Исроил: Ҳамос ду рокет партоб кардааст
Image copyrightReutersИсроил мегӯяд дар ҳоле ки чанд соъате ба поёни замони оташбаси миёни Ҳамос ва артиши Исроил боқӣ монда, ду рокет ба самти ҷануби Исроил шиллик шудааст.
Ҳамзамон Ҳамос мегӯяд ба намояндаи фаластиниён дар музокироти Миср гуфта бидуни ҳусули хостаҳо оташбасро тамдид намекунад.
Хостаи аслии Ҳамос бардошта шудани муҳосираи Ғазза ва бозгушоии бандари ин минтақа ба рӯйи киштиҳо аст.
Сухангӯйи Ҳамос гуфта ин гурӯҳ омодаи як ҷанги тӯлонимуддат аст.
Исроил эълом карда ду рокет партоб шуда дар минтақае ғайримаскунӣ фуруд омадаанд ва ба касе осебе нарасондаанд.
Ин дар ҳолест, ки Исроил эълом карда бо тамдиди замони оташбас мувофиқ аст.
Бо вуҷуди ин ҳанӯз аз сӯйи Ҳамос дар иртибот бо эҳтимоли пазириши тамдиди оташбас ва ё иқдомоти ин гурӯҳ пас аз поёни замони оташбаси серӯза иттилоъияи расмӣ мунташир нашудааст.
Оташбаси серӯза миёни Ҳамос ва Исроил, ки аз рӯзи сешанбе оғоз шуда, субҳи ҷумъаи 18 август ба поён мерасад.
Аммо Ҳамос мегӯяд ҳеҷ тавофуқе бар сари тамдиди замони оташбас накарда ва ҳанӯз ихтилофи фоҳише миёни музокиракунандагон бар сари як тавофуқи доимӣ вуҷуд дорад.
Чаҳор ҳафта пайкори хунини миёни Исроил ва Ҳамос ҳудуди 1900 кушта дар Ғазза бар ҷой гузошта ва ҷони 64 сарбози исроилиро гирифт.
Исроил мегӯяд дар тӯли ҳамалоти ин кишвар ба Ғазза ҳудуди 900 нафар аз нерӯҳои низомии Ҳамосро куштааст, аммо Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст аз миёни 1875 кушташуда дар Ғазза 1353 нафар ғайринизомӣ будаанд; аз ҷумла 415 кӯдак ва 214 зан.
