Ҳамос: Аз шикоят ба Девони Кайфарии Байналмилалӣ ҳимоят мекунем
Image copyrightAFPҶанги Ғазза вориди чиҳилумин рӯзи худ шуда ва нерӯҳои исроилӣ дишаб ва имрӯз ҳамалоте дар Навори Ғазза анҷом додаанд.
Дар ҷараёни ҳамалоти рӯзи шанбе дастикам панҷ фаластинӣ, аз ҷумла ду кӯдак, кушта шудаанд.
Рӯзи ҷумъа ҳам як кӯдаки исроилӣ бо рокете, ки аз Ғазза шиллик шуда буд, кушта шуд. Дар пайи он Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, гуфт, ки амалиёти нерӯҳои исроилӣ дар Ғазза ташдид мешавад.
Рӯзи шанбе аз қавли мақомҳои аршади Ҳамос нақл шудааст, ки ин гурӯҳ аз ҳар гуна тарҳи шикояти фаластиниён дар Девони Кайфарии Байналмилалӣ истиқбол мекунад.
Дар ҳафтаҳои ахир мақомҳои Ташкилоти Худгардони Фаластинӣ гуфтаанд, ки мехоҳанд Исроилро дар Девони Кайфарии Байналмилалӣ ба иртикоби ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам кунанд.
Бархе нисбат ба мавзеъи мувофиқи Ҳамос дар ин бора тардид доштанд ва мегуфтанд худи ин гурӯҳ низ ба далели ҳадаф қарор додани ғайринизомиёни исроилӣ ва ҷой додани таҷҳизот ва афроди низомӣ дар миёни аҳолии ғайринизомии Ғазза бо иттиҳомоте рӯбарӯ аст, ки шояд ба ҳамин восита бо тарҳи шикоят дар Девони Кайфарии Байналмилалӣ мухолифат кунад.
Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардон, гуфта буд, ки барои бурдани парванда ба Девони Кайфарии Байналмилалӣ бояд пуштибонии ҳамаи гурӯҳҳои фаластиниро дошта бошад.
Нозирон мегӯянд тарҳи шикояти фаластиниён дар Девони Кайфарии Байналмилалӣ эҳтимолан Исроил ва Омрикоро хашмгин хоҳад кард. Ин ду кишвар узви ин ниҳоди байналмилалӣ нестанд.
Нақши аъзои Ҳамос дар куштани навҷавони исроилӣ
Холид Машъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, дар гуфтугӯе бо сойти Ёҳу таъйид кардааст, ки се навҷавони исроилӣ, ки наздик ба ду моҳ пеш кушта шуданд, тавассути аъзои Ҳамос рабуда шуда буданд.
Бо ин ҳол, Холид Машъал гуфт, ки раҳбарии Ҳамос дар ҷараёни рабудани ин се талабаи яҳудӣ набуданд ва пас аз таҳқиқоти исроилиҳо аз ҷузъиёти он мутталеъ шудаанд.
Ӯ дар айни ҳол рабудану куштани ин се навҷавони исроилиро, ки шаҳракнишин буданд, иқдоме машрӯъ алайҳи 'ишғол' тавсиф кард.
Холид Машъал ҳамчунин куштани ғайринизомиён ва хабарнигоронро маҳкум кард.
Бо ин ҳол, ӯ аз шиллики рокет ба сӯи Исроил дифоъ кард ва гуфт: "Мо ғайринизомиёнро ҳадаф намегирем ва ағлаб талош мекунем пойгоҳҳои низомии Исроилро бизанем. аммо тасдиқ мекунам, ки мушкил дорем. Мо ҷангафзори пешрафта надорем. Ҳадафгирӣ сахт аст."
Ӯ афзуд: "Қавл медиҳам, ки ба мардум (-и ғайринизомӣ)-и Исроил (пеш аз шиллики рокет) ҳушдор диҳем. Қавл медиҳам, агар бигзоранд аслиҳаҳои дақиқ ба дастамон бирасад, танҳо аҳдофи низомиро ҳадаф мегирем."
