Ваъдаи нахуствазири Исроил дар бораи тадовуми амалиёти низомӣ дар Ғазза
Image copyrightReutersБинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, қавл додааст, ки амалиёти низомиро дар Ғазза идома диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Афви Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар эълом кардаанд барои баррасии нақзи қавонини байналмилалӣ мехоҳанд ба Ғазза бираванд, вале Исроилро муттаҳам кардаанд, ки дар ин бора "коршиканӣ" мекунад.
Оқои Нетонёҳу дар як нутқи телевизиюнӣ гуфт, ки "мусаммам" аст ба амалиёти низомӣ дар Ғазза "то ҷое ки лозим аст ва ба ҳар шевае" идома диҳад.
Артиши Исроил мегӯяд рӯзи чаҳоршанбе 137 рокет аз Ғазза ба сӯйи Исроил партоб шуд ва дар посух ба он 92 бор ба Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.
Дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар рӯзи сешанбе, ҳамсар ва фарзанди Муҳаммад Сайф, фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос, кушта шуданд.
Дар миёни идомаи рокетпаронӣ ва ҳамлаи ҳавоӣ, ду тараф якдигарро дар бораи шикасти музокироти сулҳ дар Миср муқассир мехонанд.
Дар даври тозаи хунрезиҳо, ки аз шаш ҳафта пеш оғоз шуд, дастикам 2103 нафар дар Ғазза кушта шудаанд, ки бештари онон ғайринизомӣ будаанд.
Дар сӯйи дигар 64 сарбоз ва ду шаҳрванди ғайринизомии исроилӣ ва ҳамчунин як шаҳрванди тойландӣ кушта шудаанд.
Миср, ки талош мекунад барои барқарории оташбаси дарозмуддати байни исроилиҳо ва фластиниҳо миёнҷигарӣ кунад, дар бораи сар омадани оташбаси байни ду тараф, амиқан ибрози таассуф кардааст.
Бо тамдиди чандбораи давраҳои кӯтоҳи оташбас, барои даҳ рӯз оромиши нисбӣ дар Ғазза барқарор буд.
"Аз ҷинси Доъиш"
Нахуствазири Исроил гуфтааст "то вақте ки амният ва оромиши комил барои сокинони ҷануби Исроил ва ҳама шаҳрвандони Исроил таъмин шавад, амалиётро мутаваққиф нахоҳем кард."
Оқои Нетонёҳу гурӯҳи Ҳамосро ба гурӯҳи шибҳнизомии "Давлати Исломӣ" (Доъиш) ташбеҳ карда ва гуфта онҳо шохаҳои як дарахтанд.
Ҳамос гуфтааст ин изҳороти нахуствазири Исроил "талоше барои тавҷиҳи шикаст ва пӯшондани шикастҳояш" будааст.
Рӯзи чаҳоршанбе Ҳамос гуфт ки Муҳаммад Сайф, фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос, "ҳамчунон зинда аст ва амалиёти низомиро раҳбарӣ мекунад."
Хабарнигорон мегӯянд ба назар мерасад ҳамлаи ҳавоӣ, ки ҳамсару писари хурдсоли ӯ дар он кушта шуданд, ба қасди куштани оқои Сайф будааст.
Ин фармондеҳи шохаи низомии Ҳамос пеш аз ин ҳам чанд бор аз амалиёти терури Исроил ҷон ба дар бурда, ки гуфта мешавад ба ӯ ҷароҳатҳои сангин ворид кардааст.
Вазири кишвари Исроил мегӯяд ин ҳамла муваҷҷаҳ будааст чун оқои Сайф "шахсан масъули" марги даҳҳо нафар будааст.
'Коршикании Исроил' барои Афви Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар
Рӯзи чаҳоршанбе Исроил ҳамалоти сангини дигаре ҳам ба Ғазза кард, ки ба гузориши расонаҳои фаластинӣ аз ҷумла як зани бордор ва чандин кӯдакро кушт.
Дар ҳамин ҳол Созмони Афви Байналмилал ва Дидбони Ҳуқуқи Башар, аз Исроил хостаанд, ки ба онон иҷоза диҳад вориди Ғазза шаванд, то битавонанд иддаъоҳо дар бораи нақзи қавонини башардӯстонаи байналмилалӣ аз сӯйи ҳар ду тарафро баррасӣ кунанд.
Ин ду созиони умдаи фаъъол дар замини ҳуқуқи башар дар баёнияи муштараке Исроилро муттаҳам кардаанд, ки коршиканӣ мекунад ва дархостҳои паёпаи ин гурӯҳҳо барои вуруд ба Ғазза ба ҷое нарасидааст.
