд мутаваққиф шавад. Оташбас бояд фавран барқарор шавад. Раҳбарони ду тараф бояд ба ранҷи мардум поён диҳанд."
Се рӯз баъд ӯ твити дигаре навишт: "Мумкин аст тавҷеҳи куштори кӯдаконро мутаваққиф кунед? Сиёсатҳои мо ҳарчи бошад, наметвонад тавҷеҳкунанда бошад, танҳо таассуфовар аст."
Бархе намояндагони ҳизби муҳофизакори Бритониё, ки муътақиданд иқдомоти Исроил номутаносиб буда, аз мавзеъи Дейвид Комерун, раҳбари ҳизб ва нахуствазир дар қиболи буҳрони Ғазза интиқод кардаанд ва аз ӯ хостаанд мавзеъи муҳкамтаре дар муқобили Исроил дар пеш бигирад.
Ҳамалоти Исроил ба Ғазза то кунун беш аз 1800 кушта ба ҷо гузошта, ки бештари онҳо ғайринизомӣ будаанд. Дар тарафи муқобил 67 нафар кушта шудаанд, ки аксарияти қариби ба иттифоқи онҳо низомӣ будаанд.
Имрӯз, сешанбе, Ҳамос ва Исроил бо оташбасе серӯза мувофиқат карданд ва артиши Исроил эълом кард, ки нерӯҳои заминии худро аз навори Ғазза хориҷ кардааст.
