Раҳмонзода: 'Мо аз нуфузи ҳеч ҳизби дигар эҳсоси хатар намекунем'

  • 26 Феврал, 2015
РаҳмонзодаImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Раҳмонзода мегӯяд, ки дар панҷсолаи оянда мушкили таъмини барқ барои мардуми Тоҷикистон комилан ҳалли худро хоҳад ёфт

Абдуллоҳи Раҳмонзода, ҳуқуқшиноси дастгоҳи Кумитеи иҷроияи марказии Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ва аз ҷумлаи 28 номзади пешниҳодӣ дар феҳристи ин ҳизб ба интихоботи порлумонӣ аст.

Вай дар гузашта муддате устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи ҳуқуқ буд ва то моҳи январи соли 2013 дар Маркази миллии қонунгузорӣ, як ниҳоди вобаста ба риёсати ҷумҳурии ин кишвар, ба унвони муъовини раиси шуъба фаъъолият дошт.

Дар остонаи баргузории интихоботи порлумонӣ ва маҷолиси маҳаллии Тоҷикистон ҳамкорамон Исфандиёри Одина мусоҳибае ихтисосӣ бо оқои Раҳмонзода дар бораи барномаҳои ояндаи ҳизби ҳокими халқи демукрот (ҲХДТ) барои ҳаллу фасли мушкилоти иқтисодию иҷтимоъӣ ва сиёсии кишвар анҷом додааст:

Оқои Раҳмонзода, қабл аз ҳама дар бораи муҳиммтарин нукоти барномаи интихоботии ҳизбатон бигӯед.

Барномаи ҲХДТ натиҷаи заҳмати чандинмоҳаи гурӯҳи кориест, ки аз олимони барҷаста, мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии кишвар иборат буд. Ҳар вақте ки мо дар тӯли панҷ сол барномаи нави ҳизбиро таҳия мекунем, пеш аз ҳама дар назди гурӯҳи корӣ вазифаҳои мушаххасе гузошта мешавад. Якум, бояд барнома барномае бошад, ки тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирад. Дувум, барномае бошад, ки битавонад рушди кишварро дар панҷсолаи оянда таъмин кунад. Севум, хоҳ-нохоҳ дар назди гурӯҳи корӣ вазифа ё масъулият гузошта мешавад, ки барномаи нав бо барномаи гузашта мутафовит бошад, яъне бо ҳаёти имрӯза ва минбаъдаи кишвар мувофиқ бошад.

Азбас вақтамон зиёд нест, шояд натавонем тамомии нукоти ин барномаро баррасӣ кунем. Аз ин рӯ, мешавад танҳо ба муҳиммтарин нукоти он тамаркуз кунед?

Дар барномаи ҲХДТ ба масоили иқтисодӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода шудааст, зеро ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикитон, дар ҳоле ки шароити мусоъиди сиёсӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил ба вуҷуд омадааст, ҳамакнун зарурати эҷоди як системи мукаммали иқтисодӣ вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир, дар барномаи ҲХДТ бештари таваҷҷуҳ ба самтҳои иқтисодии рушди мамлакат равона шудааст.

Масоили иқтисодӣ хеле куллӣ аст. Мушаххасан чӣ, масалан?

Дар маҷмӯъ, ҳафт омил номбар карда шудааст, ки боъиси боло бурдани иқтисоди кишвар хоҳад шуд. Аз бахши энержӣ ба унвони муҳаррики пешбарандаи иқтисоди кишвар гирифта, то соҳаи кишоварзӣ ба унвони таъминкунандаи амнияти ғизоӣ ва самтҳои дигар, ки метавонанд ҳолати иқтисодии мардумро беҳтар кунанд.

Яке аз масоиле, ки ишора кардед, энержӣ аст. Ҳамеша дар зимистонҳо мардуми Тоҷикистон бо камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд. Ҳамон тур ки медонед, тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” яке аз тарҳҳои бузурги давлати Тоҷикистон аст ва мқомот барои сохтмони он солҳо талош доранд. Оё мешавад умед баст, ки дар муддати панҷ соли оянда мешавад ин тарҳ иҷро хоҳад шуд?

Хуб, ин албатта суолест, ки доим зеҳни моро ҳам машғул медорад. Масъалаи энержӣ ва баровардани мардум аз ин бунбаст масъалаи шумораи яки Тоҷикистон аст. Раҳбари ҲХДТ низ дар паёми худ ба унвони раиси ҷумҳур ин масъаларо масъалаи шумораи як гуфтанд. Ин масъала ҳама вақт дар мадди назари ҳам роҳбарияти ҲХДТ ва ҳам давлату ҳукумати Тоҷикистон карор дорад. Дар панҷсолаи оянда таъмини барқ барои мардум, яъне 24 соъат дар шабонарӯз, ба назари ман, ҳалли худро хоҳад ёфт, зеро давлату ҳукумат имрӯз...

Бибахшед, як мушкили аслӣ дар заминаи тарҳи “Роғун” ҷалби сармоя барои сохтмони он аст ва мушкили дигар мухолифати бархе аз кишварҳои ҳамсоя бо иҷрои ин тарҳ. Ин мушкилотро чи гуна ҳал мекунед?

Ман фикр мекунам, тамоми мушкилоте, ки бо ҳамсояҳо дорем, баъд аз эъломи натоиҷи пажӯҳиши коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бояд аз байн рафта бошад. Дар мавриди ҷанбаҳои манфии ин тарҳ дигар ҳеч шакку шубҳае бояд вуҷуд надошта бошад. Вале агар гап сари таъмини барқ барои аҳолӣ равад, ман фикр мекунам, бо сохтани ақаллан 20 дарсад ё баҳрабардорӣ аз ду чархаи аввали ин нерӯгоҳ, ки дар панҷ соли оянда пешбинӣ шудааст, мо метавонем мардумро аз ин мушкил раҳонем. Боқимонда масъалаи иқтисодӣ аст, масъалаи барқе, ки на фақат барои мардуми кишвар фузунӣ мекунад, балки метавон онро ба хориҷа ҳам содир кард.

