Ҳамос ва Исроил барои 72 соъат оташбас карданд

  • 1 Август, 2014
ҒазаImage copyrightAP
Image caption Навори Ғаза аз пурҷамъияттарин минтақа дар ҷаҳон маҳсуб мешавад

Пайкорҷӯёни Ҳамос ва Исроил тавофуқ карданд, ки ҳамалот алайҳи якдигарро ба муддати 72 соъат мутаваққиф кунанд.

Он тавре, ки СММ ва Омрико мегӯянд, ин оташбаси ҷадид қарор аст аз субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шавад. исроил ва Ҳамос ҳам пазириши оташбасро таъйид карданд.

Қарор аст, ҳамзамон бо оташбас ва поён бахшидан ба даргириҳои ахир миёни Исроил ва Ҳамос музокироти тарафайн дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср оғоз шавад.

Аз замони оғози ҳамалоти Исроил беш аз 1400 нафар дар Ғаза, ки аксари онҳо ғайринизомӣ будаанд, кушта шудаанд. Дар баробар бар партоби рокит аз сӯйи пайкорҷӯёни Ҳамос ва ҳамалоти онҳо аз тариқи тунелҳои зеризаминӣ 54 сарбози исроилӣ ва 2 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтаанд.

Исроил мегӯяд, ҳаалоти ин кишвар алайҳи Ғаза ба манзури ҳифозот аз ҷони шаҳрвандони ин кишвар аст.

Як чаҳорум аз ҷамъияти 1 милюну 700 ҳазор нафарии Ғаза (яке аз пуртарокумтарин манотиқи маскунии ҷаҳон) бар асари даври ҷадиди даргириҳо миёни Ҳамос ва Исроил ночор ба тарки маҳалли зиндагии худ шудаанд.

Image caption Ҳамлаи Исроил ба мадрасаи таҳти назари СММ бо вокуниши тунди Омрико мувоҷеҳ шуд

Муқаррар шудааст, ки дар замони ин оташбаси ҷадид нерӯҳои имдодӣ ба мардуми Ғаза ақломҳои зарурӣ бирасонанд, кушташудагонро дафн кунанд, ба маҷрӯҳон расидагӣ кунанд ва озуқаю мояҳтоҷи умумӣ барои рӯзҳои оянда фароҳам кунанд.

Бон Ки Мун, дабири кулли СММ ва Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико рӯзи панҷшанбеи 31 июл дар баёнияи муштарак зимни эъломи мувофиқати тарафайни даргир бо ин оташбаси ҷадид гуфтанд: "Мо аз ҳар ду тараф хостаем то замони оғози оташбас хештандорӣ кунандва аз замони оғози он тамомии муфодро риоят кунанд то фурсате барои ироаи хадамоти зарурӣ ба ғайринизомиён фароҳам шавад."

Қарор аст, ин оташбаси ҷадид аз соъати 8-и субҳ ба вақти маҳаллӣ оғоз ва дастикам ба муддати 3 рӯз идома ёбад.

Тибқи баёнияи муштараки Омрико ва Созмони Милал, ҳамзамон бо оғози оташбас мақомҳои Ҳамос ва Исроил ба даъвати Миср ба Қоҳира хоҳанд рафт то музокирот барои поён бахшидан ба даргириҳоро оғоз кунанд.

Мувофиқати миёни Ҳамос ва Исроил, ки бо миёнҷигарии Омрико ва СММ рӯй додааст, ҳамзамон бо интиқоди Кохи Сафед аз омори болои кушташудагони ғайринизомӣ дар Ғаза сурат мегирад.

Рӯзи панҷшанбе Ҷон Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, ҳамла ба як паногоҳи мавриди истифода аз сӯйи Созмони Милал дар Ғазаро, ки ғайринизомиён барои давре аз хушунатҳо дар он ҷо ҷамъ шуда буданд, "комилан ғайри қобили қабул" донист ва гуфт: "тавҷеҳе барои он вуҷуд надорад."

Сухангӯйи Кохи Сафед афзуд, тақрибан шаке вуҷуд надорад, ки ин ҳамла аз сӯйи низомиёни исроилӣ сурат гирифтааст.

Image copyrightAFP
Image caption Теъдоди кушташудагон дар Ғаза ба 1500 нафар расидааст

.

Матолиби муртабит