Исроил дар вокуниш ба партоби рокет ба аҳдофе дар Ғазза ҳамла кард

  • 19 Август, 2014
Image copyrightBBC World Service

Артиши Исроил мегӯяд се рокети партобшуда аз навори Ғазза дар наздикии шаҳри Бииршибъ дар ҷануби Исроил фуруд омадаанд.

Артиши Исроил мегӯяд бо партоби рокет аз Ғазза оташбаси мавҷуд нақз шудааст.

Исроил гуфтаи рокетҳои партобшуда дар фазои боз фуруд омаданд ва хисороте ворид нашудааст.

Дар вокуниш ба ин воқеа Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дастури ҳамлаи талофиҷӯёна ба аҳдофе дар Ғаззаро содир кардааст.

Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд мушаххас нест, ки табодули оташ миёни ду тараф ба маънои поёни оташбас аст ё хайр.

Рӯзи душанбе Исроил ва фаластиниён барои тамдиди оташбас ба муддати 24 соъат тавофуқ карданд. Оташбаси қаблӣ миёни тарафайн, ки 5 рӯз давом овард, рӯ ба поён буд.

Миср, ки миёнҷигарии музокироти миёни тарафайнро бар уҳда дорад, гуфтааст, ки гуфтугӯҳои тарафайн барои як тавофуқи тӯлонимуддат идома хоҳад дошт.

Дар ҳамалоти ахири Исроил ба Навори Ғазза наздик ба ду ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки бештари онҳоро ғайринизомиён ташкил медоданд.

Дар ин муддат 64 сарбози исроилӣ ва се шаҳрванди ғайринизомии ин кишвар ҳам кушта шуданд.

Матолиби муртабит