Масъалаи дигаре, ки ишора кардед, кишоварзӣ аст. Бахши кишоварзии Тоҷикистон дар ду даҳаи ахир хеле дучори мушкилот шудааст. Қаблан бисёре аз муҷтамаъҳои кишоварзӣ бидеҳкор шуда буданд, ки баъдтар қарзи онҳо ҳам бахшида шуд. Бисёре аз заминҳо бекоранд, лулаҳо ва таҷҳизоти обрасонӣ хароб шудаанд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 70 дарсади мардуми Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ машғул ба кор ҳастанд. Дар ин замина чи коре мехоҳед анҷом диҳед?

Масъалаи кишоварзӣ ҳам аз масоили ҷиддист, зеро 70 дарсади мардуми кишварамон дар деҳот кору пайкор доранд ва Тоҷикистон умдатан кишваре аграрӣ (кишоварзӣ) аст. Истифодаи муассир аз замин ва неъматҳои дигари табиъии вобаста ба замин, ман фикр мекунам, яке аз роҳҳои берун бурдани кишвар аз мушкилоти иқтисодии вобаста ба маводи ғизоӣ аст. Ман фикр меккнам, дар ин самт ҳам кору пайкори зиёд кардан лозим аст. Бибинед, баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ як низоми муъайяни таҷдиди хоҷагиҳои қаблӣ (кулхузҳо) ба вуҷуд омад, ки то ҳол аз ҳар лиҳоз бо мушкилот мувоҷеҳ аст. Агар аз як тараф дуруст дарк карда натавонистани аҳолӣ аз чунин як ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ бошад, аз тарафи дигар, мушкилоти иқтисодӣ ҳаст, ки намегузорад аз заминҳои кишварзӣ ба таври оқилона истифода кунем. Ҳамон тур, ки худатон ишора кардед, масоили камбуди обу нуриҳои минеролӣ ва техникаву таҷҳизот вуҷуд дорад. Аммо ман фикр мекунам, ин масоилест, ки бояд оҳиста-оҳиста аз миён равад.

Масалан, имрӯз ба бозорҳои Тоҷикистон меваро ғолибан аз Чин ё кишварҳои дигар, мисли Покистону Ҳинд, ворид мекунанд, дар ҳоле ки меваҳои худамон гаронтар аз онҳост. Фикр мекунед, чиро?

Ин ҳам албатта бастагӣ дорад ба ҳамон масоиле, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуд аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин масоил хоҳ-нохоҳ арзиши маҳсулот меафзояд, аз ин ҷо, воридоти маҳсулот аз тавлидоти он дар дохил чандин маротиба арзонтар меуфтад. Мо бояд меконисмҳои дурусти истифода аз сарватҳои табиъиро эҷод кунем.

Хуб, меконисмҳои дуруст аз назари ҳизби шумо чист? Ва, масалан, то имрӯз чиро аз ин меконисмҳо истифода накардед?

Пеш аз ҳама ворид кардани фанноварии муъосир ва марҳила ба марҳила анҷом додани ислоҳоти фарогир дар соҳаи кишоварзӣ. Яъне, ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқии мусоъид барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар навъ хоҷагиҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд. Барномаи мо дар ин самт низ якчанд нуктаро дар бар мегирад ва фикр мекунам, эҷоди заминаҳои ҳуқуқии мусоъид метавонад оҳиста-оҳиста тараққиёт ё рушди арсаи кишоварзиро таъмин кунад.

Гуфтед, оҳиста оҳиста, аммо замон хеле тез мегузарад. Алакай бист сол шуда, ки ҳизби шумо дар сари қудрат аст. Чиро то ҳол ин ислоҳотро анҷом надодааст?

Бибинед, ҳама гуна ислоҳот ниёз ба фаҳмиши дурусти инсонҳо дорад. Агар мо ҳама гуна ислоҳотро дар соҳаи ҳуқуқ ва қонунгузории соҳавӣ анҷом диҳем, вале иҷрокунанда ба моҳияти ин ислоҳот сарфаҳм наравад, хоҳ-нохоҳ мушкилоте ба вуҷуд меояд. Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ мо ба як низоми нави кишоварзӣ ворид шудем, чандин санадро тасвиб кардем, вале агар назарсанҷӣ гузаронем, ё бо мардуми кишвоварз суҳбат кунем, рӯшан мешавад, ки то ҳол онҳо ба моҳияти ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мавриди истифода аз замин комилан хабардор нестанд. Ман фикр мекунам, мушкили шумораи аввал дар заминаи иҷрои ин ислоҳот дарку фаҳмиши касонест, ки аз қавонин истифода мекунанд.

Шояд мушкил ин бошад, ки то ҳол ба бахши кишоварзӣ он тур ки мебояд, таваҷҷуҳи кофӣ ё тамаркуз нашудааст? Масалан, дар ҳамин шаҳри Душанбе имрӯз сохтмонҳои зиёде басуръат сохта мешаванд. Инҷо ҳатман сармоягузорӣ шудаааст. Агар тоҷирон ин биноҳоро месозанд, ҳатман аз ҷое пул гирифтаанд. Яъне, зоҳиран пул ба хазинаи давлат ворид мешавад, вале баъд, аз он ҷо дубора меравад ба сохтмон ё ҷоҳои дигар. Чиро ин пулро ба бахши кишоварзӣ намефиристем? Ҳатто шояд ба унвони ёрона (субсидия), ки мардум ба Русия нараванду дар заминҳо кор кунанд?

