Дар ҷанги Ғазза оташбаси серӯза барқарор шуд

  • 5 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Барқарории оташбас фурсате барои бозгашти Ғазза ба шароити оддӣ аст

Дар ҷанги Ғазза оташбаси муваққат барқарор шуда ва Исроил гуфтааст бо оғози оташбас воҳидҳои заминии худро аз Ғазза хориҷ мекунад.

Рӯзи сешанбеи 5 август аз соъати 8-и субҳ ба вақти Ғазза ба муддати 72 соъат дар ҷанги Ғазза оташбас барқарор шудааст.

Тавофуқ бо оташбаси 72-соъата бо миёнҷигарии давлати Миср ва пас аз музокира бо намояндагони Исроил ва фаластиниён дар Қоҳира ба даст омада ва мақомоти мисрӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки бо таваққуфи муваққати ҷанг, замина барои музокироти бештар ҷиҳати барқарории оташбаси доим фароҳам шавад.

Лаҳазоте қабл аз оғози оташбас, теъдоде мушак аз Ғазза ба сӯйи Исроил партоб шуд ва садои ожири хатар дар шаҳрҳои Тел-Овив ва Байтулмуқаддас ба садо даромад.

Пештар давлати Исроил эълом карда буд, ки "бидуни қайду шарт" бо пешниҳоди Миср барои барқарории оташбаси 72-соъата мувофиқат кардааст ва гурӯҳи Ҳамос низ қавл дод, ки ин оташбасро риъоят кунад.

Исроил гуфтааст, ки ҳайъатеро низ ҷиҳати музокира ба манзури дастёбӣ ба тавофуқи оташбаси доим равонаи Миср хоҳад кард. Музокироти Қоҳира бо ҳузури намояндагони Исроил ва ҳамчунин Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ ва Ҳамос сурат гирифт.

Image copyrightAFP
Image caption Исроил воҳидҳои заминии худро аз Ғазза хориҷ мекунад

Бо эъломи тавофуқи оташбас, дабири кулли Созмони Милал аз ду тараф хост, то "ҳарчи зудтар музокиротеро дар Қоҳира ба манзури бароқарории оташбаси доим ва ҳаллу фасли масоили мавриди ихтилоф" оғоз кунад ва аз "мушорикати фаъъолонаи ҳайъати фаластинӣ ба раҳбарии Маҳмуди Аббос, раиси Ташкилоти Худгардон" дар музокироти Қоҳира қадрдонӣ кард.

Вай гуфт Созмони Милал аз ҳар музокирае барои барқарории сулҳ ҳимоят мекунад. Дабири кулли Созмони Милал пештар ҳамлаи Исроил ба як мадрасаи маҳалли искони оворагони ҷангӣ дар Ғаззаро башиддат мавриди интиқод қарор дода буд.

Субҳи сешанбе родиюи артиши Исроил ҷадидтарин иттилоъияи низомӣ марбут ба ҷанги Ғаззаро пахш кард, ки дар он омадааст, ки воҳидҳои заминии артиш дастикам сиву ду тунели марзӣ ва даҳҳо ҳафраи дастрасӣ ба тунелро дар марз бо Ғазза мунҳадим кардаанд.

Манобеъи исроилӣ гуфтаанд, ки артиши ин кишвар маъмурияти нерӯи заминӣ дар амалиёти инҳидоми тунелҳоро анҷомшуда талаққӣ мекунад ва бо оғози оташбас воҳидҳои заминӣ аз навори Ғазза хориҷ ва дар наздики марз мустақар мешаванд.

Матолиби муртабит