Музокироти Қоҳира ҳамзамон бо ҳушдори Нетонёҳу аз сар гирифта шуд

  • 17 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Дар як ҳафтаи гузашта дар Ғазза оташбас барқарор буд

Бо наздик шудан ба поёни мавъиди оташбаси панҷрӯза дар Ғазза ҳайатҳои исроилӣ ва фаластинӣ музокироти ғайримустақими худ дар Қоҳира, пойтахти Мисрро аз сар гирифтанд.

Ҳамзамон Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфт то замоне ки тамоми хостаҳои амниятии Исроил бароварда нашавад, ҳеҷ оташбаси пойдоре байни Исроил ва Ҳамос барқарор нахоҳад шуд.

Ӯ имрӯз якшанбе, 17 август дар ҷаласаи кобинаи Исроил гуфт, ки ба ҳайати исроилӣ ихтиёри комил дода шуда то ба ҳеҷ ваҷҳ дар масоили амниятӣ кӯтоҳ наояд.

Гуфтугӯи ғайримустақими ду тараф дар ҳоле аз сар гирифта шуда, ки қарор аст намояндаи ҷунбиши Ҳамос, ки кунтрули навори Ғаззаро ба даст дорад, ба зудӣ ба ин музокирот бипайвандад.

Оташбаси панҷрӯза миёни Исроил ва Ҳамос нимашаби душанбеи 18 август ба поён мерасад. Пеш аз он ҳам ду тараф як оташбаси муваққати серӯзаро пушти сар гузоштанд.

Ҳамос хоҳони поёни ҳасри Ғазза аз суи Исроил аст ва Исроил мегӯяд Ҳамос ва навори Ғазза бояд халъи силоҳ шавад.

Яке аз музокиракунандагони фаластинӣ бидуни он ки бихоҳад номаш фош шавад ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт барои расидан ба тавофуқ пеш аз поёни оташбас "хушбинии камтаре аз қабл" вуҷуд дорад.

Аз оғози даргириҳо то кунун ҳудуди ду ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо ғайринизомӣ буданд.

Дар тарафи исроилӣ 67 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки се нафар аз онҳо ғайринизомӣ буданд.

Исроил навори Ғаззаро дар соли 1967 ишғол кард, аммо нерӯҳои худро дар соли 2005 аз ин минтақа берун кашид.

Кунтрули бахши умдае аз марзи Ғазза ба дасти Исроил аст ва аз замони қудрат гирифтани Ҳамос дар соли 2007 ин минтақа тақрибан дар муҳосираи комили иқтисодӣ қарор гирифтааст.

Матолиби муртабит