Бисёр суол ва масъалагузории бамаврид аст. Лекин ман фикр мекунам, ки масъала сари дигар чиз аст. Дар шароити иқтисоди бозорӣ хоҳ-нохоҳ маблағи сармоягузор бештар ба самте равона мешавад, ки ӯ битавонад ҳарчи зудтар ва бештар ва бидуни таваккал ё риск маблағи худро бозпас бигирад. Дуруст гуфтед, ки сохтмон бо чи ҷараёне пеш меравад. Ман фикр мекунам, ки имрӯз фоида аз сохтмон ва фурӯши манзилҳо нисбатан риски камтар ва фоидаи бештаре дорад. Аз ин рӯ, хоҳ-нохоҳ сармоягузор пулашро ба ҳамон самт равона мекунад, чун талабот ҳаст.

Дарвоқеъ, бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки риски сохтмон бештар аст, чиро ки хонаҳоро месозанд, барои замоне тӯлонӣ, вале пулаш зуд барнамегардад, чун имкони фуруш камтар аст. Аммо агар дар бахши кишоварзӣ ин пулро гузоранд, лоақал дар мавсими ҷамъоварии ҳосил судаш бармегардад, на?

Дарвоқеъ, ин баҳонест, ки пеш меоранд, вале риск дар бахши кишоварзӣ бештар аст, зеро вобастагиҳои зиёде дорад. Масалан, худатон ҳам гуфтед, ки системи обёрӣ хароб аст, ба обу ҳаво, бориш ва дигар омилҳо низ бастагӣ дорад. Яъне дар ин арса риск зиёду фоида камтар аст ва сармоягузор чандон алоқаманд нест. Рушди ин арса ба нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ҳам вобаста аст. Бибинед, як сол як тун пахта 800 дулор, соли дигар 500 дулор мешавад, ки мушкилоте ба бор меоварад. Имрӯз тақозо ба хариди хона зиёд аст, фоида ҳам зиёд мегиранд. Фоидаи зиёду риски катмар ба изофаи дигар омилҳо боъис шуда, ки маблағгузорӣ дар ин самт бештар шавад.

Хуб, ин сармоягузорӣ тавассути ширкатҳои хусусӣ сурат мегирад. Аммо давлат чиро ба кишоварзон ёрона ё субсидия намедиҳад, ки масалан битавонанд дар баҳор системҳои обёриро дуруст кунанд ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил мумкин аст қисмате аз ин маблағро баргардонанд?

Шумо қонунгузориро хуб медонед, ман ҳамчун корманди як ҳизби сиёсӣ наметавонам ба ин пурсишҳо, ки чиро давлат ин ё он корро намекунад, посух диҳам.

Чун ҳизби шумо ҳамин ҳоло дар сари қудрат аст ва ин суол ҳам ба ҳамин хотир аст.

Албатта, мо ин гапро ҳам мегӯем, ки ҳизби мо дар сари қудрат аст, лекин ҳизби мо ҳамагӣ ҳизби аксарияти порлумонӣ аст. Имруз барои беҳтар шудани шароити...

Чиро ки ҳам қудрати иҷроия дасти шумост, ҳам порлумон дасти шумост...

Имрӯз бо низоми идоракунию давлатдорӣ, ки мо дорем, наметавонем бигӯем, ки ҳам ҳокимияти иҷроия дасти мо аст, ҳам ҳокимияти қонунгузор, чунки тибқи моддаи нуҳи Қонуни асосии Тоҷикистон се шохаи ҳокимияти давлатӣ муъайян шуда, ҳар кадом фаъъолияти мустақил ва озод доранд, ҳизб наметавонад дар кори онҳо мудохила кунад. Ҳарчанд аъзои ҲХДТ ҳам дар бахши иҷроия, ҳам қонунгузорӣ аксариятро ташкил медиҳанд, лекин масоили ҳизбӣ чизи тамоман дигар аст.

Аммо ҳизб метавонад бар аъзояш фишор оварад, ки беҳтар кор кунанд, на?

Мегӯед, ки бояд фишор оварад, аммо масоили ҳизбӣ комилан дигар аст. Аслан, наметавонад фишор биёрад, зеро вақте ки як узви ҳизб дар курсии мансаби давлатӣ мешинад, хоҳ-нохоҳ қонун ҳуқуқу вазифаҳои ӯро муъайян мекунад. Ин дар мавриди ҳокимияти иҷроия. Дар ҳокимияти қонунгузорӣ бошад, ман фикр мекунам, хоҳ-нохоҳ аз барномаи ҲХДТ истифода мекунанд ва онро амалӣ месозанд.

Яке аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон муҳоҷират аст. Чандин сол аст, ки бисёре аз мардум муҳоҷир мешаванду таъсироти ин раванд дар иҷтимоъ зиёд аст, ҳарчанд пули зиёд меорад. Масалан, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, пуле, ки аз Русия меояд, дар соли 2013 баробари 42 дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон буд.

Яъне ҳеч кишваре ба ин андоза вобастаи пули муҳоҷират нест. Кишварҳои дигар, агарчи аз мо бештар муҳоҷир доранд, вале пули муҳоҷиронашон аз 10-15 дарсади тавлиди нохолиси дохилияшон болотар нест. Вале мо бештар вобастаи пули муҳоҷират ҳастем, агарчи шумори муҳоҷиронамон аз кишварҳое, мисли Озарбойҷону Узбакистон ва ҷоҳои дигар камтар аст. Шумо дар ин замина чи барнома доред?

Масъалаи муҳоҷират яке аз масоилест, ки ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор дорад. Ҳатто дар фаъъолияти худамон, мо робита бо муҳоҷирон ва аҳли хонаводаҳои онҳоро аз бахшҳои умдаи кори худ медонем, зеро ин раванд таъсироти манфии иҷтимоъӣ ба бор меоварад. Албатта, ҳамаи кишварҳои ҷаҳон муҳоҷир доранд, аммо на ба ин дараҷа вобастагии калон ба мушоҳида мерасад. Хуб, ман намедонам, омори расмӣ нест, лекин агар Арманистонро бигирем, дар таносуб бо дарсади аҳолияш аз мо бештар муҳоҷир дорад.

