Керрӣ аз ду тараф хост аз фурсати оташбаси Ғазза истифода кунанд

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, Исроил ва фалстиниҳоро тарғиб кардааст аз фурсати оташбаси Ғазза барои ҳаракат ба сӯйи музокироти васеътар барои ҳалли ихтилофоташон истифода кунанд.
Оқои Керрӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки вазъи ҷорӣ метавонад боъиси тамаркуз бар ниёз ба музокира ҷиҳати ёфтани роҳи ҳалле мубтанӣ бар ташкили кишвари фаластинӣ дар канори Исроил шавад.
Ҳамакнун як оташбаси 72-соъата дар Ғазза барқарор аст, ки дар пайи чаҳор ҳафта набард, ки ҷони беш аз 1900 нафарро гирифта барқарор шудааст.
Исроил ва фаластиниҳо ҳайъатҳоеро барои баҳс дар бораи имкони як оташбаси дарозмуддаттар ба Қоҳира фиристодаанд.
"Масъулиятпазирии бештар"
Оқои Керрӣ дар мусоҳиба бо Зайнаб Бадовӣ дар барномаи "Ҳордток"-и Би-би-сӣ гуфт, ки Омрико комилан аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ алайҳи ҳамалоти рокетии пайкорҷӯён ҳимоят мекунад.
Ӯ гуфт: "Ҳеҷ кишваре наметавонад дар ин шароит зиндагӣ кунад ва Иёлоти Муттаҳида комилан аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ дар чунин шароите дифоъ мекунад."
Ӯ гуфт, ки Ҳамос кунтрули Ғаззаро дар даст дорад "бо корҳое, ки карда, рафтори такондиҳандае аз худ нишон додааст ва бале дар натиҷа хисороти ҷонибии ҳавлноке ҳам ба вуҷуд омада."
Ӯ дар посух ба ин савол, ки оё аз дархостҳои фаластиниҳо барои бардоштани инсидоди Ғазза ҳимоят мекунад, гуфт: "Чизе, ки мо мехоҳем анҷом диҳем, ҳимоят аз орзуи фаластиниҳо барои беҳбуди зиндагии худ ва расидани ғизо ба Ғазза ва гушоиши гузаргоҳҳои марзӣ ва бозсозӣ ва доштани озодии бештар аст."
Аммо ӯ изофа кард, ки ин вазъ бояд "бо масъулиятпазирии бештар нисбат ба Исроил ҳамроҳ бошад, ки ба маънии канор гузоштани рокетҳост."
Оқои Керрӣ гуфт, ки ҳамаи инҳо фақат бо як "рӯйкарди васеътар ва ҷомеътар ба роҳи ҳалли зербиноӣ барои ду кишвар", ки барои Исроил амният ва барои "фаластиниҳо як зиндагии беҳтар ва озодиҳои бештар" хоҳад овард, мумкин хоҳад шуд.
Оташбаси 72-соъатаи ҷорӣ аз ҳашти субҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд ва то кунун риъоят шудааст.
Исроил ҳама нерӯҳояшро аз Ғазза хориҷ карда ва бисёре аз мардуми Ғазза шурӯъ ба бозгашт ба хонаҳояшон ё овору харобии баҷомонда кардаанд.
Дар таҳаввуле ҷудогона дар рӯзи сешанбеи Исроил эълом кард, ки як фаластиниро, ки мазнун ба мушорикат дар рабоиш ва қатли се ҷавони исроилӣ дар моҳи июн аст, дастгир карда.
Марги ин се ҷавон ва баъд қатли зоҳиран интиқомҷӯёнаи як навҷавони фаластинӣ аз авомили калидӣ дар афзоиши таниш дар ин фосила будааст.
