Ҷанги Ғазза; Оташбас зери оташборӣ тамдид шуд

  • 14 Август, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Аҳмад Аъзам, музокиракунандаи фаластинӣ, аз оташбаси панҷрӯза хабар дод

Ҳамзамон бо эъломи тамдиди давраи оташбаси байни Исроил ва Ҳамос барои панҷ рӯзи дигар ду тараф ба сӯйи ҳам оташборӣ карданд.

Меҳрдод Фараҳманд, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар Ғазза, ки пештар шиллики рокетҳо ба сӯйи Исроилро гузориш карда буд, хабар дод, ки аҳдофе дар Ғазза ҳадафи ҳамлаи исроилиҳо қарор гирифтааст.

Бумборони Ғазза сӣ дақиқа баъд аз нимашаб оғоз шуд.

Хабарнигори мо ба нақл аз мақомҳои Ҳамос мегӯяд, ки феълан манотиқе мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, ки "замини мазруъӣ ва холӣ аз сакана" ҳастанд.

Як масъули баландпояи амниятии Исроил ба Би-би-сӣ гуфт, ки Бинёмин Нетонёҳу ва Муша Яълун, вазири дифоъ, пеш аз нимашаб (поёни расмии оташбаси ҳафтоду дусоъата ва оғози оташбаси панҷрӯза) ба артиш дастури ҳамлаи талофиҷӯёна додаанд.

Аз сӯйи дигар пештар аз Қоҳира, пойтахти Миср, хабар омада буд, ки ду тараф бар сари оташбаси панҷрӯза тавофуқ карданд.

Ҳайъати фаластинӣ аз Қоҳира хориҷ мешавад ва авоили ҳафтаи оянда барои идомаи музокирот бозмегардад.

Мақоми амниятии Исроил ба Би-би-сӣ гуфт, ки Исроил бо тамдиди панҷрӯзаи оташбас мувофиқат карда ва кобинеи амниятии Исроил барои гуфтугӯ дар бораи он ташкили ҷаласа дода буд, аммо бо нақзи оташбас нахуствазир ва вазири дифоъ дастури ҳамлаи талофиҷӯёна доданд.

Артиши Исроил мегӯяд дар охирин дақоиқи рӯзи чаҳоршанбе дастикам се рокет аз сӯйи Ғазза ба Исроил шиллик шудааст.

Аз хисороти эҳтимолии ин рокетҳо хабаре мунташир нашудааст.

Ба гузориши Оссушиэйтед Пресс ва ба нақл аз артиши Исроил ин рокетҳо дуруст пеш аз поёни замони оташбаси қаблӣ ба сӯйи Исроил партоб шудаанд.

Меҳрдоди Фараҳманд мегӯяд Ҳамос шиллики рокет ба Исроилро такзиб кардааст. Албатта пас аз оташбаси қаблӣ ҳам Ҳамос масъулияти ҳеҷ як аз рокетҳоеро, ки ба сӯи Исроил шиллик шуданд, напазируфт ва гурӯҳҳои дигар эъломи масъулият карданд.

Аз замони шурӯъи даргириҳо байни Ҳамос ва Исроил то кунун ҳудуди ду ҳазор нафар кушта шудаанд.

Созмони Милал мегӯяд беш аз 1900 нафар аз куштушудагон фаластинӣ ҳастанд.

Се нафар аз шаҳрвандони ғайринизомӣ ва 64 сарбози исроилӣ ҳам кушта шудаанд.

Матолиби муртабит