Дуруст, ман ҳам гуфтам, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон ё Узбакистон аз мо бештар муҳоҷир доранд, вале пуле, ки муҳоҷиронашон мефиристанд, аз 10-20 дарсади тавлиди нохолиси дохилияшон бештар нест. Танҳо кишваре, ки пас аз мо бештарин вобастагиро ба пули муҳоҷират дорад, Қирғизистон (32 дарсад) аст, дар кишварҳои дигар ин рақам бамаротиб камтар аст.

Лекин муҳоҷирати Тоҷикистон хусусиёти хоссе дорад, омилҳои дигаре ҳастанд, ки шояд дар ягон давлати дигар вуҷуд надошта бошанд. Агар ба таҷруба нигоҳ кунем, тамомии муҳоҷироне, ки аз давлатҳои дигар ба Русия меоянд, бештар кӯшиш мекунанд дар ҷойҳои барои худашон мувофиқу мусоъид кор кунанд, зеро таҷрубаи кофӣ ҳам доранд, забони русиҳо ҳам хуб медонанд, саводи кофӣ барои кор кардан дар ҳамон ҷоҳоро доранд. Лекин имрӯз муҳоҷири тоҷик дар шароите ба Русия меравад, ки на забонро медонад, на қавонинро, на дигар омилҳоро. Омилҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки дар ин раванд таъсир мегузоранд.

Масалан, таблиғоти зиддидавлатӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ. Масалан, як рӯз пеш оморе мунташир шуд, ки беш аз 8000 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Русия ҳастанд. Ин раванд аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бештари шаҳрвандони мо дар Русия ба таври ғайриқонунӣ кору пайкор мекунанд. Дар онҷо албатта намояндагиҳо ҳастанд, созмонҳои дигари ҷамъиятӣ низ ҳастанд, ки бештар муҳоҷиронро на ба он тарғиб мекунанд, ки қонунҳои Русияро риъоят кунанд, балки ба он водор мекунанд, ки дар ҳар ҳолате, ки набошад, давлатат бояд аз ту ҳимоят кунад.

Инҳо омилҳое ҳастанд, ки дар ин раванд таъсир мегузоранд. Хуб, агар дар хусуси вобастагӣ гӯем, албатта, тамоюле ҳаст дар Тоҷикистон, ки аксари ҷавонон ё аз рӯи ҳавою ҳавас, ё аз рӯи зарурат ё дигар омилҳо ба Русия сафар мекунанд. Хоҳ-нохоҳ вақте қувваи кории ҷавонон ба Русия сафарбар мешавад, дар инҷо заминҳо бе қувваи корӣ ва бе истифодабаранда мемонанд, ки ин боъиси кам шудани сарчашмаҳои даромад шуда ва вобастагиро ба пулҳои муҳоҷират бештар мекунад.

Хуб, ба ҷои маболиғе, ки аз Русия ворид мешавад, давлат ба кишоварзон ёрона бидиҳад, онҳо дар ҳамон заминҳо истанду кор кунанд. Чунки онҳо пул надоранд, ки то мавсими ҷамъоварӣ ва фуруши маҳсулоташон хуранду кор кунанд, на?

Ростӣ, ман аз лиҳози иқтисодӣ чандон маълумоти дақиқу мушаххасе дар ин замина надорам, лекин фикр мекунам, ки ҳеч вақт ин гуна буда наметавонад, ки давлат ин гуна имконотро дошта бошаду ин корро накунад.

Ин таҷруба дар бисёре аз кишварҳои дунё, бавижа кишварҳои узви Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ роиҷ аст. Он кишварҳо ба бахши кишоварзӣ ёрона медиҳанд. Масалан, дар Урупо, бахши кишоварзӣ чандон фоида надорад, маҳсулоте, ки ворид мекунанд, аз тавлидоти худӣ арзонтар аст, вале бо ин вуҷуд давлатҳо ба кишоварзон ёрона (субсидия) медиҳанд, ки ҳамин бахш фаъол бошад.

Яъне барои ин ки заминҳо бекор намонанд, ҷои корӣ бошад, мардум машғулият дошта бошанду дигару дигар? Албатта, дуруст аст, лекин ман боз фикр мекунам, ки имрӯз давлат шояд имконоти ҳамин гуна додани маблағҳоро надошта бошад. Ман фикр намекунам, ки давлат имкон дошта бошаду ба ҳамин бахши бисёр муҳим кумак накунад. Бибинед, бо ба кор даровардани пурраи соҳаи кишоварзӣ мо метавонем барои тамомии шаҳрвандон шуғл ва ҷои кор тамъмин кунем. Лекин фикр мекунам, ин ба лиҳози маҳдуд будани имконоти давлатӣ аст. Аз ин ру, давлат ислоҳоти ҳуқуқиеро дар ин самт анҷом медиҳад, ки бештар тоҷирону соҳибкорон низ ба ин умур ҷалб шаванд.

Шояд як иллати ақабмондагии бахши кишоварзӣ ин бошад, ки дар мо ҳанӯз ҳам замин хусусӣ намешавад? Яъне фурухта намешавад, чун замин моликияти истисноии давлат аст?

Бибинед, масъалаи фурӯши ҳаққи истифода аз заминро қонунгузории Тоҷикистон ҳал кардааст. Ҳаққи истифода аз замин ҷузъи ҷудонашавандае аз замин аст. Намешавад заминрову ҳаққи истифода аз онро алоҳида фурушем. Агарчи хусусисозии ошкор ё фуруши замин ҳам набошад, як муносибати дигаре дар ин замина ба вуҷуд омадааст.

Лекин агар масъала танҳо фурушу хусусӣ кардани замин бошад, пеш аз ҳама, мо бояд ба Қонуни асосӣ такя кунем, ки мегӯяд замин моликияти истисноии давлат аст ва барои оммаи мардум аст. Ман фикр мекунам, агар имрӯз фуруши заминро ба роҳ монем, масалан агар ҳаққи хариди заминро ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷӣ бидиҳем, дар ҳарду сурат оқибатҳои ногуворе хоҳад дошт. Мо ҳамагӣ 7-8 дарсад заминҳои кишоварзӣ дорем, ки метавонад дар муддати панҷ ё даҳ сол дар дасти як нафар ҷамъ шавад.

