Оташбаси Ғазза 'як рӯз тамдид шуд'
Image copyrightReutersМанобеъи исроилӣ ва фалстинӣ аз тамдиди оташбас дар навори Ғазза ба муддати 24 соъат хабар додаанд.
Ин хабар пас аз музокироти ғайримустақими ҳайъатҳои фаластинӣ ва исроилӣ дар Қоҳира эълом шуд.
Оташбаси байни ду тараф, ки аз чаҳоршанбеи гузашта ба иҷро гузошта шуда, қарор буд нимашаби душанбе поён ёбад.
Миср, миёнҷии музокирот низ бо таъйиди ин хабар аз мувофиқати тарафайн барои bдомаи гуфтугӯҳо бо ҳадафи барқарории оташбаси доимӣ хабар додааст.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил ҳушдор додааст дар сурате, ки Ҳамос шиллики рокет ба хоки ин кишварро аз сар бигирад, бо вокуниши шадиди артиши Исроил мувоsеҳ хоҳад шуд.
Дар даргириҳои ҳафтаҳои гузашта 2016 фаластинӣ ва 66 исроилӣ ҷони худро аз даст доданд.
Ҳайъатҳои фаластинӣ ва исроилӣ аз якшанбе барои азсаргирии музокироти ғайримустақим ба Қоҳира бозгаштаанд.
