Се тан аз фармондеҳони аршади Ҳамос дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза кушта шуданд
Image copyrightReutersСе тан аз фармондеҳони аршади шохаи низомии гурӯҳи Ҳамос дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба навори Ғазза кушта шуданд.
Рӯзи панҷшанбе, 30 мурдоди (21 август) манобеъи гурӯҳи исломгарои Ҳамос гузориш карданд, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии Исроил ба шаҳри Рафаҳ дар навори Ғазза, се тан аз фармондеҳони типҳои Изуддин Қиссом - шохаи низомии ин гурӯҳ - кушта шудаанд.
Ба гузориши хабарнигори Би-би-сӣ кушташудагон иборатанд аз Роид Абуаттор, фармондеҳи аршади низомии Ҳамос дар минтақаи ҷануби навори Ғазза (шомили Рафаҳ ва Хон Юнус) , Муҳаммад Абушаммала, фармондеҳи Низомии Ҳамос дар Рафаҳ ва Муҳаммад Барҳум, аз хешовандони Фавзӣ Барҳум, сухангӯи Ҳамос ва аз фармондеҳони маҳаллии типҳои Изуддин Қиссом.
Бано бар ин гузориш ҳудуди соъати 2:30 дақиқаи бомдод ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймоҳои F-16 исроилӣ дар амалиёте дар ҷануби навори Ғазза, чаҳор сохтмони бузургро ҳадафи мушаки ҳаво ба замин қарор доданд ва онҳоро мунҳадим карданд.
Дар пайи ин амалиёт вазорати беҳдории Ҳамос гуфт, ки дар ин ҳамла чаҳор нафар кушта шудаанд ва кӯтоҳмуддате пас аз он сухангӯи типҳои Изуддин Қиссом бо ирсоли иттилоъияе барои расонаҳои хабарӣ кушта шудани се фармондеҳи худ дар ҷануби Ғаззаро эълом кард. Соъоте баъд артиши Исроил гуфт, ки метавонад кушта шудани ду тан аз фармондеҳони низомии аршади Ҳамос ба асомии Муҳаммад Абушаммала ва Роид Абуатторро дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба Рафаҳ таъйид кунад.
Кушта шудани фармондеҳони низомии Ҳамос аз назари мақомоти исроилӣ дастоварде муҳим маҳсуб мешавад ва эҳтимолан ҳокӣ аз он аст, ки артиши ин кишвар дар назар дорад амалиёти худ дар Ғаззаро, ки то кунун талафоти сангини ғайринизомӣ бар ҷо гузошта бар мақомоти аршади Ҳамос муттамаркиз кунад.
Бомдоди рӯзи гузашта амалиёти ҳавоии Исроил барои куштани Муҳаммад Заиф , фармондеҳи кулли шохаи низомии Ҳамос дар Ғазза ноком монд ва ба ҷои он , ҳамсар ва фарзанди ӯ ҷони худро аз даст доданд. Дар пайи ин амалиёт гурӯҳи Ҳамос таҳдид кард ки "дарҳои ҷаҳаннам"ро ба рӯйи Исроил хоҳад гушуд ва тайи соъоти пас аз он ба гуфтаи мақомоти исроилӣ беш аз яксад фарванд мушак аз навори Ғазза ба суи Исроил шиллик шуд, аммо аз талафоти ҷонии он гузорише дар даст нест.
Интизор меравад шохаи низомии Ҳамос дар садад барояд ба талофии кушта шудани фармондеҳони аршади худ дар бомдоди панҷшанбе амалиёт алайҳи Исроилро, ки умдатан шомили партоби мушак аст, шиддат бахшад.
Ҳанӯз мақомоти исроилӣ дар бораи амалиёти бомдоди панҷшанбе ва кушта шудани се фармондеҳи аршади Ҳамос изҳори назаре накардаанд.
Гуфта мешавад, ки касоне, ки дар ҳамлаи ҳавоии бомдоди панҷшанбе ба Ғазза кушта шуданд, дар иқдомоти низомӣ алайҳи Исроил аз ҷумла қочоқи аслиҳа ба Ғазза, ҳафри тунелҳои марзӣ ва асир кардани Гилъод Шалит, низомии исроилӣ ва мубодилаи ӯ бо зиндониёни фаластинӣ дар Исроил нақши муҳиме доштанд.
Дар филми видиюии марбут ба мубодилаи Гилъод Шалит бо зиндониёни Ҳамос ба назар мерасад Роид Алаттор низ ҳангоми таҳвили низомии исроилӣ ба маъмурони мисрӣ ҳузур дорад.
Роид Алаттор, ки узви Шурои низомии Ҳамос буд, дар авохири соли 1990 ба иттиҳоми қатли як афсари пулиси фаластинӣ ва куштани як духтарбачаи фаластинӣ дар тасодуфи мошин ҳангоми фирор аз дасти маъмурон таҳти таъқиб буд. Пеш аз он низ Ташкилоти худгардон ӯро ба ҷурми қочоқи аслиҳа ба ҳабс маҳкум карда буд.
Даргирии ҷорӣ дар Ғазза аз рӯзи 8 июл бо ҳамалоти ҳавоии сангини Исроил ба ин бахш аз сарзаминҳои фаластинӣ оғоз шуд. Исроил далели ин ҳамларо ташдиди мушакпаронӣ аз Ғазза ба дохили хоки ин кишвар эълом кард. Мушакпаронӣ аз Ғазза вокуниши Ҳамос ба боздошти теъдоде аз аъзои Ҳамос дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба иттиҳоми иртиботи ин гурӯҳ бо рабудан ва қатли се навҷавони исроилӣ буд. Ҳамос ҳар гуна иртиботе бо ин одамрабоиро такзиб кард.
Рӯзи 18 июл воҳидҳои пиёда ва нерӯи заминии зиреҳии артиши Исроил низ бо убур аз марзи Ғазза амалиёти низомӣ дар манотиқи марзиро шиддат бахшиданд ва эълом карданд, ки ҳадафи онон инҳидоми тунелҳои марзӣ аст, ки шибҳнизомиёни фаластинӣ барои даст задан ба иқдомоти низомӣ аз тариқи онҳо вориди хоки Исроил мешаванд.
Ба гуфтаи манобеъи фаластинӣ дар ҷараёни ҷанги кунунӣ дар Ғазза то кунун беш аз ду ҳазор тан, ки аксари онон ғайринизомӣ буданд, ҷони худро аз даст додаанд ва Исроил низ кушта шудани шасту чаҳор низомӣ ва се ғайринизомиро таъйид кардааст.
Дар ҷараёни ин ҷанг чанд бор ба манзури кумакрасонӣ ба ғайринизомиён оташбаси муваққат эълом шуд, ки дар бисёре маворид давоме надошт. Охирин оташбас, ки панҷ рӯз ба тӯл анҷомид, дар нимашаби душанбе (ба вақти маҳаллӣ) ба сар омад, аммо Исроил эълом кард, ки ин оташбасро ба муддати бисту чаҳор соъат тамдид мекунад машрут бар ин ки тарафи муқобил низ ба иқдомоти низомӣ мубодират накунад. Бо шиллики чанд мушак аз Ғазза ба дохили хоки Исроил нерӯи ҳавоии Исроил ҳамалоти худро аз сар гирифт.