Аммо ҳамин ҳоло ҳам бархе аз заминҳоро давлат ба ширкатҳое аз Чину Ҳинд ва кишварҳои дигар додааст, ки дар онҷошо кор мекунанд, на?

На, ин тамоман хусусияти дигар дорад. Чунин гуфтан, ки мо заминро ба Чину Ҳинду дигар кишварҳо додем, дуруст нест. Ин заминҳо барои коркард аст. Ман фикр мекунам, ин заминҳо на моли Чин асту на каси дигар, балки дар асоси қарордодҳо барои вақти муъайян барои истифода дода шуда ва ҳар вақт шаҳрвандони Тоҷикистон имкони коркарди онро пайдо кунанд, метавонем бозпас бигирем.

Ҳамин имконот чиро ба ширкатҳои дохилӣ дода намешавад, ки заминҳоро гиранду кор кунанд?

Шахсан ман дар мавриди додани замин ба ширкатҳои дохилӣ ҳеч маҳдудияте намебинам. Мушкил дар он аст, ки имрӯз ширкатҳои дохилӣ дар Тоҷикистон агарчи бисёранд, вале нисбат ба замин фоидаи бештареро аз дигар бахшҳои иқтисод ба даст меоранд. Аз ин рӯ, ба ин бахш камтар таваҷҷуҳ доранд.

Бархе аз мухолифони ҳизби шумо ҳамеша интиқод мекунанд, ки ҳарчанд мегӯед барои рушди тиҷорат талош мекунем, вале дар чанд соли ахир чандин тоҷири маъруф боздошт ва амволашон мусодира шудааст. Оё ин монеъ намешавад, ки сармоягузорони дигар биёянду сармоя гузоранд?

Масъалаи боздошти тоҷирони маъруф ва додани рангубори сиёсӣ ба ин кор як раванди бисёр нав аст. Баъзан ман ҳамчун ҳуқуқшинос чунин натиҷа мегирам, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳар тоҷире, ки фикр мекунад пагоҳ ё фардо мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор мегирад, талош мекунад, ки худро аз лиҳози сиёсӣ намоиш диҳад. Ба хотири ин ки таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва мардумро ба худ ҷалб кунад.

Албатта тоҷироне буданд, ки ба сиёсат рӯ оварданд, вале боз тоҷироне ҳам буданд, ки ба сиёсат коре надоштанд, вале боз ҳам боздошт шуданд. Ба ҳар ҳол, фикр намекунед, ки боздошти зиёд ва пайиҳами тоҷирон мумкин аст дар самоягузорӣ таъсир кунад ва сармоядорони дигарро бим бидиҳад?

Имрӯз мо қонунҳои худро дар он асос таҳия ва пешкаши мардум мекунем, ки ба манфиъати умумӣ бошад. Албатта, шояд манофеъи як шахс ё як тоҷир осеб бинад, вале вақте қонун ҳаст, ин ба манфиъати умуми шаҳрвандон аст. Агар имрӯз масалан аз тасвиби қонуни нави молиёт ва қавонини дигари иқтисодӣ як-ду тоҷир ё панҷ тоҷир зарар бинад, хоҳ-нохоҳ тиҷорат аст, маблағҳои ӯст, агар зарар мебинад, маблағҳояшро бозпас мегирад ва ба дигар ҷо мебарад, ки ин ҳам боз нишонаи озод будани иқтисод аст.

Дар Тоҷикистон ҳоло ҳашт ҳизби сиёсии расмӣ дар интихобот ширкат мекунанд. Аз назари Шумо, аз миёни ин аҳзоб кадомаш бонуфузтарин рақиби ҳизби шумост?

Вақте сухан аз муносибот ё рақобати сиёсӣ меравад, мо ин ҳашт ҳизбро эътироф мекунем. Ин ҳашт ҳизб метавонанд дар равандҳои сиёсӣ таъсиргузор бошанд. Мо наметавонем бигӯем, ки барои ҲХДТ ҳамчун рақиб фалонашро эътироф мекунему дигарашро на.

Ба ҳар ҳол, фикр мекунед кадомаш метавонад бештар бо шумо рақобат кунад? Аз кадоме бештар нигаронӣ доред? Кадомаш метавонад ба манофеъ ва нуфузи шумо бештар латма занад? Ё нуфузаш дар ҷомеъа бо шумо баробарӣ кунад?

Рақобатҳо байни ҲХДТ ва дигар ҳизбҳо баъзан бисёр ҷиддӣ сурат мегирад.

Мушаххасан кадом ҳизб?

Масалан ҳизби кумунист ҳам бисёр фаъол аст, ҳизби кишоварзӣ ҳам. Инҳо корҳое анҷом медиҳанд, ки мардумро ҷалб кунанд. Ҳамон масоили кишоварзӣ, ки гуфтед, мутобиқ ба майли мардуми деҳот аст, ки мехоҳанд бахши кишоварзӣ рушд кунад. Ва бисёре ба ҳизби кишоварзӣ тамоюл доранд. Ҳизби сусиёл-демукрот ҳам бисёр мавзеъгириҳои ҷиддӣ дорад, бавижа аз лиҳози ҳуқуқӣ. Худи Раҳматилло Зоиров бисёр фаъол аст ва аз лиҳози ҳуқуқӣ мавзеъгириҳо мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ҳамин гуна аст. Ҳатто ҳизби сусиёлист, масалан Абдуҳалим Ғаффоров баъзан аз мо интиқодҳое мекунад. Ман фикр мекунам ҲХДТ сарфи назар аз ин ки кӣ чи мегуяд, бисёр таҳаммулпазир аст, эродҳои онҳоро қабул мекунад, мо таҳлил мекунем, чизе ки дар ҳамин раванд ҳаст, нодида намегирем. Аз ин нуқтаи назар, ки мо аз кадом ҳизб хатар эҳсос мекунем, бибинед, ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ барнома ва самти фаъъолияти мушаххаси худро доранд ва барои ободии ҳамин кишвар мехоҳанд кӯшиш кунанд. Аз ин рӯ, мо аз ягон ҳизб хатаре эҳсос намекунем.

