Ҳамсар ва духтари фармондеҳи аршади Ҳамос дар ҳамалоти ҳавоии Исроил кушта шуданд
Image copyrightReutersҲамсар ва духтари дусолаи Муҳаммад Сайф, аз фармондеҳони аршади Ҳамос дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба Ғазза кушта шудаанд.
Муҳаммад Сайф, фармондеҳи гурдонҳои Азулдини Қассом, шохаи низомии Ҳамос аст. Ҳанӯз вазъияти оқои Сайф мушаххас нест.
Хабарнигори ховари миёнаии Би-би-сӣ мегӯяд, ки оқои Сайф ҳадафи ин ҳамлаи ҳавоии Исроил буд.
Муҳаммад Сайф то кунун борҳо аз ҳамалоти Исроил ҷони солим ба дар бурдааст.
Гурдон(баталён)-ҳои Азулдини Қассом дар вокуниш гуфтааст, ки Исроил "дарвозаҳои ҷаҳаннам"-ро гушуда ва баҳои сангинеро барои ин иқдом хоҳад пардохт.
Исроил дирӯз эълом кард, ки ба далели партоби рокет аз Ғазза сӯйи ҷануби Исроил даст ба ҳамалоти талофиҷӯёна задааст.
Ин кишвар тайи шаби гузашта нуқоте аз Ғаззаро бумборон кард, ки дар натиҷаи ин ҳамалот ёздаҳ нафар кушта ва беш аз сад нафар захмӣ шуданд
Исроил мегӯяд рӯзи сешанбе 50 рокет ва имрӯз 20 рокет ба сӯйи ин кишвар партоб шуда, аммо ин рокетҳо талафоте надоштаанд.
Музокироти Ҳамос ва Исроил дар Қоҳира барои поён додан ба хушунатҳо мутаваққиф шуда ва ҳайъати исроилӣ гуфтааст, ки ба кишвар бозхоҳад гашт.
