Исроил ва Ҳамос бо оташбаси 72 соъата "мувофиқат карданд"
Image copyrightAFPИсроил ва Ҳамос бо оташбаси муваққати 72 соъатаи пешниҳодии Миср мувофиқат карданд.
Яке аз мақомҳои низомии Исроил ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки давлати ин кишвар бо пешниҳоди Миср барои оташбаси муваққат мувофиқат кардааст.
Миср аз фаластиниҳо ва исроилиҳо хоста буд, ки аз соъати 9 имшаб ба вақти маҳаллӣ як оташбаси ҷадидро риоят кунанд то роҳ барои музокироти муҷаддад боз шавад.
Ин мақоми исроилӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки давлати ин кишвар намояндаеро барои музокира ба Қоҳира хоҳад фиристод.
Авоили имрӯз дар бораи музокироти Қоҳира тардиде ҷиддӣ матраҳ шуда буд.
Миср миёнҷигарии сулҳи миёни ду тарафро ба уҳда дорад.
Ҷумъаи гузашта дар поёни оташбаси серӯза бо вуҷуди дархости Созмони Милал барои тамдиди оташбас ду тараф ҳамалоти мутақобилро идома доданд.
Дар соъати гузашта ду инфиҷор дар Ғазза гузориш шудааст.
Артиши Исроил таъйид карда, ки нерӯҳояш дар тазоҳуроти имрӯзи Алхалил дар Каронаи Ғарбӣ як фаластиниро куштаанд. Гузориш шуда, ки кӯдаки кушташуда камтар аз 14 сол доштааст.
Пештар Ҳозим Абӯшанаб, аз намояндагони ҷунбиши Фатаҳ дар ҳайати музокиракунандаи фаластинӣ дар Қоҳира ба Меҳрдод Фараҳманд, хабарнигори мо дар Ғазза гуфта буд, фаластиниҳо бо пешниҳоди Миср барои оташбаси муваққат мувофиқат кардаанд.
Дар тули як моҳи гузашта ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ 1918 нафар дар Ғазза кушта шудаанд, ки бештари онон ғайринизомӣ будаанд. Омори захмиҳо дар Ғазза беш аз 9 ҳазору 800 нафар аст.
Дар Исроил ҳам 67 нафар кушта шудаанд, ки се нафари онон аз ҷумла як шаҳрванди тойландии ғайринизомӣ будаанд.