Аммо, масалан, тайи як соли ахир бисёре аз нашрияҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ҳизби шумо бештар дар бораи раҳбарони ҲНИТ мақолоти интиқодӣ менависанд, таблиғоти густардае ҳам алайҳи ин ҳизб ба роҳ андохтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, шумо хеле нигарон ҳастед аз ин ҳизб, чун ин ҳизб нуфузи зиёде дорад, бо таваҷҷуҳ ба ин ки бисёре аз мардум, бавижа насли ҷавон, беш аз пеш исломгаро мешаванд?

Ростӣ, ҲХДТ аслан кӯшиш намекунад, ки таблиғу ташвиқ ва иҷрои барномаву ойиннома ва аҳдофи худро як сӯ гузошта, ба таблиғоти зиддинаҳзатӣ пардозад. Мо як самти мушаххаси фаъъолият дорем. Мо фаъъолияти ҳизбамонро аз рӯи барнома ва ойинномаи худ пеш мебарем, дигар ҳизбҳо аз рӯи барномаҳои худашон.

Яъне, кӯтоҳи сухан, шумо аз ҳизби наҳзати исломӣ нигарон нестед?

Вақте фаъъолияти ҳизб дар чорчӯбаи қонун аст, аслан ҷои нигаронӣ нест.

Чиро? Фикр мекунед ин ҳизб нуфуз дорад ё на? Ба фикри шумо, ҳизби наҳзати исломӣ чи қадар дар ҷомеъа нуфуз дорад?

Бибинед, имрӯз давлат барои ҳамаи аҳзоби сиёсӣ шароити мусоъидро фароҳам карда ва барои қавӣ шудани ҳамаи аркони демукросӣ дар ҷомеъа талош меварзад. Аз фаъъолияти як ҳизби сиёсӣ нигарон шудани як ҳизби дигар маънӣ надорад ва ман ин чизро қабул надорам. Лекин агар давлат ё ҳукумат аз эҳсоси хатар бо суиистифода аз ин ё он ҳолат ё дар ин ё он самт, чунончи Шумо гуфтед, фишор меорад ё корҳои дигаре анҷом медиҳад, ин тамоман чизи дигар аст.

Давлат ҳама вақт вазифадор аст, ки як ҳизб, фарқ надорад, ки ҲХДТ бошад ё ҳар ҳизби дигар, агар масалан аз чорчӯбаи қонун берун барояд, ё масалан аз дигар омилҳо истифода кунаду барои ҷомеъа хатар эҷод кунад, на аз лиҳози сиёсӣ, балки аз лиҳози амниятву тартиботи ҷамъиятӣ, корҳоеро анҷом бидиҳад. Инро ҳаргиз ба фаъъолияти як ҳизби дигар марбут донистан, ман фикр мекунам, дуруст нест.

Бисёре аз мунтақидони ҳизби ҳокими халқи демукрот мегӯянд, ки азбас қудрат дар дасти шумост, аз манобеъи давлатӣ ба суди худ истифода мекунед. Яъне азбас тамомии умури идориву манобеъи молию фаннӣ ва ғайра дар ихтиёри шумост, шумо имкони бештари таблиғи худро доред. Аз ҷумла, аз тариқи расонаҳои давлатӣ ва ҳар васоили дигар шумо имкон доред бештар худро таблиғ ва муъаррифӣ кунед ва ба дигарон минбар надиҳед. Назари шумо дар ин бора чист?

Бибинед, дар масъалаи истифода аз захоири маъурию дигар чизҳо, агар ба таҷрубаи давлатҳои хориҷӣ ҳам нигоҳ кунем, масалан дар Урупо, аслан ҳадафи сари ҳокимият омадани ҳар ҳизбе ҳамин аст. Яъне бештар аз манобеъу воситаҳои маъмурӣ барои расидан ба аҳдоф ва иҷрои барномаҳои худаш истифода мекунад. Вале низоми идораи давлат дар Тоҷикистон каме мутафовит аст. Имруз ҲХДТ кӯшиш мекунад, ки на аз расонаҳои давлатӣ ва на аз дигар воситаҳои маъмурӣ истифода кунад. Мо кӯшиш дорем аз инҳо истифода накунем.

Лекин дар масъалаи танқиду интиқод, ки гуфтед, ин ҳолат дар вазъияти равонии мардум таъсир мегузорад ва афроди зиёдеро ҷонибдори ҳизбе мекунад, ки дар интиқод даст дорад. Ин худ як зарбаи рӯҳӣ аст, ки иродаи сиёсии шаҳрвандонро тағйир медиҳад. Вале мо набояд нигарон бошем, ки барои чӣ. Зеро ин равишест, ки ҳизбҳои рақиби ҲХДТ бо истифода аз он интихобкунандаро ба сӯи ҷалб мекунанд.

Ва шумо ҳам талош мекунед ҷилавашро бигиред, на?

Мо ҷилави инро мегирем, агар дар ҳақиқат эрод дуруст бошаду ҳолати воқеъӣ ҷой дошта бошад. Мо кӯшиш мекунем, ки зимни фаъъолиятамон агар мабодо нохоста ё нафаҳмида ба кӯтоҳие роҳ дода бошем, дигар роҳ надиҳем. Лекин агар эрод нисбат ба ҳизби мо ҳаст, мо тамоми расонаҳоро мебинем, маркази таҳлил дорем, мебинаду таҳлил мекунад, ман шахсан чун ҳуқуқшинос баҳо медиҳам, ки мо ягон кори зиддиқонунӣ кардаем ё на. Аммо агар ҷой надорад, бигзор интиқод бошад, мо як ҳизби таҳаммулпазир ҳастем, танқидпазир ҳастем.

Нигоҳ кунед, масалан родиюҳо ва телевизиюнҳои давлатӣ муҳиммтарин васоили иттилоърасонӣ ба мардум ҳастанд. Ҳамаи мардум ба телевизиюн алоқа доранд, нашрияҳо ба ҳама намерасанд, бавижа нашриёти мустақил, ки бо тирожи кам мунташир мешаванд ва ба манотиқи рустоӣ намерасанд. Аммо ин василаҳои иттилоърасонӣ имрӯз табдил шудаанд ба василаи таблиғоти ҳизби ҳоким.

Масалан кадом?

Масалан расонаҳои давлатӣ, родиюву телевизиюнҳо фақат фаъъолиятҳои раисҷумҳурро таблиғ мекунанд, аммо як бор ҳам ба шахсиятҳои мухолиф ё мунтақид минбар намедиҳанд, ки аз тасмимоти раисҷумҳур интиқод кунанд ё лоақал назарашонро гӯянд, масалан. Танҳо дар замони интихобот ва он ҳам чанд дақиқае, ки Кумисиюни марказии интихобот барои таблиғу муъаррифии барномаҳои аҳзоб ва номзадҳо таъйин кардааст.

Дар дигар замонҳо чиро ба мунтақидон минбар намедиҳанд? Чун пуле, ки расонаҳои давлатӣ мегиранд, аз молиёте фароҳам мешавад, ки мардум мепардозанд. Пас бояд ба намояндагони ҳамаи ақшори ҷомеъа ба таври баробар барои ибрози назар дар ин ё он масоил минбар дода шавад, на? Ҳатто ба онҳое ҳам, ки аз давлат ё раисҷумҳур интиқод мекунанд, дуруст?

Имрӯз расонаҳои давлатӣ, телевизиюну родию ва нашрияҳое, ки ҳастанд, агар кору фаъъолияти раисҷумҳурро намоиш медиҳанду таблиғ мекунанд, ин як навъ воситаи ҳисоботи раисҷумҳур дар назди мардум аст. Яъне мардум бинед, аз ҳисоби андозҳо мегӯянд ё чизҳои дига, сардори давлат дар навбати худаш... Шумо оё гуфта метавонед, ки ягон ҷаласаи ҳизбиро телевизиюни давлатӣ ба намоиш гузошта ва таблиғ карда бошад, ки имрӯз ҲХДТ таҳти раҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ҷаласаро баргузор карду фалону фалон масъалаҳо дар он баррасӣ шуд? Умуман ҳамин чиз ҷой надорад.

Дарвоқеъ ҷаласаи қабл аз интихоботатон ба таври густарда дар телевизиюн пӯшиш дода шуд. Ва ҳатто аксҳои ҳамаи номзадҳои феҳристи ҳизбатон дар сойти раисҷумҳур бо зиндагиномаҳояшон мунташир шуд.

Сойти раисҷумҳур як сойти давлатӣ аст, на сойти ҳизбӣ, дуруст? Аммо воқеъан ин номзадҳо аз тариқи як сойти давлатӣ муъаррифӣ ва таблиғ шуданд. Пас, агар ин корро дар мавриди ҳизби шумо карданд, мебоист дар мавриди ҳизбҳои дигар ҳам кунанд, на?

Ин ба дигар чиз бастагӣ дорад. Вақте, масалан, раҳбари ҲХДТ анҷуманро баргузор карданду номзадҳоро пешбарӣ карданд, телевизиюнҳои давлатӣ анҷуманро дар доираи имконоте, ки дигар ҳизбҳоро нишон доданд, намоиш доданд. Вале ин ки раисҷумҳур ба унвони раҳбари ҲХДТ бо номзадҳое, ки дар анҷуман аз ҷониби вакилон дар ҳавзаи ягонаи ҷумҳурӣ пешбарӣ шуданд, мулоқот карданду хабарашро дар сойти президент монданд, ин тамоман чизи дигар аст. Яъне раҳбари ҲХДТ баъд аз анҷуман номзадҳоро қабул кард ва дар бораи пешбурди корҳои табилғотӣ тавсияҳо дод...

Номзадҳоро ба унвони раҳбари ҳизб қабул кард, оре? Ё ба унвони раисҷумҳур? Агар ба унвони раисҷумҳур бо онҳо мулоқот карда бошад, мебоист бо номзадҳои ҳамаи аҳзоби дигар ҳам мулоқот кунад, на?

На, ба ҳайси раҳбари ҲХДТ. Онҷо, рости гап, афроди дигар ҳам буданд. Лекин чизи дигар аст, имрӯз манбаъи асосии гирифтани иттилоъ аз номзадҳое, ки аз ҲХДТ пешбарӣ шуданд, шояд дуруст гуфтед, ки дар сойт ин иттилоъотро гузоштанд, лекин ҳамагӣ фақат сойти раисҷумҳур аст ҳамчун раҳбари ҳизб. Шояд фақат ҳамин бошад. Лекин аз телевизиюну родиюву дигар расонаҳои давлатӣ мо умуман истифода накардем ва ба ин чиз роҳ ҳам намедиҳем.

Бисёриҳо аз ҳизби шумо ва албатта аз раҳбари ҳизби шумо интиқод мекунанд, ки сиёсатҳояшон сиёсатҳои маҳалгароёна аст. Ва бештар қудрат ё ниҳодҳои умдаи ҳукуматиро дар дасти афроде гузоштаанд, ки ҳамшаҳриёни худашон ё наздик ба шахси ишон ҳастанд? Посухи шумо ба ин интиқодот чист?

Бибинед, маҳалгароӣ масъалаест, ки ҳама вақт дар ҷаласаҳову дар дидорҳои аҳзоби сиёсӣ бо созмонҳои байналмиалалӣ дар ин маврид эрод гирифта мешавад. Хоҳ-нохоҳ овардани ду, се ё чаҳор факту рақам асос буда наметавонад. Имрӯз, ман фикр мекунам, кадом шахсе, ки имконият дорад, метавонад ниҳодеро идора кунад, як шахси пазируфташуда аст, дар ниҳодҳои давлатӣ кору фаъъолият дорад.

На, манзури ман дигар аст. Чанд вазорат ё ниҳоди аз ҳама муҳимме, ки дар Тоҷикистон ҳаст, таҳти кунтрули афроде ҳастанд ё афроде ба ин симатҳо мансуб шудаанд, ки аз як минтақа бархостаанд. Чиро дар вазоратҳои хеле бонуфуз афрод аз минтақаҳои дигар нестанд? Фақат дар ниҳодҳои камаҳаммият намояндагони манотиқи дигар симатҳои умдаро дар даст доранд.

Агар таҷрубаи қаблиро бибинем, дар ҳамин вазоратҳое, ки дар назар доред...

Масалан, кумитаи амният, вазорати дохила, дифоъ, хориҷа, инҳо хеле муҳим ҳастанд, на? Дар ин симатҳо фақат касоне ҳастанд, ки аз минтақаи Хатлон бархостаанд, чиро?

Бибинед, аввалан ман ҳеч вақт фикр намекунам, ки аҳаммияти як ниҳоди давлатӣ аз дигараш каму беш бошад. Лекин ин ниҳодҳое, ки шумо ном бурдед, агар дар таҷрибаҳои қаблӣ бинем, дар 22 соли давлатдорӣ, ё бештар, қаблан буданд раҳбароне, ки минтақаҳои дигар буданд.

Яъне буданд, вале батадриҷ ин ниҳодҳо маҳдудтар ва маҳдудтар ба як минтақа шуданд. Мешавад ҳамин тур гуфт?

Ман фикр мекунам, шояд ин омилҳое бошанд, ки бештар хусусияти виа дошта бошанд. Бештар, раисҷумҳур бошад ё ҳар каси дигар, ҳатто бибинед, дар вазорату идораҳо, агар роҳбари вазорату идораҳо аз дигар минтақаҳо бошад, ӯ низ бештар мардуми ба худаш наздикро ҷалб мекунад, яъне аз минтақаи худаш. Ин шояд ба он бастагӣ дорад, ки фарқ надорад, дар кадом сатҳи роҳбарӣ бошад, шояд мехоҳанд шахсонеро дар онҷо ҷалб кунанд, ки...

...Ба онҳо содиқ бошанд?

Содиқ бошанд. Пеш аз ҳама.

Яъне садоқатсолорӣ инҷо муҳим аст, то шоистасолорӣ?

Албатта, дар давлатдорӣ дар баробари шоиста будан садоқат низ муҳим аст. Ба таърих нигаред, ҳама вақт шикасти давлат дар ҳолатҳое рух медиҳад, ки афроди ба гуфтаи шумо аввалу дувуму севум садоқат надоштанд, оҳиста-оҳиста хиёнат карданд. Ман фикр мекунам, дар шароити имрӯза шояд ҳамин омилҳо таъсир дошта бошанд. Лекин, рости гап, ман наметавонам таъйид кунам, ки ин чизҳо дарвоқеъ ҷой дорад ё на.

Як нуктаи бисёр ҷолиби дигар. Дар феҳристи ҳизби шумо номзадҳое, ки пешниҳод шуданд, аз 28 нафар 15 нафарашон фақат аз вилояти Хатлон ҳастанд, аммо аз ҳамаи вилоёту манотиқи дигар ҳамагӣ 13 нафар. Чиро аз ин як вилоят аз ҳамаи вилоёту манотиқи дигар дар маҷмӯъ бештар номзад пешниҳод шудааст?

Бибинед, имрӯз агар мо вилоят мегӯем, пеши назар воҳидҳои марзию маъмурме меоянд, ки мақоми баробар доранд. Лекин мо аз як чиз набояд сарфи назар кунем ва он ин ки кадом вилоят бештар ҷамъият дорад.

Дуруст аст, вилояти Хатлон ҷамъияташ зиёд аст, аммо бештар аз се вилояти дигар нест. Як каме баштар аз Суғд аст, аммо Суғду Бадахшону навоҳии тобеъи марказро агар ҷамъ кунем, шояд ду баробари Хатлон мешавад. Аммо инҷо аз Хатлон 15 нафар, вале аз ҳамаи вилояту манотиқи дигар дар маҷмӯъ 13 нафар?

Шояд ман ба ин чиз аҳаммият надодаам, лекин фикр мекунам, ҳама вақт бояд ҷамъияти вилоятҳоро ба назар гирифт. Масалан, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон вилояти мухтор аст, аммо чи қадар ҷамъият дорад? Ё вилояти Хатлон 25 шаҳру ноҳия дорад, Суғд 18 шаҳру ноҳия. Яъне дар онҷо ноҳияҳову мақеъияти ҷуғрофиёиро ҳам бояд ба назар бигирем. Шояд бино бар сабабе, ки ҷамъияташ зиёдтар асту ноҳияҳову шаҳрҳо зиёдтар асту дигар омилҳо, ба ҳамин хотир бошад.

Лекин масъала тамоман дигар аст. Ман фикр намекунам, ки дар вақти таҳияи рӯйхати ҳизбӣ ба ин чизҳо аҳаммият дода бошанд. Бештар ҲХДТ ба он шахсиятҳое такя мекунад, ки масалан қобилияти хуби ҳам таҳияи санадҳо ва ҳам таҷрубаи кофӣ дошта бошанд. Ва дигар омилҳое, ки масалан аз фаъъолияти онҳо монеъ нашавад.

Барои суҳбат сипосгузорам.

Матолиби муртабит